Чорум Подшоҳон боби 10

Доварӣ бар хонадони Аҳъоб.

  1. ВА Аҳъоб дар Сомария ҳафтод писар дошт. Ва Еҳу мактубҳо навишта, ба Сомария ба сарварони Изреъил, ба пирон ва мураббиёни банӣ-Аҳъоб фиристода, гуфт:
  2. «Ва алҳол, вақте ки ин мактуб ба шумо бирасад, — дар сурате ки писарони оғои шумо бо шумо мебошанд, ва аробаҳо ва аспон ва шаҳри ҳисордор ва аслиҳа бо шумост, —
  3. Шумо беҳтарин ва муносибтарин писари оғои худро интихоб  намуда,  бар тахти падараш  биншонед, ва барои хонадони оғои худ биҷангед».
  4. Вале онҳо   ниҳоятдараҷа   ҳаросон   шуда,   гуфтанд: «Инак, ду подшоҳ натавонистанд пеши ӯ истодагӣ кунанд, — пас мо чӣ гуна истодагӣ хоҳем кард ?»
  5. Ва нозири хона, ва сардори шаҳр, ва пирон, ва мураббиён фиристода, гуфтанд: «Мо бандагони ту ҳастем, ва ҳар чи ба мо амр фармоӣ, ба ҷо хоҳем овард. Мо ҳеҷ касро подшоҳ нахоҳем кард;   он чи дар назарат  писанд  бошад, бикун».
  6. Ва ӯ бори дуюм ба онҳо мактуб навишта, гуфт: «Агар шумо бо ман буда, ба овози ман итоат мекарда бошед,  каллаҳои писарони оғои худро  бигиред  ва фардо дар ҳамин вақт назди ман ба Изреъил биёед». Ва писарони подшоҳ ҳаф-тод нафар буданд, ки онҳоро бузургони шаҳр тарбият мена-муданд.
  7. Ва ҳангоме ки мактуб ба онҳо расид, онҳо писарони подшоҳро гирифтанд, ва ҳафтод нафарро куштанд, ва кал-лаҳои онҳоро дар  сабадҳо гузошта,  назди  ӯ  ба  Изреъил фиристоданд.
  8. Ва қосиде омад ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Каллаҳои писарони подшоҳро оварданд». Ва ӯ гуфт: «Онҳоро ду ға-рам карда, дар даҳани дарвоза то субҳ бимонед».
  9. Ва субҳидам ӯ берун омада, истод ва ба тамоми қавм гуфт: «Шумо одил ҳастед! Инак, ман ба муқобили оғои худ суиқасд намуда, ӯро куштам, — вале кист, ки ҳамаи инҳоро куштааст?
  10. Пас, бидонед, ки аз каломи Худованд, ки Худованд дар бораи хонадони Аҳъоб ба забон рондааст, ҳарфе бар за-мин нахоҳад афтод, ва Худованд он чиро, ки ба воситаи бан-даи худ Ильёс гуфта буд, ба амал овард».
  11. Ва Еҳу ҳамаи боқимондагони хонадони Аҳъобро, ки дар Изреъил буданд, ва ҳамаи бузургонаш ва муқаррабонаш ва коҳинонашро кушт, ба тавре ки касе барои ӯ боқӣ намонд.

Қатли сарварони Яҳудо.

  1. Ва бархоста, равона шуд ва ба Сомария омад. Вақте ки дар роҳ ба Байт-Ақди чӯпонон расид,
  2. Еҳу ба бародарони Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, дучор омада, гуфт:   «Шумо  кистед?»  Гуфтанд:   «Мо  бародарони Аҳазьёҳу ҳастем, ва барои хабар гирифтан аз саломатии пи-сарони подшоҳ ва писарони малика меравем».
  3. Ва ӯ гуфт: «Инҳоро зинда дастгир кунед!» Ва онҳоро зинда дастгир   карданд,   ва  онҳоро,  ки   чилу  ду   нафар буданд,   назди чоҳи Байт-Ақд куштанд,  ва аз онҳо  касе боқӣ   намонд.
  4. Ва аз он ҷо равона шуда, бо Еҳӯнодоб ибни Рикоб, ки ба истиқболи ӯ меомад, вохӯрд, ва ӯро табрик намуда, гуфт: «Оё дили ту рост аст, чунон ки дили ман бо дили туст?» Ва Еҳӯнодоб гуфт:  «Оре». Гуфт:  «Ин тавр бошад, дастатро бидеҳ». Вай дасти худро дод, ва ӯ варо назди худ ба ароба баровард.
  5. Ва гуфт: «Ҳамроҳи ман биё ва рашки маро, ки барои Худованд дорам, бубин». Ва варо ба аробаи ӯ савор кар-данд.
  6. Ва ҳангоме ки ӯ ба Сомария расид, ҳамаи боқимон-дагони Аҳъобро, ки дар Сомария буданд, кушт, ба тавре ки тамоман ӯро маҳв кард, бар тибқи каломи Худованд, ки ба Ильёс гуфта буд.
  7. Ва Еҳу тамоми қавмро ҷамъ карда,  ба  онҳо гуфт: «Аҳъоб  Баалро  кам  парастиш  кард, — Еҳу  варо бисьёр парастиш хоҳад кард.

Еҳу   бутпарастиро   дар   Исроил  решакан   мекунад.

  1. Ва алҳол тамоми анбиёи Баал, ҳамаи хизматгузоронаш ва ҳамаи коҳинонашро назди ман даъват намоед, ба тавре ки касе ғоиб набошад, зеро ки ман забҳи бузурге барои Баал хоҳам кард. Ҳар касе ки ғоиб бошад, зинда нахоҳад монд». Ва Еҳу инро бо найранг ба амал овард, то ки хизматгузорони Баалро ба ҳалокат расонад.
  2. Ва Еҳу гуфт: «Маҷлиси идона барои Баал эълон намоед!» Ва онро эълон карданд.
  3. Ва Еҳу ба тамоми Исроил фиристод, ва ҳамаи хизмат-гузорони Баал  омаданд, ва  касе  намонд, ки наомада бо-шад; ва онҳо ба хонаи Баал даромаданд, ва хонаи Баал сар то сар пур шуд.
  4. Ва ӯ ба нозири ҳуҷраи либос гуфт: «Барои ҳамаи хиз-матгузорони Баал либос барор». Вай барои онҳо либос ба-ровард.
  5. Ва Еҳу бо Еҳӯнодоб ибни Рикоб ба хонаи Баал дохил шуд, ва ба хизматгузорони Баал гуфт: «Тафтиш кунед ва бубинед, ки касе аз бандагони Худованд дар ин ҷо бо шумо набошад, балки танҳо хизматгузорони Баал бошанд».
  6. Ва онҳо ба тақдим намудани забҳҳо ва қурбониҳои сӯхта-нӣ шурӯъ карданд. Ва Еҳу барои худ дар берун ҳаштод касро гузошта, гуфт: «Агар аз касоне ки ман ба дасти шумо би-супорам, як нафар раҳоӣ ёбад, ҷонатон ба ҷои ҷони вай хо-ҳад буд».
  7. Ва ҳангоме ки тақдим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ ба анҷом расид, Еҳу ба шотирон ва саркардагон гуфт: «Да-ромада, онҳоро бикушед, ва як нафар ҳам берун наояд!» Ва онҳоро ба дами шамшер куштанд; ва шотирон ва саркардагон онҳоро бароварда партофтанд, ва ба шаҳр, андаруни хонаи Баал баргаштанд.
  8. Ва сутунҳои хонаи Баалро берун оварда, сӯзониданд.
  9. Ва ҳайкали Баалро шикастанд; ва хонаи Баалро хароб карданд, ва онро ба ахлотҷой табдил доданд, ки то имрӯз чунин аст.
  10. Ва Еҳу Баалро аз Исроил нест кард.
  11. Аммо Еҳу аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Ис-роилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, яъне аз гӯсолаҳои тилло, ки дар Байт-Ил ва дар Дон буд, дур нашуд.
  12. Ва Худованд ба Еҳу гуфт: «Азбаски ту он чиро, ки дар назари Ман мақбул буд, нағз иҷро кардӣ,  ва ҳар  чиро, ки дар дили Ман буд,  дар  ҳаққи хонадони Аҳъоб ба амал овардӣ, бинобар ин писаронат то насли чорум бар тахти Ис-роил хоҳанд нишаст».
  13. Валекин Еҳу саъю кӯшиш накард, ки шариати Худо-ванд Худои Исроилро бо тамоми дили худ пайравӣ намояд: ӯ аз гуноҳҳои Ёробъом, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гар-донида буд, дур нашуд.

Таназзули иқтидори Исроил ва фавти Еҳу.

  1. Дар он айём Худованд ба қатъ кардани Исроил шурӯъ намуд; ва Ҳазоил онҳоро дар тамоми ҳудуди Исроил зарба мезад:
  2. Аз Урдун ба тарафи тулӯи офтоб, тамоми замини Ҷил-ъод: ҷодиён ва реубениён ва менашшеиёнро, аз Арӯэр, ки бар наҳри Арнӯн аст, ва Ҷилъод ва Бошон.
  3. Ва бақияи аъмоли Еҳу, ва ҳар чи ӯ кард, ва тамоми корнамоии ӯ дар китоби вақоеъномаи  подшоҳони  Исроил навишта шудааст.
  4. Ва Еҳу бо падарони худ хобид, ва ӯро дар Сомария дафн карданд; ва писараш Еҳӯоҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  5. Ва айёме ки Еҳу бар Исроил дар Сомария  подшоҳӣ кард, бисту ҳашт сол буд.

© IBT 1992

Реклама