Чорум Подшоҳон боби 20

Беморӣ ва шифои Ҳизқиё.

  1. ДАР он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ,   Ишаъё   ибни   Омӯс,   назди   ӯ   омада,  ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт»».
  2. Ва ӯ рӯи худро ба девор гардонид, ва сӯи  Худованд дуо хонда, гуфт:
  3. «Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд,   ба  амал   овардаам».   Ва Ҳизқиё зор-зор гирист.
  4. Ва чунин воқеъ шуд, ки Ишаъё ҳануз ба саҳни миёна набаромада буд, ки каломи Худованд бар ӯ  нузул карда, гуфт:
  5. «Баргард ва ба Ҳизқиё, ки раиси қавми Ман аст, бигӯй: «Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман туро шифо хоҳам дод: баъд аз се рӯз ту ба хонаи Худованд дохил хоҳӣ шуд.
  6. Ва Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям, ва туро, ва ин шаҳрро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳам намуд, ва ин шаҳрро ба хотири Худам ва ба хотири бандаам Довуд ҳимоят хоҳам кард»».
  7. Ва Ишаъё гуфт: «Қурсе аз анҷирқоқ бигиред». Ва ги-рифта, бар думбал гузоштанд, ва ӯ зинда монд.
  8. Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Чист аломати он ки Ху-дованд маро шифо хоҳад дод, ва ман баъд аз се рӯз ба хонаи Худованд дохил хоҳам шуд?»
  9. Ва Ишаъё гуфт: «Аломат аз ҷониби Худованд дар бо-раи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст: оё соя даҳ зина пеш равад, ё даҳ зина қафо гардад?»
  10. Ва Ҳизқиё гуфт: «Даҳ зина пеш рафтани соя осон аст; не, бигзор соя даҳ зина қафо гардад».
  11. Ва Ишаъёи набӣ сӯи Худованд хонд, ва сояи зинаҳоро, ки бар зинаҳои Оҳоз фуромада буд, даҳ зина қафо гардонид.
  12. Дар он замон Берӯдак ибни Балъадон, подшоҳи Бо-бил, ба Ҳизқиё нома ва ҳадия фиристод, зеро шунида буд, ки Ҳизқиё бемор шудааст.
  13. Ва Ҳизқиё  онҳоро  шунид,   ва тамоми   хазинахонаи худро:   нуқра ва тилло, ва атриёт,   ва   равғани   аъло,   ва тамоми қӯрхонаи худ, ва ҳар чиро, ки дар хазоини ӯ ёфт мешуд, ба онҳо нишон дод; чизе набуд, ки Ҳизқиё дар хо-наи худ ва дар тамоми қаламрави худ ба онҳо нишон на-дода бошад.
  14. Ва Ишаъёи набӣ назди подшоҳ Ҳизқиё омад, ва ба ӯ гуфт: «Ин одамон чӣ гуфтанд? Ва аз куҷо назди ту ома-даанд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Аз кишвари дур, аз Бобил ома-даанд».
  15. Ӯ гуфт: «Дар хонаи ту чӣ диданд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Ҳар он чи дар хонаи ман ҳаст, диданд; чизе дар хазоини ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».
  16. Ва Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Худовандро биш-нав:
  17. «Инак, рӯзҳо меояд, ҳар он чи дар хонаи туст, ва он чи падаронат то имрӯз андӯхтаанд, ба Бобил бурда хоҳад шуд; чизе боқӣ наҳохад монд, — мегӯяд Худованд, —
  18. Ва аз писаронат, ки аз ту ба вуҷуд оянд, ва ту он-ҳоро ба дуньё оварӣ, хоҳанд гирифт, ва онҳо дар қасри под-шоҳи Бобил хоҷасаро хоҳанд шуд»».
  19. Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад».

Фавти Ҳизқиё.

  1. Ва бақияи аъмоли Ҳизқиё, ва тамоми  корнамоии ӯ, ва ҳавз ва корез канданаш, ва обро ба шаҳр оварданаш дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  2. Ва Ҳизқиё бо падарони худ хобид; ва писараш Менашше ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама