Чорум Подшоҳон боби 14

Амасьё бар Яҳудо подшоҳ мешавад.  Ҷанг бо Исроил.

  1. ДАР соли дуюми Юош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Исроил, Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Еҳӯаддон, аз Ерусалим, буд.
  3. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, аммо  на ҳамчун  падараш  Довуд:   ӯ  аз ҳар ҷиҳат мисли он ки падараш Еҳӯош амал карда буд, амал кард.
  4. Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд.
  5. Ва ҳангоме ки салтанат дар дасташ мустаҳкам шуд, навкарони худро, ки падараш подшоҳро кушта буданд, ба қатл расонид.
  6. Вале писарони кушандагонро накушт, бар тибқи навиштаи китоби Тавроти Мусо, ки дар он Худованд амр фармуда, гуфтааст: «Падарон барои гуноҳи писарон кушта нахоҳанд   шуд,   ва   писарон барои гуноҳи падарон кушта нахоҳанд шуд, балки ҳар кас барои гуноҳи худаш кушта хоҳад шуд».
  7. Ӯ даҳ ҳазор адӯмиёнро дар водии Намак кушт, ва Селаъро дар ҷанг забт намуда, ба он Ёқтеил ном дод, ки то имрӯз чунин аст.
  8. Он гоҳ Амасьё қосидонро назди Юош ибни Еҳӯоҳоз ибни Еҳу, подшоҳи Исроил, фиристода, гуфт: «Биё, рӯ ба рӯ шавем».
  9. Ва Юош, подшоҳи   Исроилэ   ба   Амасьё,  подшоҳи Яҳудо,   фиристода,  гуфт:   «Мушхоре  ки  дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфт: «Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ». Валекин ҳайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намуд.
  10. Ту Адӯмро шикаст додӣ, ва дилат мағрур шудааст. Пас, иззати худро нигоҳ дошта, дар хонаи худ бимон. Чаро ту бадбахтиро иғво медиҳӣ, то  ки худат фурӯ ғалтӣ, ва ҳамчунин Яҳудо ҳамроҳи ту?»
  11. Вале Амасьё гӯш надод. Ва Юош, подшоҳи Исроил, баромад, ва ӯ ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, дар Байт-Шемеш, ки дар Яҳудост, рӯ ба рӯ шуданд.
  12. Ва аҳли Яҳудо пеши Исроил мағлуб гардида, ҳар яке ба хаймаҳои худ гурехта рафтанд.
  13. Ва Юош, подшоҳи Исроил, Амасьё ибни Еҳӯош ибни Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудоро дар Байт-Шемеш дастгир намуд, ва ба Ерусалим омада, ҳисори Ерусалимро аз дарвозаи Эфроим то дарвозаи кунҷакӣ, ба андозаи чорсад зироъ хароб кард.
  14. Ва тамоми тилло ва нуқра ва тамоми колоеро, ки дар хонаи Худованд ва дар хазоини хонаи подшоҳ ёфт шуд, ва гаравгононро гирифта, ба Сомария баргашт.
  15. Ва бақияи аъмоле ки Юош кард, ва корнамоии ӯ, ва чӣ гуна ӯ бо Амасьё, подшоҳи Яҳудо, ҷангид, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Ёробъом   вориси   Юош   гардид. Фавти Амасьё.

  1. Ва Юош бо падарони худ хобид, ва дар Сомария бо подшоҳони Исроил дафн карда шуд, ва писараш Ёробъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Ва Амасьё  ибни   Еҳӯош,   подшоҳи   Яҳудо,   баъд  аз вафоти Юош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Исроил, понздаҳ сол зиндагӣ кард.
  3. Ва бақияи аъмоли Амасьё дар китоби   вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  4. Ва дар Ерусалим  бар  у  суиқасд карданд,  ва ӯ ба Локиш гурехта рафт. Ва аз паси ӯ ба Локиш фиристода, дар он ҷо ӯро куштанд.

Азарьё вориси Амасьё гардид.

  1. Ва ӯро бар аспон оварданд, ва дар  Ерусалим ӯ бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карда шуд.
  2. Ва тамоми қавми   Яҳудо   Азарьёро, ки шонздаҳсола буд,  гирифта,   ба  ҷои  падараш  Амасьё  подшоҳ  карданд.
  3. Ӯ Эйлатро бино кард, ва баъд аз он ки подшоҳ бо падаронаш хобид, онро ба Яҳудо баргардонид.

Ёробъоми 2-юм бар Исроил подшоҳ шуд.

  1. Дар соли понздаҳуми Амасьё ибни Еҳӯош,  подшоҳи Яҳудо, Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, дар Сомария подшоҳ шуд, ва чилу як сол подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард: аз ҳамаи гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро ги-рифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.
  3. Ӯ ҳудуди Исроилро аз даромадгоҳи Ҳамот то баҳри Аробо аз нав барқарор кард, бар тибқи каломи Худованд Худои Исроил, ки ба воситаи бандаи худ Юнус ибни Амит-тай, набие аз Ҷат-Ҳефар, ба забон ронда буд.
  4. Зеро Худованд мусибати Исроилро дид,   ки бағоят талх аст, ба тавре ки на бандие мондааст, на озоде ва на мададгоре барои Исроил,
  5. Ва Худованд аз зери осмон маҳв кардани номи Исро-илро амр нафармуд, балки онҳоро ба воситаи Ёробъом ибни Юош наҷот дод.
  6. Ва бақияи аъмоли Ёробъом, ва ҳар чи ӯ кард, ва кор-намоии ӯ, ки ҷанг карда, Димишқ ва Ҳамотро аз тасарруфи Яҳудо ба Исроил баргардонида буд, дар китоби вақоеъно-маи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  7. Ва Ёробъом бо падарони худ, бо подшоҳони Исроил хобид, ва писараш Закарьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама