Якум Подшоҳон боби 8

Исроил подшоҳ металабад.

  1. ВА ҳангоме ки Самуил пир шуд, писарони  худро бар Исроил довар таъин намуд.
  2. Ва номи писари нахустзодаи ӯ  Юил   буд,   ва номи дуюмаш — Абиё; онҳо дар Беэр-Шобаъ довар буданд.
  3. Вале писарони ӯ бо роҳи ӯ рафтор нанамуданд, балки ба тамаъ моил гардида, ришва мехӯрданд ва дар доварӣ каҷкорӣ мекарданд.
  4. Ва ҳамаи   пирони Исроил ҷамъ шуда, назди Самуил ба Ромо омаданд.
  5. Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, ту пир шудаӣ, ва писаронат бо роҳи ту рафтор намекунанд; акнун бар мо подшоҳе таъин намо, то ки бар мо, мисли халқҳои дигар, доварӣ кунад».
  6. Ва ин гап ба назари Самуил бад намуд, вақте ки гуф-танд: «Ба мо подшоҳе бидеҳ, то ки бар мо подшоҳӣ кунад». Ва Самуил сӯи Худованд дуо гуфт.

Исроил ҳокимияти Худоро рад мекунад.

  1. Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Овози қавмро дар ҳар чи ба ту мегӯянд, бишнав, зеро ки онҳо туро рад накардаанд, балки Маро рад кардаанд, то ки бар онҳо подшоҳӣ накунам.
  2. Мисли тамоми аъмоле ки онҳо аз рӯзи берун оварданам аз Миср то имрӯз ба ҷо оварданд, ва Маро тарк намуда, худоёни дигарро ибодат карданд, ончунон онҳо бо ту низ рафтор менамоянд.
  3. Ва алҳол овози онҳоро бишнав; аммо ба таври қатъӣ онҳоро таъкид намо, ва аз таомули подшоҳе ки бар онҳо подшоҳӣ хоҳад кард, онҳоро огоҳӣ бидеҳ».
  4. Ва Самуил  ҳамаи суханони Худовандро ба қавме ки аз ӯ подшоҳ металабиданд, баён намуд.
  5. Ва гуфт: «Таомули подшоҳе ки бар  шумо подшоҳӣ хоҳад кард, чунин аст: ӯ писарони шуморо гирифта, барои худ ба хизмати аробаҳо ва аҳли рикоби худ таъин хоҳад намуд, ва онҳо пешопеши аробаҳояш хоҳанд давид;
  6. Ва аз онҳо барои худ мириҳазорҳо ва мирипанҷоҳҳо таъин хоҳад намуд; ва баъзеро ба рондани киштзораш, ба даравидани ҳосилоташ ва ба сохтани олоти ҷангаш ва асбоби аробаҳояш хоҳад баргумошт.
  7. Ва духтарони шуморо барои атрсозӣ, ошпазӣ ва нонвоӣ хоҳад гирифт.
  8. Ва беҳтарин киштзорҳо, токистонҳо ва боғҳои зайтуни шуморо гирифта, ба хизматгузорони худ хоҳад дод.
  9. Ва аз ҳосили киштзорҳо ва токистонҳои шумо ушр гирифта, ба хоҷасароён ва хизматгузорони худ хоҳад дод.
  10. Ва навкарони шуморо, ва канизони шуморо, ва беҳтарин ҷавонони шуморо, ва харони шуморо гирифта, барои корҳои худ истифода хоҳад бурд.
  11. Ва ушри бузу гӯсфандони шуморо хоҳад гирифт; ва худи шумо бандагони ӯ хоҳед буд.
  12. Ва дар он рӯз аз дасти подшоҳи худ, ки барои худ интихоб намудаед, ба дод хоҳед омад; ва Худованд шуморо дар он рӯз иҷобат нахоҳад кард».
  13. Валекин қавм аз шунидани овози Самуил сар тофта, гуфтанд: «Не, бигзор бар мо подшоҳе бошад,
  14. Ва мо низ мисли ҳамаи халқҳо хоҳем буд, ва подшоҳамон бар мо доварӣ хоҳад намуд, ва пешопеши мо баромада, ҷангҳои моро хоҳад бурд».
  15. Ва Самуил ҳамаи суханони қавмро  шунида,  онҳоро ба самъи Худованд расонид.
  16. Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Овози онҳоро бишнав ва подшоҳе бар онҳо таъин намо». Ва Самуил ба мардуми Исроил гуфт:  «Ҳар яке ба шаҳри худ биравед».

© IBT 1992

Реклама