Чорум Подшоҳон боби 23

Китоби аҳд ба қавм эълон карда шуд.

  1. ВА подшоҳ фиристод, ва ҳамаи пирони Яҳудо ва Ерусалимро назди ӯ ҷамъ карданд.
  2. Ва подшоҳ ба хонаи Худованд омад, ва тамоми мардуми Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим бо ӯ буданд, — коҳинон  ва  анбиё, ва тамоми қавм аз хурд то калон; ва ӯ ҳамаи суханони китоби аҳдро, ки дар хонаи Худованд ёфт шуд, дар гӯши онҳо хонд.
  3. Ва подшоҳ бар минбар   истод, ва ба ҳузури  Худованд аҳд баст, ки Худовандро пайравӣ намоянд, ва аҳком ва шаҳодот ва фароизи Ӯро бо тамоми дилу ҷон риоя кунанд, ва суханони ин аҳдро, ки дар ин китоб навшита шудааст,  ба ҷо оваранд; ва тамоми қавм ин аҳдро ба зиммаи худ гирифтанд.

Ислоҳоти подшоҳ Йӯшиёҳу.

  1. Ва подшоҳ ба Ҳилқиёи саркоҳин ва коҳинони муовин ва остонабонон амр фармуд, ки тамоми ашьёи барои Баал ва Ашера ва тамоми лашкари осмон сохташударо аз қасри Худо-ванд берун оваранд; ва ӯ онҳоро дар беруни Ерусалим, дар киштзори Қидрӯн сӯзонид, ва хокистарашонро ба Байт-Ил бурд.
  2. Ва коҳинони бутҳоро, ки подшоҳони Яҳудо таъин карда буданд, то   ки  бар   баландиҳои шаҳрҳои  Яҳудо ва гирду атрофи Ерусалим бухур сӯзонанд, ва онҳоеро, ки барои Баал ва офтоб ва моҳ ва ситораҳо ва тамоми лашкари осмон бухур месӯзониданд, маъзул намуд.
  3. Ва Ашераро аз хонаи Худованд бароварда, берун аз Ерусалим ба ҷониби наҳри Қидрӯн бурд, ва онро назди наҳри Қидрӯн  сӯзонид ва кӯфта, гард-гард кард; ва гарди онро дар қабристони мардуми оддӣ пошид.
  4. Ва хонаҳои ливотагаронро, ки назди хонаи Худованд буд, ва дар он ҷо занон чодирҳо барои Ашера мебофтанд, хароб кард.
  5. Ва ҳамаи коҳинонро аз шаҳрҳои Яҳудо овард, ва ба-ландиҳоро, ки коҳинон дар он ҷо бухур месӯзониданд, — аз Ҷобаъ то Беэр-Шобаъ, — палид гардонид; ва баландиҳои назди дарвозаҳоро, — онро, ки дар даҳани дарвозаи Еҳу-шаъ, раиси шаҳр буд, ва онро, ки ба тарафи чапи шахси ба дарвозаи шаҳр дохилшаванда буд, — хароб кард.
  6. Аммо коҳинони баландиҳо ба қурбонгоҳи Худованд дар Ерусалим роҳ дода намешуданд, гарчанде ки дар миёни бародарони худ фатир мехӯрданд.
  7. Ва ӯ Тӯфетро, ки дар дараи Бен-Ҳиннӯм буд, палид гардонид, то ки касе писар ё духтари худро аз оташи Мӯ-лик нагузаронад.
  8. Ва аспҳоеро, ки подшоҳони Яҳудо барои парастиши офтоб  дода  буданд, аз  даромадгоҳи хонаи  Худованд дур карда, ба ҳавлии Натан-Малики хоҷасаро, ки дар атрофи шаҳр буд, гузаронид, ва аробаҳои офтобро дар оташ сузонид.
  9. Ва қурбонгоҳҳоеро, ки бар боми болохонаи Оҳоз буд, ва подшоҳони Яҳудо онҳоро сохта буданд, ва қурбонгоҳҳое-ро, ки Менашше дар ду саҳни хонаи Худованд сохта буд, подшоҳ хароб кард, ва аз он ҷо сарнагун намуда, гарди онҳоро ба наҳри Қидрӯн андохт.
  10. Ва баландиҳоро, ки дар рӯ ба рӯи Ерусалим, ба та-рафи рости кӯҳи Фасод буд, ва онҳоро Сулаймон, подшоҳи Исроил, барои Аштора, бути зишти  сидӯниён,   ва  барои Камуш, бути зишти Мӯоб, ва барои Милкӯм, бути қабеҳи банӣ-Аммӯн бино карда буд, подшоҳ палид гардонид.
  11. Ва ҳайкалҳоро шикаст, ва Ашераҳоро бурид, ва ҷои онҳоро аз устухонҳои одамизод пур кард.
  12. Ва низ қурбонгоҳе ки дар Байт-Ил буд, ва баландие ки Ёробъом ибни Набот сохта, Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, — ҳам он қурбонгоҳ ва ҳам он  баландиро хароб кард, ва баландиро сӯзонид, кӯфта гард-гард гардо-нид, ва Ашераро сӯзонид.
  13. Ва Йӯшиёҳу рӯй гардонида, қабрҳоеро, ки он ҷо дар кӯҳ буд,   дид,  ва  фиристода,  устухонҳоро   аз   он қабрҳо гирифт, ва бар қурбонгоҳ сӯзонида, онро палид гардонид, бар  тибқи  қаломи Худованд, ки он марди Худо,  ки ин воқеаҳоро пешгӯӣ карда буд, онро ба забон ронд.
  14. Ва ӯ гуфт: «Чист ин ҳайкали ёдгорӣ, ки ман мебинам?» Ва мардуми шаҳр ба ӯ гуфтанд: «Ин қабри марди Худост, ки вай аз Яҳудо омада,  ин корҳоеро, ки ту бар қурбонгоҳи Байт-Ил кардаӣ, эълон намуда буд».
  15. Ва ӯ гуфт:   «Варо ба ҳоли  худ  вогузоред,  ва  касе устухонҳои варо аз ҷояш наҷунбонад». Ва устухонҳои вай бо устухонҳои набие ки аз Сомария омада буд, раҳо шуд.
  16. Ва низ ҳамаи ибодатхонаҳои  баландиҳоеро,  ки   дар шаҳрҳои Сомария буд, ва онҳоро подшоҳони Исроил барпо намуда, Худовандро ба хашм оварда буданд, Йӯшиёҳу барҳам дод, ва бо онҳо мисли тамоми аъмоле ки дар Байт-Ил карда буд, амал намуд.
  17. Ва ҳамаи коҳинони баландиҳоро, ки дар он ҷо буданд, бар қурбонгоҳҳо кушт, ва устухонҳои одамизодро бар онҳо сӯзонид; ва ба Ерусалим баргашт.

Подшоҳ амр мефармояд, ки иди фисҳро ба ҷо оваранд.

  1. Ва подшоҳ ба тамоми қавм амр фармуда, гуфт: «Иди фисҳро барои Худованд Худои худ ба ҷо оваред, чунон ки дар ин китоби аҳд навишта шудааст».
  2. Зеро ки мисли ин иди фисҳ аз айёми довароне ки бар Исроил доварӣ карда буданд, ва дар тамоми айёми подшо-ҳони Исроил ва подшоҳони Яҳудо ба ҷо оварда нашудааст;
  3. Фақат дар соли ҳаждаҳуми подшоҳ Йӯшиёҳу ин иди фисҳ барои Худованд дар Ерусалим ба ҷо оварда шуд.
  4. Ва низ ҷодугарон ва азоимхонон ва бутҳо ва ҳамаи чизҳои зиштро, ки дар замини Яҳудо ва дар Ерусалим пайдо шуда буданд, Йӯшиёҳу сузонид, то ки суханони Тавротро, ки дар китоб навишта шуда буд, ва онро Ҳилқиёи коҳин дар хонаи Худованд ёфта буд, ба амал оварад.
  5. Ва монанди ӯ пеш аз ӯ подшоҳе набуд, ки бо тамоми дилаш ва бо   тамоми   ҷонаш ва бо тамоми  қувваташ, бар тибқи  тамоми  Тавроти   Мусо,   ба  Худованд  руҷӯъ  карда бошад; ва баъд аз ӯ монанди ӯ ба майдон наомадааст.
  6. Аммо Худованд аз шиддати ғазаби бузурги Худ, ки ин ғазабаш бар Яҳудо аланга гирифта буд, ба сабаби ҳамаи бадкирдориҳои Менашше, ки бо онҳо Ӯро ба хашм оварда буд, даст накашид.
  7. Ва Худованд гуфт: «Яҳудоро низ аз ҳузури Худ дур хоҳам кард, чунон ки Исроилро дур кардаам; ва ин шаҳрро, ки баргузидаам, яъне Ерусалимро бо хонае ки дар бораи он гуфтаам: «Исми Ман дар он ҷо хоҳад буд», тарк хоҳам намуд».

Фавти Йӯшиёҳу.

  1. Ва бақияи аъмоли Йӯшиёҳу, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  2. Дар айёми ӯ фиръавн Накӯҳ,  подшоҳи Миср,  сӯи подшоҳи  Ашшур,   ба  наҳри  Фурот  баромад.   Ва подшоҳ Йӯшиёҳу ба истиқболи вай рафт,  вале вай,   вақте ки ӯро дид, ӯро дар Маҷиддӯ кушт.
  3. Ва навкаронаш  мурдаи  ӯро  дар   ароба  ниҳода,  аз Маҷиддӯ  ба  Ерусалим  оварданд,  ва  ӯро  дар  мақбарааш дафн карданд. Ва қавми мамлакат Еҳӯоҳоз ибни Йӯшиёҳуро гирифтанд, ва ӯро тадҳин намуда,  ба ҷои падараш подшоҳ карданд.

Подшоҳии Еҳӯоҳоз.

  1. Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯоҳоз бисту сесола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Ҳамутал бинти Ирмиёҳу, аз Либно, буд.
  2. Ва ӯ он чи дар назари Худованд бад буд, ба  амал овард, мисли ҳар он чи падаронаш ба амал оварда буданд.
  3. Ва ӯро фиръавн Накӯҳ дар Рибло, дар замини Ҳамот, бандӣ сохт, то ки дар Ерусалим подшоҳӣ накунад; ва бар мамлакат сад  киккар нуқра ва як  киккар  тилло  ҷарима андохт
  4. Ва фиръавн Накӯҳ Эльёқим ибни Йӯшиёҳуро ба ҷои падараш Йӯшиёҳу подшоҳ   карда, номи   ӯро   ба  Еҳӯёқим мубаддал намуд; ва Еҳӯоҳозро гирифт, ва ӯ ба Миср ома-да, дар он ҷо мурд.
  5. Ва нуқра ва тиллоро Еҳӯёқим ба фиръавн медод; аммо ба замин баҳо монд, то ки нуқраро бар тибқи фармони фир-ъави бидиҳад;   аз қавми мамлакат, аз ҳар   кас мувофиқи баҳояш, нуқра ва тиллоро ҳамчун хироҷ меситонид, то ки ба фиръавн Накӯҳ бидиҳад.
  6. Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёқим бисту панҷсола буд, ва ӯ ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи мо-дараш Забуддо бинти Фадоё, аз Румо, буд.
  7. Ва он чи дар   назари   Худованд   бад   буд,   ба амал овард, мисли ҳар он чи падаронаш ба амал оварда буданд.

© IBT 1992

Реклама