Чорум Подшоҳон боби 16

Оҳоз дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад.

  1. ДАР соли ҳафдаҳуми Фақаҳ ибни   Рамальёҳу   Оҳоз ибни Ютом, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш Оҳоз бистсола буд,   ва шонздаҳ сол ӯ дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд Худояш мақбул буд, мисли падараш Довуд, ба амал наовард,
  3. Балки бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуд, ва ҳатто писари худро аз оташ гузаронид, мувофиқи одатҳои зишти қавмоне ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ-Исроил бадар ронда буд;
  4. Ва бар баландиҳо ва талҳо ва зери ҳар дарахти сабз қурбонӣ мекард ва бухур месӯзонид.

Тохтутози арамиён.

  1. Он гоҳ Расин, подшоҳи Арам, ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу, подшоҳи Исроил, ба муқобили Ерусалим барои ҷанг баромада, Оҳозро муҳосира карданд, вале натавонистанд мағлуб намоянд.
  2. Дар он вақт Расин, подшоҳи Арам, Эйлатро ба Арам баргардонид, ва яҳудиёнро аз Эйлат бадар ронд; ва адӯмиён ба Эйлат омада, дар он сокин шуданд, ки то имрӯз чунин аст.
  3. Ва Оҳоз қосидонро назди Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, фиристода, гуфт: «Ман бандаи ту ва  писари  ту ҳастам; баромада, маро аз дасти подшоҳи Арам ва аз дасти подшоҳи Исроил, ки бар ман қиём кардаанд, муҳофизат намо».
  4. Ва Оҳоз нуқра ва тиллоеро, ки дар хонаи Худованд ва дар хазоини хонаи подшоҳ ёфт шуд, гирифта, ба подшоҳи Ашшур ҳамчун инъом фиристод.

Ашшуриён Димишқро ишғол карданд.

  1. Ва подшоҳи Ашшур ба ӯ гӯш дод; ва подшоҳи Ашшур ба Димишқ лашкар кашида, онро забт кард, ва сокинонашро ба Қир ба асирӣ бурд, ва Расинро кушт.
  2. Ва подшоҳ Оҳоз ба истиқболи Тиҷлат Филосар, под-шоҳи Ашшур, ба Димишқ омад, ва қурбонгоҳеро, ки дар Димишқ буд, дид, ва подшоҳ Оҳоз сурати қурбонгоҳ ва тарҳи тамоми сохти онро ба Уриёи коҳин фиристод.
  3. Ва Уриёи коҳин қурбонгоҳе бино кард; мувофиқи ҳар он чи подшоҳ Оҳоз аз Димишқ фиристода буд, Уриёи коҳин то вақти аз Димишқ баргаштани подшоҳ Оҳоз ончунон ба амал овард.
  4. Ва подшоҳ аз Димишқ омад, ва подшоҳ қурбонгоҳро дид, ва подшоҳ ба қурбонгоҳ наздик омада, қурбонӣ бар он тақдим намуд;
  5. Ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордии худро сӯзонид, ва ҳадияи рехтании худро рехт, ва хуни  қурбонии сало-матии худро бар қурбонгоҳ пошид.
  6. Ва қурбонгоҳи мисинро, ки дар ҳузури Худованд буд, аз пешгоҳи хона, яъне аз ҷое ки дар миёни қурбонгоҳ ва хо-наи Худованд буд, кӯчонид, ва онро аз паҳлуи шимолии он қурбонгоҳ гузошт.
  7. Ва подшоҳ Оҳоз ба Уриёи коҳин амр фармуда, гуфт: «Қурбонии сӯхтании субҳ ва ҳадияи ордии шом, ва қурбонии сӯхтании подшоҳ ва ҳадияи ордии ӯ, ва қурбонии сӯхтании тамоми қавми кишвар, ва ҳадияи ордии онҳо ва ҳадияҳои рехтании онҳоро бар қурбонгоҳи бузург бисӯзон, ва тамоми хуни қурбониҳои сӯхтанӣ ва тамоми хуни забҳҳоро бар он бипош; ва қурбонгоҳи мисин барои ман бошад, то ки зиё-рат намоям».
  8. Ва Уриёи коҳин мувофиқи ҳар он чи подшоҳ Оҳоз амр фармуда буд, ба амал овард.
  9. Ва подшоҳ   Оҳоз   ҳошияҳои  пояҳоро   бурида, даст-шӯякҳоро аз болояшон  бардошт,   ва  ҳавзро  аз болои го-вони мисине ки дар тагаш буданд, фурӯд овард, ва онро бар фарши сангин гузошт.
  10. Ва долони шанбегиро, ки дар хона бино карда буданд, ва даромадгоҳеро, ки подшоҳ аз берун ба он дохил мешуд, ба муддаои табъи подшоҳи Ашшур тағьир дода, ба тарафи хонаи Худованд нигаронид.

Фавти Оҳоз. Подшоҳ шудани Ҳизқиё.

  1. Ва бақияи аъмоли Оҳоз, ки кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  2. Ва Оҳоз бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Ҳизқиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама