Якум Подшоҳон боби 9

Ба подшоҳӣ интихоб шудани Шоул.

  1. ВА марде  аз  мулки  Биньёмин  буд, ва  номаш Қиш ибни Абиил, ибни Сарур, ибни Бакурат, ибни Афиҳа буда, писари як шахси биньёминӣ ва ҷанговари далере буд.
  2. Ва ӯ писаре дошт, ки номаш Шоул буд,  ва  ҷавони ба назар намоён ва хубсимое буд, ва дар миёни банӣ-Исроил касе аз ӯ хубсимотар набуд; ӯ хушқаду қомат буда, аз тамоми қавм як сару гардан баланд буд.
  3. Ва модахарҳои Қиш, падари Шоул, гум шуд, ва Қиш ба писараш Шоул гуфт: «Лутфан, яке аз навкаронро ҳамроҳи худ бигир ва бархоста, барои ҷустуҷӯи модахарҳо бирав».
  4. Ва ӯ кӯҳи Эфроимро тай намуд, ва замини Шолишоро тай намуд, валекин наёфтанд; ва   замини   Шаалимро  тай карданд,   вале  набуд,   ва   замини  Биньёминро  тай   намуд, валекин наёфтанд.
  5. Вақте ки онҳо  ба замини  Суф  расиданд,  Шоул ба навкараш,   ки  бо  ӯ  буд,   гуфт:   «Биё,   баргардем,   мабодо падарам аз баҳри модахарҳо гузашта, ғами моро бихӯрад».
  6. Вале вай ба ӯ гуфт: «Инак, лутфан, марди Худо дар ин шаҳр ҳаст,  ва  ӯ  марди мӯҳтарам  аст;  ҳар  чи   ӯ   бигӯяд, ҳамеша ба амал меояд;  алҳол ба он ҷо биравем; ӯ, шояд, роҳеро, ки бояд бо он биравем, ба мо нишон диҳад».
  7. Ва Шоул ба навкараш гуфт: «Инак, агар биравем, ба он мард чӣ чизе бибарем? Зеро ки ноне дар тӯрбаҳои мо боқӣ намондааст, ва савғоте нест, ки ба марди Худо биёрем; пас, чӣ чизе дорем?»
  8. Ва он навкар боз ба Шоул ҷавоб  гардонида,  гуфт: «Инак, дар дастам   чорьяк   сиқл   нуқра   ҳаст;   ва онро ба марди Худо медиҳам, то ки роҳи моро ба мо нишон диҳад».
  9. Дар замони қадим агар касе дар Исроил барои пурси-дан аз Худо мерафт, чунин мегуфт: «Биёед, назди пешбин биравем». Зеро ки набии имрӯза дар замони қадим. пешбин номида мешуд.
  10. Ва Шоул ба навкараш гуфт: «Суханат хуб аст, биё, би-равем». Ва онҳо ба шаҳре ки дар он ҷо марди Худо буд, рафтанд.
  11. Ҳангоме ки онҳо ба фарози шаҳр боло мебаромаданд, ба духтароне   вохӯрданд,   ки   барои   об   кашидан   берун мерафтанд;   ва   ба   онҳо   гуфтанд:    «Оё   пешбин  дар   ин ҷост?»
  12. Дар ҷавоб  онҳо  гуфтанд:   «Оре,  инак ӯ пеши туст; алҳол шитоб намо, зеро ки ӯ имрӯз ба шаҳр омадааст, чунки қавм имрӯз бар баландӣ қурбонӣ мекунанд.
  13. Ҳамин ки ба шаҳр даромадед, пеш аз он ки ӯ барои хӯрок хӯрдан ба баландӣ барояд, ӯро биёбед, зеро ки қавм то омадани ӯ хӯрок намехӯранд, чунки ӯ қурбониро баракат медиҳад, ва баъд аз он даъватшудагон хӯрок мехӯранд; ва алҳол бароед, зеро ки ҳоло ӯро метавонед биёбед».
  14. Ва онҳо сӯи шаҳр баромаданд; ҳангоме ки онҳо ба да-руни шаҳр дохил мешуданд, инак Самуил ба пешвози онҳо берун омад, то ки ба баландӣ барояд.
  15. Ва Худованд, як рӯз пеш аз омадани Шоул, гӯшраси Самуил карда, гуфта буд:
  16. «Фардо дар ҳамин вақт Ман шахсеро аз замини Бинь-ёмин назди ту мефиристам, ва ту ӯро тадҳин намо, то ки бар қавми Ман Исроил раис бошад ва қавми Маро аз дасти фалиштиён наҷот диҳад; зеро ки ба қавми Худ назар кар-даам, чунки истиғосаи онҳо ба Ман расидааст».
  17. Ва ҳангоме ки Самуил Шоулро дид, Худованд ба ӯ гуфт: «Ин аст шахсе ки дар борааш ба ту гуфтам: ӯ қавми Маро идора хоҳад кард».
  18. Ва Шоул андаруни дарвоза ба Самуил наздик омада, гуфт: «Лутфан, ба ман бигӯ, ки хонаи пешбин куҷост?»
  19. Ва Самуил ба Шоул   ҷавоб   гардонида,   гуфт:   «Ман пешбин ҳастам, пешопеши ман ба баландӣ баро, ва шумо им-рӯз бо ман хӯрок хоҳед хӯрд; ва бомдодон туро равона наму-да, ҳар он чи дар дилат ҳаст, ба ту хоҳам гуфт;
  20. Ва дар бораи модахарҳоят, ки се рӯз пеш аз ин гум шудааст, ғам нахӯр, зеро ки ёфт шудааст; ва тамоми нозу неъмати Исроил барои кист? Он, охир, барои туст ва ба-рои тамоми хонадони падари туст».
  21. Ва Шоул ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, биньё-минӣ, яъне аз хурдтарини сибтҳои Исроил ҳастам, ва қаби-лаи ман аз ҳамаи қабилаҳои сибти Биньёмин хурдтар аст; пас чаро чунин сухане ба ман мегӯӣ?»
  22. Ва Самуил Шоул  ва  навкари ӯро  гирифта,  ба хона даровард, ва ба онҳо дар сари даъватшудагон, ки қариб сӣ нафар буданд, ҷо дод.
  23. Ва Самуил ба таббох гуфт: «Ҳиссаеро, ки ба ту до-даам ва дар бораи он ба ту гуфтаам,  ки  пеши худ  нигоҳ дорӣ, биёр».
  24. Ва таббох  ронро   бо ҳар   чи  бар  он буд, бардошта пеши Шоул гузошт ва гуфт: «Инак, он чи нигоҳ дошта шуда буд, пеши ту гузошта шуд; бихӯр, зеро ки он барои ту то ҳамин  дам  нигоҳ  дошта  шудааст,   аз   вақте   ки   гуфтам: «Қавмро  даъват намудаам»».  Ва Шоул дар он рӯз бо Самуил хӯрок хӯрд.
  25. Ва онҳо аз баланди ба шаҳр фуруд омаданд; ва бар болои бом ӯ бо Шоул гуфтугӯ кард.
  26. Ва онҳо бармаҳал бархостанд, ва баробари дамидани шафақи субҳ Самуил Шоулро ба болои бом даъват намуда, гуфт: «Бархез, то ки туро равона кунам».  Ва  Шоул  бар-хост, ва ҳар дуяшон, ӯ ва Самуил, берун рафтанд.
  27. Ҳангоме ки онҳо ба  канори  шаҳр   фурӯд   омаданд, Самуил ба Шоул гуфт: «Ба навкар бигӯ, ки аз мо пеш гузарад. — Вай пеш гузашт. — Ва алҳол ту биист, то ки каломи Худоро ба ту бишнавонам».

© IBT 1992

Реклама