Чорум Подшоҳон боби 15

Подшоҳии Азарьё.

  1. ДАР соли бисту ҳафтуми Ёробъом, подшоҳи Исроил, Азарьё ибни Амасьё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ шонздаҳсола буд, ва панҷоҳу ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Екольёҳу, аз Ерусалим, буд.
  3. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падараш Амасьё ба амал оварда буд.
  4. Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд.
  5. Ва Худованд подшоҳро ба бало гирифтор кард, ва ӯ то рӯзи фавташ махавӣ буд, ва дар махавхона сукунат дошт; ва Ютом, писари подшоҳ, бар хонаи ӯ буда,  қавми мамлакатро доварӣ менамуд.

Фавти Азарьё ва подшоҳии Ютом.

  1. Ва бақияи аъмоли Азарьё, ва ҳар чи ӯ кард, дар кито-би вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  2. Ва Азарьё бо падаронаш хобид, ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд; ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳии Закаръё ва фавти ӯ.

  1. Дар соли   сию   ҳаштуми   Азарьё,   подшоҳи   Яҳудо, Закарьё  ибни  Ёробъом бар   Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва шаш моҳ подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар   назари   Худованд   бад   буд,   ба амал овард, мисли ои ки падаронаш ба амал оварда буданд:   аз гуноҳҳои  Ёробъом ибни  Набот,  ки Исроилро   гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.
  3. Ва Шаллум ибни Ёбиш бар ӯ суиқасд карда, ӯро дар пеши назари қавм кушт, ва ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  4. Ва бақияи аъмоли Закарьё дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  5. Чунин буд каломи Худованд, ки   ба   Еҳу   ба забон ронда,  гуфта буд:   «Писаронат то насли чорум бар  тахти Исроил хоҳанд нишаст».   Ва ҳамин ба  амал омад.

Подшоҳии Шаллум ва фавти ӯ.

  1. Шаллум ибни Ёбиш   дар   соли   сию   нӯҳуми Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд, ва як моҳ дар Сомария под-шоҳӣ кард.
  2. Ва Менаҳем ибни Ҷодӣ аз Тирсо баромада, ба Сома-рия дохил шуд, ва Шаллум ибни Ёбишро  дар   Сомария зарба зад, ва ӯро кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  3. Ва бақияи аъмоли Шаллум, ва суиқасде ки ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Подшоҳии Менаҳем.

  1. Он гоҳ  Менаҳем   Тирсоро бо   ҳар   чи дар   он буд, зарба зад, ва ҳудуди онро, аз Тифсаҳ сар карда, барои он ки ба ӯ дарвоза накушода буд, зарба зада, ҳомиладоронашро шикамчок кард.
  2. Дар соли сию нӯҳуми Азарьё, подшоҳи Яҳудо, Менаҳем ибни Ҷодӣ бар Исроил подшоҳ шуда, даҳ сол дар Сомария подшоҳӣ кард.
  3. Ва он чи дар назарӣ Худованд бад буд, ба амал овард: аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гу-ноҳ гардонида буд, тамоми айёми худ дур нашуд.

Тохтутози ашшуриён.

  1. Фул, подшоҳи Ашшур, бар мамлакат тохт овард. Ва Менаҳем ба Фул ҳазор киккар нуқра дод, то ки дасти вай бо ӯ бошад, ва ӯ салтанатро дар дасти худ мустаҳкам кунад.
  2. Ва Менаҳем ин нуқраро бар Исроил, бар ҳамаи амлок-дорон гузошт, то ки ҳар яке аз онҳо панҷоҳ  сиқл  нуқра барои подшоҳи Ашшур бидиҳад. Ва подшоҳи Ашшур баргашт, ва дар он ҷо дар мамлакат наистод.

Фавти Менаҳем ва подшоҳии Фақаҳъё.

  1. Ва бақияи аъмоли Менаҳем, ва ҳар чи ӯ кард, дар ки-тоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  2. Ва Менаҳем бо падарони худ хобид, ва писараш Фақаҳьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  3. Дар соли панҷоҳуми Азарьё, подшоҳи Яҳудо, Фақаҳьё ибни Менаҳем бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва ду сол подшоҳӣ кард.
  4. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард; аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.

Фавти Фақаҳьё ва подшоҳии Фақаҳ.

  1. Ва саркардаи ӯ, Фақаҳ ибни Рамальёҳу, бар  ӯ суи-қасд намуда, бо ҳамроҳии Арҷуб ва Арьё дар Сомария дар толори хонаи подшоҳ ӯро зарба зад, дар сурате ки бо вай панҷоҳ нафар аз банӣ-Ҷилъод буданд; ва ӯро кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Ва бақияи аъмоли Фақаҳьё, ва ҳар чи ӯ кард, дар ки-тоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  3. Дар соли панҷоҳу дуюми Азарьё, подшоҳи Яҳудо, Фақаҳ ибни Рамальёҳу бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва бист сол подшоҳӣ кард.
  4. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард: аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.
  5. Дар айёми Фақаҳ, подшоҳи Исроил, Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, омада, Ийюн ва Обил-Байт-Маако ва Ёнӯҳ ва Қодеш ва Ҳосӯр ва Ҷилъод ва Ҷалилро, — тамоми замини Нафтолиро, — гирифт, ва онҳоро ба Ашшур ба асирӣ бурд.
  6. Ва Ҳӯшаъ ибни Эло бар Фақаҳ ибни Рамальёҳу суиқасд намуд, ва ӯро зарба зада, кушт, ва дар соли бистуми Ютом ибни Узиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  7. Ва бақияи аъмоли Фақаҳ, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони  Исроил  навишта  шудааст.

Подшоҳии Ютом бар Яҳудо.

  1. Дар соли дуюми  Фақаҳ  ибни Рамальёҳу,   подшоҳи Исроил, Ютом ибни Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.
  3. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард; мисли ҳар он чи  падараш Узиё карда буд,   ӯ ба амал овард.
  4. Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо курбонӣ  мекарданд  ва  бухур  месӯзониданд; ӯ дарвозаи болои хонаи Худовандро бино кард.
  5. Ва бақияи аъмоли Ютом, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  6. Дар он айём Худованд Расин, подшоҳи Арам, ва Фақаҳ ибни Рамальёҳуро ба Яҳудо фиристодан гирифт.
  7. Ва Ютом бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд; ва писараш Оҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама