Чорум Подшоҳон боби 3

Подшоҳии Йӯром бар Исроил.

  1. ВА Йӯром ибни Аҳъоб дар соли ҳаждаҳуми Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва дувоздаҳ сол подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар назари  Худованд   бад   буд,   ба  амал овард,  лекин на  мисли  падараш  ва  модараш; ва сутуни Баалро, ки падараш сохта буд, дур кард.
  3. Аммо ба гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, часпида, аз онҳо дур нашуд.
  4. Ва Мешаъ,   подшоҳи  Мӯоб,   чорводор  буд,  ва   ба подшоҳи Исроил сад ҳазор меш ва сад ҳазор қӯчқор бо пашми он мефиристод.
  5. Ва ҳангоме ки Аҳъоб мурд, подшоҳи Мӯоб ба муқобили подшоҳи Исроил исьён бардошт.
  6. Ва подшоҳ Йӯром дар он рӯз аз Сомария берун омад, ва тамоми Исроилро аз назар гузаронид.
  7. Ва рафта, ба Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, фиристод ва гуфт: «Подшоҳи Мӯоб ба муқобили ман исьён бардоштааст; оё ту бо ман ба ҷанги зидди  Мӯоб меравӣ?»   Вай гуфт: «Меравам; ман мисли ту ҳастам, қавми ман мисли қавми ту, аспони ман мисли аспони ту».
  8. Ва ӯ гуфт: «Бо кадом роҳ меравем?» Вай гуфт: «Бо роҳи биёбони Адӯм».
  9. Ва подшоҳи Исроил ва подшоҳи Яҳудо ва подшоҳи Адӯм равона шуда, роҳи ҳафтрӯзаро давр заданд, ва барои қӯшун ва чорпоёне ки ҳамроҳи онҳо буданд, об набуд.

Элишоъ иттифоқи Йӯром ва Еҳӯшофотро мазаммат менамояд.

  1. Ва подшоҳи   Исроил   гуфт:   «Оҳ,   Худованд ин  се подшоҳро даъват намудааст,  то ки онҳоро ба дасти  Мӯоб бисупорад».
  2. Ва Еҳӯшофот гуфт: «Оё набии Худованд дар ин ҷо нест, то ки ба воситаи вай аз Худованд бипурсем?» Ва яке аз навкарони подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Элишоъ ибни Шофот, ки ба дасти Ильёс об мерехт, ин ҷост».
  3. Ва Еҳӯшофот  гуфт: «Каломи  Худованд   бо ӯст». Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот ва подшоҳи Адӯм назди вай фурӯд омаданд.
  4. Ва Элишоъ ба подшоҳи Исроил гуфт: «Маро бо ту чӣ кор аст? Назди анбиёи падарат ва анбиёи модарат бирав». Ва подшоҳи Исроил ба вай гуфт: «Не, зеро ки Худованд ин се подшоҳро даъват намудааст, то ки онҳоро ба дасти Мӯоб бисупорад».
  5. Ва Элишоъ гуфт: «Ба ҳаёти Худованди лашкарҳо, ки ба ҳузураш истодаам,  касам мехӯрам,   ки  агар  ман  поси хотири Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудоро намедоштам, ба тарафи ту нигоҳ намекардам ва туро намедидам.
  6. Ва алҳол мутрибе барои ман биёред». Ва ҳамин ки мутриб ба навохтан сар кард, дасти Худованд бар вай омад.

Элишоъ ғалабаро пешгӯӣ мекунад.

  1. Ва гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Ин водиро пур аз хандақҳо бисоз».
  2. Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Боде нахоҳед дид ва бороне нахоҳед дид, вале ин водӣ аз об пур хоҳад шуд, ва шумо ва рамаҳои шумо ва чорпоёни шумо хоҳед нӯшид».
  3. Вале ин дар назари Худованд кам аст, ва Ӯ Мӯобро низ ба дасти шумо хоҳад супурд.
  4. Ва шумо ҳар шаҳри ҳисордор ва ҳар шаҳри гузинро зарба хоҳед зад, ва ҳар дарахти хубро хоҳед бурид, ва ҳар чашмаи обро хоҳед баст, ва ҳар қитъаи хубро бо сангҳо табоҳ хоҳед кард».
  5. Ва бомдодон, ҳангоми тақдим кардани ҳадияи ордӣ, чунин воқеъ шуд, ки об аз роҳи Адӯм омад, ва замин аз об пур шуд.
  6. Ва тамоми аҳли Мӯоб шуниданд, ки подшоҳон барои ҷангидан ба муқобили онҳо баромадаанд; ва ҳар касе ки метавонист шамшер ба камар бибандад, аз ҷавон то пир, ҷамъ омада, дар сарҳад истоданд.
  7. Ва субҳидам. бархостанд, дар сурате ки офтоб бар об нурафшон буд, ва аҳли Мӯоб он обро аз дур мисли хун сурх диданд
  8. Ва гуфтанд: «Ин хун аст; подшоҳон, зоҳиран, муҳориба намуда, якдигарро  куштаанд;   ва  алҳол,   эй  аҳли Мӯоб, барои гирифтани ғанимат шитоб кунед!»
  9. Ва онҳо ба ӯрдугоҳи Исроил омаданд; ва исроилиён бархоста, мӯобиёнро зарба заданд, ба тавре ки онҳо аз пе-шашон  гурехтанд,  вале  инҳо  паи  ҳам   ба мӯобиён зарба мерасониданд.
  10. Ва шаҳрҳоро хароб карданд, ва ба ҳар қитъаи хуб ҳар кас санги худро партофта, онро пур карданд, ва ҳар чашмаи обро бастанд, ва ҳар дарахти хубро буриданд, ба тавре ки фақат ҳисори сангини Қир-Ҳаросет боқӣ монд; ва фалохун-андозон онро иҳота намуда, хароб карданд.
  11. Ва подшоҳи Мӯоб дид, ки ҷанг ба ӯ сахтӣ мекунад, ва ӯ ҳафтсад шамшерзанро гирифт, то ки ба тарафи под-шоҳи Адӯм зада дарояд, валекин натавонистанд.
  12. Ва ӯ писари нахустзодаи худро, ки мебоист ба ҷояш подшоҳ мешуд,   гирифта,   бар    хисор   ҳамчун   қурбонии сӯхтанӣ такдим кард; ва ғазаби азиме ба муқобили исроилиён ба амал  омад, ва онҳо аз ӯ ақиб нишаста, ба замини худ баргаштанд.

© IBT 1992

Реклама