Чорум Подшоҳон боби 1

Исъёни Мӯоб. Бемории подшоҳ Аҳазъё.

  1. ВА Мӯоб, баъд аз фавти Аҳъоб, ба муқобили Исроил исьён бардошт.
  2. Ва Аҳазьё аз панҷараи болохонаи худ, ки дар Сомария буд, афтода, нотоб шуд; ва қосидонро фиристода, ба онҳо гуфт: «Рафта, аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн, бипурсед, ки оё ман аз ин нотобии худ шифо хоҳам ёфт?»

Ильёс ва Аҳазьё.

  1. Ва фариштаи   Худованд   ба   Ильёси   тишбӣ   гуфт: «Бархоста, ба истиқболи қосидони подшоҳи Сомария баро, ва ба онҳо бигӯй: «Магар дар Исроил Худо нест, ки шумо барои пурсидан аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн, меравед?»
  2. Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Аз бистаре ки бар  он хобидаӣ,  фурӯд нахоҳӣ омад,  балки ҳатман  хоҳӣ мурд»». Ва Ильёс рафт.
  3. Ва қосидон назди ӯ баргаштанд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро баргаштед?»
  4. Ва ба ӯ гуфтанд: «Шахсе ба истиқболи мо баромад, ва ба мо гуфт: «Рафта, назди подшоҳе ки шуморо фиристодааст, баргардед, ва ба вай бигӯед: Худованд чунин мегӯяд: магар дар Исроил Худо нест, ки ту барои пурсидан аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн, мефиристӣ? Бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд»».
  5. Ва ба онҳо гуфт: «Намуди он шахсе ки ба истиқболи шумо баромада, ин суханонро ба шумо гуфтааст, чӣ гуна буд?»
  6. Ва ба   ӯ   гуфтанд:   «Вай   марди   мӯйдоре   буд,   ва камарбанди чармин бар камараш  баста   буд».   Ва  ӯ  гуфт: «Вай Ильёси тишбӣ будааст».
  7. Ва мирипанҷоҳро бо панҷоҳ нафараш назди вай фирис-тод. Ва у назди вай омад, ва инак вай бар қуллаи куҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ мегӯяд: «Фурӯд ой»».
  8. Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташ аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
  9. Ва боз   мирипанҷоҳи   дигарро   бо   панҷоҳ  нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ ба вай сухан ронда, гуфт:  «Эй марди Худо! Подшоҳ чунин мегӯяд: «Бо зудӣ фурӯд ой»».
  10. Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи  Худо   аз  осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
  11. Ва боз мирипанҷоҳи   сеюмро   бо   панҷоҳ  нафари  ӯ фиристод.  Ва мирипанҷоҳи  сеюм  равона   шуда, расид ва пеши Ильёс бар зонуҳояш афтод, ва аз ӯ зорию илтиҷо намуда, гуфт: «Эй марди Худо!   Лутфан, ҷони ман ва ҷони ин панҷоҳ нафар бандагонат дар назари ту азиз бошад.
  12. Инак, оташ аз  осмон фурӯ рехта,  ду мирипанҷоҳи аввалро  бо панҷоҳ нафари онҳо  сӯзонид;  ва алҳол ҷони ман дар назари ту азиз бошад».
  13. Ва фариштаи Худованд ба Ильёс гуфт: «Бо вай фурӯд ой, аз вай натарс».  Ва ӯ бархоста, бо вай назди подшоҳ фурӯд омад.
  14. Ва ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Азбаски қосидонро барои   пурсидан аз Баал-Забуб, худои  Эқрӯн, фиристодаӣ, — гӯё ки дар Исроил Худо набошад, то ки каломи Ӯро бипурсӣ, — бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд»».

Фавти Аҳазьё.

  1. Ва ӯ бар тибқи каломи Худованд, ки Ильёс ба забон ронда буд, мурд, ва Йӯром дар соли дуюми Еҳӯром ибни Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо,  ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, чунки ӯ писар надошт.
  2. Ва бақияи   аъмоли   Аҳазьё,   ки   кард,   дар   китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

© IBT 1992

Реклама