Чорум Подшоҳон боби 24

Еҳӯёқим ба Набукаднесар хироҷ медиҳад.

  1. ДАР айёми ӯ Набукаднесар, подшоҳи Бобил, лашкар кашид, ва Еҳӯёқим се сол бандаи вай буд, вале   баргашта, ба муқобили  вай  шӯриш бардошт.
  2. Ва Худованд  фавҷҳои   калдониён,  ва  фавҷҳои   арамиён, ва фавҷҳои мӯобиён, ва фавҷҳои банӣ-Аммӯнро бар ӯ фиристод, ва онҳоро бар Яҳудо фиристод, то ки онро нобуд кунад, бар ҳасби каломи  Худованд,   ки ба воситаи   бандагонаш анбиё ба забон ронда буд.
  3. Аммо ин бар ҳасби амри Худованд   ба   сари Яҳудо омад, то ки онро аз ҳузури худ дур  андозад,  ба  сабаби гуноҳҳои Менашше, мувофиқи ҳар он чи ӯ ба амал оварда буд;
  4. Ва низ аз боиси хуни бегуноҳон, ки ӯ рехта,  Ерусалимро аз хуни бегуноҳон пур карда буд; ва Худованд нахост, ки ӯро биомурзад.
  5. Ва бақияи аъмоли Еҳӯёқим, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

Фавти Еҳӯёқим ва подшоҳии Еҳуёкин.

  1. Ва Еҳӯёқим бо падарони худ хобид, ва писараш Еҳӯ-ёкин ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Ва подшоҳи Миср дигар аз замини худ набаромад, зеро ки подшоҳи Бобил аз наҳри Миср то наҳри Фурот ҳар чиро, ки ба подшоҳи Миср тааллуқ дошт, гирифта буд.
  3. Дар вақти   подшоҳ   шуданаш   Еҳӯёкин   ҳаждаҳсола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард, ва номи мода-раш Наҳушто бинти Элнотон, аз Ерусалим, буд.
  4. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падараш ба амал оварда буд.
  5. Дар он замон навкарони Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Ерусалим наздик омаданд, ва шаҳр муҳосира карда шуд.

Асорати аввалини Бобил.

  1. Ва Набукаднесар, подшоҳи   Бобил,   ба   шаҳр   омад, дар сурате ки навкаронаш онро муҳосира карда буданд.
  2. Ва Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудо, назди  подшоҳи Бобил берун омад: худаш ва модараш ва навкаронаш ва миронаш ва хоҷасароёнаш; ва подшоҳи Бобил, дар соли ҳаштуми под-шоҳии худ, ӯро гирифт.
  3. Ва тамоми хазоини хонаи Худованд ва хазоини хонаи подшоҳро аз он ҷо берун овард; ва тамоми колои тиллоеро, ки Сулаймон,   подшоҳи   Исроил,   барои   қасри   Худованд сохта буд, пора-пора кард, чунон ки Худованд гуфта буд.
  4. Ва тамоми аҳли Ерусалим, ва ҳамаи мирон, ва ҳамаи мардони ҷангиро ба асирӣ гирифта  бурд, — асиршудагон даҳ ҳазор нафар буданд, — ва ҳамаи ҳунармандон ва оҳанга-ронро низ; ғайр аз камбағалони қавми мамлакат касе боқӣ намонд.
  5. Ва Еҳӯёкинро асир карда, ба Бобил бурд; ва модари подшоҳ, ва занони подшоҳ, ва хоҷасароёнаш, ва ҳамаи бузур-гони  мамлакатро ба асирӣ гирифта, аз Ерусалим ба Бобил бурд.
  6. Ва ҳамаи  мардони  ҷангиро  ба миқдори ҳафт ҳазор нафар, ва ҳунармандон ва оҳангаронро ба миқдори ҳазор на-фар, ки ҳамаашон баҳодурони ҷангозмуда буданд, подшоҳи Бобил асир карда, ба Бобил овард.

Подшоҳии Сидқиёҳу.

  1. Ва подшоҳи Бобил амаки ӯ Маттаньёро ба ҷои ӯ под-шоҳ кард, ва номи варо ба Сидқиёҳу мубаддал намуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш Сидқиёҳу бисту яксола буд, ва ӯ ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ҳамутал бинти Ирмиёҳу,  аз Либно, буд.
  3. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи Еҳӯёқим ба амал оварда буд.
  4. Зеро он чи дар Ерусалим ва Яҳудо воқеъ шуд, ба сабаби ғазаби Худованд буд, то ба дараҷае ки Ӯ онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт. Ва Сидқиёҳу ба муқобили подшоҳи Бобил шӯриш бардошт.

© IBT 1992

Реклама