Чорум Подшоҳон боби 19

Ҳизқиё ба Ишаъё муроҷиат мекунад.

  1. ВА чун подшоҳ Ҳизқиё инро шунид, либосашро чок зад, ва палос пӯшида, ба хонаи Худованд омад.
  2. Ва Эльёқимро, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва пирони коҳинонро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.
  3. Ва онҳо   ба   ӯ  гуфтанд:    «Ҳизқиё   чунин   мегӯяд: «Имрӯз рӯзи мусибат ва ҷазо ва нанг аст, зеро ки кӯдакон то даҳани бачадон расидаанд, вале қуввати зоидан нест.
  4. Кошки Худованд Худои ту ҳамаи суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур барои таҳқир  кардани Худои Ҳай фиристодааст, мешунид, ва ӯро барои суханоне ки Ху-дованд Худои ту шунидааст, ҷазо медод!  Пас,  барои ба-қияе ки ҳанӯз вуҷуд доранд, истиғоса намо»».
  5. Ва бандагони подшоҳ Ҳизқиё назди Ишаъё омаданд.
  6. Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба оғои худ чунин гӯед: «Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки бо онҳо навкарони подшоҳи Ашшур Маро ҳақорат додаанд, на-тарс.
  7. Инак, Ман бар ӯ рӯҳе мефиристам, ва ӯ хабаре шу-нида, ба замини худ хоҳад баргашт; ва Ман ӯро дар замини худаш бо шамшер фурӯ хоҳам ғалтонид»».

Санҳериб дар ҳаққи Худои Исроил густохона сухан меронад.

  1. Ва Рабшоқе баргашта, подшоҳи Ашшурро дар ҳолате ёфт, ки бо Либно ҷанг мекард, зеро шунида буд, ки вай аз Локиш ақиб рафтааст.
  2. Ва дар бораи Тирҳоқо, подшоҳи Куш, шунида буд, ки мегуфтанд: «Инак, вай берун омадааст, то ки бо ту ҷанг кунад». Ва бори дигар қосидонро назди Ҳизқиё фиристода, гуфт:
  3. «Ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, чунин гӯед: «Бигзор Худои ту туро фирефта нанамояд, ки ту ба Ӯ таваккал карда, мегӯӣ: Ерусалим ба дасти подшоҳи Ашшур супурда нахоҳад шуд.
  4. Инак, ту шунидаӣ, ки подшоҳони Ашшур бо ҳамаи заминҳо чӣ кардаанд ва чӣ гуна онҳоро торумор намудаанд, — пас, ту оё раҳо хоҳӣ шуд?
  5. Оё худоёни халқҳое ки падаронам барҳам додаанд, чунончи: Ҷӯзон ва Ҳорон ва Росаф ва банӣ-Адан, ки дар Талассор буданд, онҳоро раҳо карданд?
  6. Куҷост подшоҳи Ҳамот ва подшоҳи Арфод ва подшоҳи шаҳри Сафарвоим, Ҳенаъ ва Ивво?»»

Дуои Ҳизқиё.

  1. Ва Ҳизқиё мактубҳоро  аз  дасти   қосидон   гирифта, хонд; ва Ҳизқиё ба хонаи Худованд рафта, онҳоро ба ҳузури Худованд паҳн кард.
  2. Ва Ҳизқиё ба ҳузури Худованд дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки ба танҳоӣ Худои ҳамаи мамлакатҳои замин ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.
  3. Эй Худованд, гӯши Худро хам карда, бишнав; эй Худованд, чашмони Худро кушода, бубин; ва суханони Сан-ҳерибро бишнав, ки вай барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст.
  4. Эй Худованд, дар ҳақиқат подшоҳони Ашшур халқҳоро бо заминҳои онҳо хароб кардаанд,
  5. Ва худоёни онҳоро дар оташ андохтаанд, зеро ки онҳо худо не, балки маснӯи дасти одамизод, чӯб ва санг буд, бинобар ин онҳоро нест карданд.
  6. Ва алҳол, эй Худованд Худои мо, лутфан, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту, эй Худованд, ба танҳоӣ Худо ҳастӣ».

Худованд ба воситаи Ишаъёи набӣ ҷавоб медиҳад.

  1. Ва Ишаъё ибни Омӯс назди Ҳизқиё фиристода, гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: он чиро, ки ту пеши Ман дар ҳаққи Санҳериб, подшоҳи Ашшур, дар дуои худ гуфтӣ, иҷобат намудам.
  2. Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи   Сион аз ту нафрат   намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!
  3. Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додаӣ? Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ ва чашмони худро боло бардоштаӣ? Дар ҳаққи Қуддуси Исроил!
  4. Ба воситаи қосидони худ Худовандро таҳқир намуда, гуфтаӣ: «Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо, бар ақсои Лубнон баромадаам, ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро буридаам, ва ба қуллаи баландтарини  он, ба  боғистони ҳосил-хези он расидаам;
  5. Ва ман чоҳ канда, оби бегонаро нӯшидаам; ва бо кафи пойҳои худ ҳамаи наҳрҳои Мисрро хушк хоҳам кард».
  6. Оё нашнидаӣ, ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам, аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам, ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам, ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда, ба ха-робазор табдил медиҳӣ?
  7. Ва сокинони онҳо камқувват, ҳаросон ва хиҷил шудаанд: онҳо мисли алафи саҳро ва майсаи навхез, ва сабзаи болои бомҳо, ва мисли киштзоре ки пеш аз хӯша бастанаш хушк шуда бошад, гардидаанд.
  8. Вале Ман нишастани туро, ва баромадани туро, ва даромадани туро медонам; ва адоватеро, ки ба ман дорӣ.
  9. Азбаски адовате ки ба ман дорӣ, ва лоуболии ту ба гӯши ман расидааст, бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту, ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад, ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.
  10. Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст: имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм — он чи аз он бирӯяд; ва дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред.
  11. Ва растагорони хонадони Яҳудо, ки боқӣ мондаанд, аз нав дар поён реша хоҳанд давонид, ва дар боло мева хоҳанд овард,
  12. Зеро ки бақия аз Ерусалим, ва растагорон аз Сион ба вуҷуд хоҳанд омад. Рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.
  13. Бинобар ин Худованд дар бораи подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: вай ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт, ва назди он бо сипар нахоҳад омад, ва дар муқобили он хокрез барпо нахоҳад кард.
  14. Бо кадом роҳе ки омадааст, бо ҳамон хоҳад баргашт, валекин ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд, —
  15. Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам».
  16. Ва дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки фариштаи Худованд берун омада, саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро дар ӯр-дугоҳи Ашшур   зарба зад, ва бомдодон, вақте ки бархостанд, инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.
  17. Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ба роҳ даромада, равона шуд ва баргашта, дар Нинве сокин гардид.
  18. Ва ҳангоме ки ӯ дар хонаи худояш Нисрӯк  ибодат менамуд, писаронаш Адрамалик ва Шарэсар ӯро бо шамшер куштанд, ва худашон ба замини Аророт гурехтанд; ва писа-раш Эсар-Ҳаддӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама