Чорум Подшоҳон боби 4

Мӯъҷиза бо равғане ки дар кӯзаи бевазан буд.

  1. ВА зане   аз   занони   банӣ-анбиё   фиғон   намуда,    ба Элишоъ гуфт:  «Бандаат, шавҳари ман мурд, ва ту медонӣ, ки бандаат аз Худованд метарсид; ва қарзхоҳ омадааст, ки ду бачаи маро барои худ ба ғуломӣ бигарад».
  2. Ва Элишоъ ба вай гуфт: «Барои ту чӣ кунам? Ба ман бигӯ, ки дар хонаат чӣ дорӣ?» Вай гуфт:   «Чӯрии ту дар хона, ҷуз зарфе бо равған, чизе надорад».
  3. Ва ӯ гуфт: «Рафта,   барои худ аз берун,   аз ҳамаи ҳамсояҳоят зарфҳо бипурс, зарфҳои холӣ, ки кам набошад;
  4. Ва омада, дарро аз пушти худат ва писаронат бибанд, ва дар ҳамаи ин зарфҳо бирез, ва он чи пур шавад, ба каноре бимон».
  5. Вай аз  пеши ӯ рафта,  дарро  аз пушти  худаш ва писаронаш баст; онҳо пеши вай мегузоштанд, вай мерехт.
  6. Вақте ки зарфҳо пур   шуд, вай ба писараш   гуфт: «Пеши ман боз зарфе бимон». Ва ӯ ба вай гуфт:  «Зарфе дигар нест». Ва равған бозистод.
  7. Вай омада, ба марди Худо нақл намуд. Ва  ӯ  гуфт: «Рафта, равғанро бифрӯш ва қарзҳоятро адо намо, ва аз он чи боқӣ бимонад, ту ва писаронат зиндагӣ хоҳед кард».

Зани сарватманд дар Шунем.

  1. Ва рӯзе чунин воқеъ шуд, ки Элишоъ аз Шунем гузар мекард, ва дар он ҷо зани сарватманде буд, ва аз ӯ бисьёр хоҳиш намуд,  ки  нон  бихӯрад;  ва ҳар бор, ки ӯ гузар мекард, ба он ҷо медаромад, ки нон бихӯрад.
  2. Вай ба   шавҳараш  гуфт:   «Инак,   ман медонам,  ки марде ки ҳамеша аз пеши мо гузар мекунад, валии Худост.
  3. Пас, болохонаи хурде бисозем, ва дар он ҷо барои ӯ бистар, ва миз, ва курсӣ, ва чароғе бимонем, ва ҳар гоҳ ӯ назди мо биёяд, бигзор ба он ҷо дарояд».
  4. Ва рӯзе ӯ ба он ҷо омад, ва ба он болохона даромада, дар он ҷо ёзид.
  5. Ва ба   навкараш Ҷеҳазӣ гуфт:  «Ин зани шунемиро даъват намо». Варо даъват намуд, вай пеши ӯ истод.
  6. Ва ба ӯ гуфт: «Ба вай бигӯ: «Инак, ту барои мо ин қадар ташвиш мекашӣ, пас барои ту чӣ кунам?  Оё туро ҳоҷате ҳаст, ки бо подшоҳ ва ё бо сардори лашкар  сухан ронам?»» Вай гуфт: «Андаруни қавми худ ман сокин ҳастам».
  7. Ва ӯ гуфт: «Пас, барои вай чӣ кунам?» Ва Ҷеҳазӣ гуфт: «Аммо вай писаре надорад, ва шавҳараш пир аст».
  8. Ва ӯ гуфт: «Варо даъват намо». Варо  даъват намуд, вай назди дар истод.
  9. Ва ӯ гуфт: «Баъд аз як сол, расо дар ҳамин вақт, ту писаре дар оғӯш хоҳӣ гирифт». Вай гуфт: «Не, эй оғоям, марди Худо, чӯрии худро ноумед накун».
  10. Ва он зан ҳомила шуда, баъд аз як сол, расо дар ҳамон вақт, чунон ки Элишоъ ба вай гуфта буд, писаре зоид.

Элишоъ писари зани шунемиро зинда мекунад.

  1. Ва он писар калон шуд, ва рӯзе назди падари худ, назди даравгарон рафт.
  2. Ва ба падараш гуфт: «Вой, сарам! Вой, сарам!» Ва ӯ ба навкараш гуфт: «Варо назди модараш бибар».
  3. Варо бардошта, назди  модараш  овард, ва то пешин вай болои зонуҳои ӯ нишаст, ва мурд.
  4. Ва ӯ боло баромада, варо болои бистари марди Худо гузошт, ва дарро аз пушташ баста, берун омад.
  5. Ва шавҳарашро даъват намуда, гуфт: «Лутфан, яке аз навкарон ва яке аз модахаронро назди  ман бифирист,  ва ман шитобон назди марди Худо меравам ва бармегардам».
  6. Вай гуфт: «Чаро  ту имрӯз, ки на навмоҳ аст ва на шанбе, назди ӯ меравӣ?» Гуфт: «Саломатист».
  7. Ва модахарро зин карда, ба навкараш гуфт: «Бирон ва бирав, ва то ба ту нагӯям, дар рондан таваққуф накун».
  8. Ва равона шуда, назди марди Худо, ба кӯҳи Кармил расид; ва ҳамин ки марди Худо ӯро аз дур дид, ба навка-раш Ҷеҳазӣ гуфт: «Ин ҳамон зани шунемист;
  9. Алҳол, лутфан, ба истиқболи вай давида, ба вай бигӯ: «Оё ту сиҳат саломат ҳастӣ?  Оё шавҳарат  солим аст? Оё писарат солим аст?» Вай гуфт: «Саломатист».
  10. Ва назди   марди  Худо  ба  кӯҳ  расида,   ба  поҳояш часпид. Ва Ҷеҳазӣ  наздик  омад, то ки   варо  дур  кунад, вале марди Худо гуфт: «Варо вогузор, зеро ки ҷонаш талх шудааст, ва Худованд аз ман пинҳон дошта, ба ман маълум накардааст».
  11. Вай гуфт: «Оё писаре аз оғоям пурсида будам? Ман, охир, гуфта будам: «Маро ноумед накун»».
  12. Ва ӯ ба Ҷеҳазӣ гуфт: «Камари худро бибанд, ва асои маро ба дастат гирифта, бирав; агар касеро бубинӣ, салом нагӯй, ва агар касе ба ту салом гӯяд, ҷавобаш надеҳ; ва асои маро бар рӯи кӯдак бимон».
  13. Ва модари кӯдак гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки туро тарк нахоҳам кард». Ва ӯ бархоста,  аз ақиби вай равона шуд.
  14. Ва Ҷеҳазӣ аз онҳо пештар рафта, асоро бар рӯи кӯдак гузошт, валекин на садое буд ва на таваҷҷӯҳе. Ва ба истиқболи ӯ баргашт ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Кӯдак бедор нашуд».
  15. Ва Элишоъ ба он хона омад, ва инак, кӯдаки мурда бар бистари ӯ гузошта шудааст.
  16. Ва ӯ даромада, дарро аз пушти ҳар дуяшон баст, ва сӯи Худованд дуо гуфт.
  17. Ва баромада, бар кӯдак хобид, ва даҳони худро бар даҳони вай ва чашмони худро бар чашмони вай ва кафҳои дасти худро бар кафҳои дасти вай гузошта, бар вай ёзид, ва бадани писар гарм шуд.
  18. Ва фуромада, дар хона боре ин сӯ ва боре он сӯ қадам зад, ва баромада, бар вай ёзид; ва кӯдак ҳафт карат атса зад, ва кӯдак чашмонашро воз кард.
  19. Ва ӯ Ҷеҳазиро даъват намуда, гуфт: «Ин зани шунемиро даъват намо». Варо даъват намуд, ва чун вай назди ӯ омад, ӯ гуфт:  «Писаратро бардор».
  20. Вай наздик омада, назди пойҳои ӯ афтод, ва то замин таъзим намуд, ва писарашро бардошта, берун рафт.

Элишоъ ошро барои хӯрдан мувофиқ мегардонад.

  1. Ва Элишоъ ба Ҷилҷол баргашт. Ва қаҳтӣ дар он за-мин буд; ва банӣ-анбиё ба ҳузури ӯ нишаста буданд. Ва ӯ ба навкари худ гуфт: «Деги калонро монда, оше барои банӣ-анбиё бипаз».
  2. Ва яке аз онҳо ба саҳро рафт, то ки гиёҳ чинад, ва палаки ёбоие ёфт, ва дастамбӯҳо аз он чида, домани худро пур кард, ва омада, онҳоро реза карду дар деги  ош  ан-дохт, зеро ки онҳоро нашинохтанд.
  3. Ва барои он одамон ош кашиданд, то ки бихӯранд. Ва ҳамин ки онҳо ба хӯрдан шурӯъ карданд, фарьёд кашида, гуфтанд: «Марг дар дег аст, эй марди Худо!» Ва натаво-нистанд бихӯранд.
  4. Ва ӯ гуфт: «Орд биёред». Ва ӯ онро дар дег андохта, гуфт: «Ба мардум бирез, то ки бихӯранд». Ва ҳеҷ чизи бад дар дег набуд.
  5. Ва шахсе аз Баал-Шолишо омада, барои марди Худо нони навбар: бист курс нони ҷав ва донаҳои тару тозаи ҷав дар лингчаи худ овард. Ва ӯ гуфт: «Ба мардум бидеҳ, то ки бихӯранд».
  6. Ва навкараш гуфт: «Ин чӣ қадар аст, ки пеши сад кас бигузорам?» Ва ӯ гуфт: «Ба мардум бидеҳ, то ки бихӯранд, зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Хоҳанд хӯрд, ва аз онҳо зиёдатӣ хоҳад монд»».
  7. Ва пеши онҳо гузошт, ва онҳо хӯрданд, ва бар тиб-қи каломи Худованд аз онҳо зиёдатӣ монд.

© IBT 1992