Чорум Подшоҳон боби 22

Подшоҳии Йӯшиёҳу.

  1. ДАР вақти подшоҳ шуданаш Йӯшиёҳу ҳаштсола буд, ва ӯ сию як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Едидо бинти Адоё, аз Босқат, буд.
  2. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард; ва бо тамоми роҳи падараш  Довуд равона шуд,  ва ба тарафи рост ё чап майл накард.

Таъмири маъбад.

  1. Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳ Йӯшиёҳу чунин воқеъ шуд, ки подшоҳ Шофон ибни Асальёҳу  ибни  Машулломи котибро ба хонаи Худованд фиристода, гуфт:
  2. «Назди Ҳилқиёи саркоҳин бирав, ва ӯ нуқраеро, ки ба хонаи Худованд оварда шудааст, ва остонабонон онро аз қавм ҷамъ кардаанд, бишуморад,
  3. Ва онро ба дасти саркороне ки бар хонаи Худованд таъин карда шудаанд, бисупорад, то ки онҳо онро ба коргароне ки   дар   хонаи Худованд   барои таъмири рахнаҳои хона кор мекунанд, бидиҳанд,
  4. Яъне ба дуредгарон ва бинокорон  ва  гилкорон;   ва барои харидани чӯбу тахта ва сангҳои тарошидашуда аз баҳри таъмири хона».
  5. Аммо аз нуқрае ки ба дасташон супурда   мешуд,   аз онҳо ҳисобот талаб намекарданд, зеро ки онҳо аз рӯи виҷдон амал мекарданд.

Ёфт шудани китоби Тавроти Мусо.

  1. Ва Ҳилқиёи саркоҳин ба Шофони котиб гуфт: «Китоби Тавротро дар хонаи Худованд  ёфтаам». Ва Ҳилқиё он ки-тобро ба Шофон дод, ва ӯ онро хонд.
  2. Ва Шофони котиб назди подшоҳ омад, ва ба подшоҳ ҷавоб оварда,  гуфт:   «Бандагонат   нуқраеро,   ки  дар  хона буд, дар шумор   оварданд, ва онро ба дасти  саркороне ки бар хонаи Худованд таъин шудаанд, супурданд».
  3. Ва Шофони котиб ба подшоҳ хабар дода, гуфт: «Ҳил-қиёи коҳин китобе ба ман дод». Ва Шофон онро пеши под-шоҳ хонд.
  4. Ва ҳангоме ки подшоҳ суханони китоби Тавротро шу-нид, либоси худро чок зад.
  5. Ва подшоҳ ба Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ибни Шофон ва Акбӯр ибни Михоё ва Шофони котиб ва Асоёи навкари подшоҳ амр фармуда, гуфт:
  6. «Биравед ва аз Худованд барои ман ва барои қавм ва барои тамоми Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда илтиҷо намоед, зеро ғазаби Худованд,  ки  бар  мо  аланга гирифтааст, бузург аст, аз барои он ки падарони мо ба су-ханони ин китоб гӯш надодаанд, то ки мувофиқи ҳар он чи дар бораи мо навишта шудааст, амал намоянд».
  7. Ва Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ва Акбӯр ва Шофон ва Асоё назди Ҳулдои  набия,  зани Шаллум   ибни Тиқво ибни Ҳарҳаси муҳофизи либосҳо, ки ӯ дар Ерусалим, дар маҳаллаи дуюми он сукунат дошт, рафтанд, ва бо ӯ гуфтугӯ карданд.

Суханони Ҳулдои набия.

  1. Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил  чунин мегӯяд: «Ба касе ки шуморо назди ман фиристодааст, бигӯед:
  2. Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар ин макон ва бар сокинонаш хоҳам овард, — ҳамаи суханони ки-тоберо, ки подшоҳи Яҳудо хондааст;
  3. Азбаски онҳо Маро тарк   карда,   ба   худоёни дигар бухур сӯзониданд, то ки Маро бо тамоми амали дастҳои худ ба хашм оваранд, ғазаби Ман бар ин  макон аланга гирифта-аст ва хомӯш нахоҳад шуд.
  4. Вале ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо фиристодааст, то ки аз Худованд илтиҷо намоед, чунин гӯед: Худованд Худои Исроил дар бораи суханоне ки шунидаӣ, чунин мегӯяд:
  5. Азбаски дили ту нарм шудааст, ва дар вақти шунида-ни суханони Ман дар бораи ин макон ва сокинонаш, яъне дар бораи  он ки онҳо   мавриди  харобӣ ва лаънат хоҳанд шуд, ту ба ҳузури Худованд гардан фуровардаӣ ва либоси худро чок зада, ба ҳузури Ман гирья кардаӣ, бинобар ин Ман низ туро иҷобат намудам, мегӯяд Худованд.
  6. Аз ин рӯ, инак, Ман туро ба падаронат ҳамроҳ хоҳам кард, ва ту дар мақбараи худ ба саломатӣ гузошта хоҳӣ шуд, ва тамоми он мусибатро, ки Ман бар ин макон меоварам, чашмони ту нахоҳад дид»». Ва ҷавобро ба подшоҳ расониданд.

© IBT 1992

Реклама