Якум Подшоҳон боби 5

Сандуқ бар фалиштиён лаънати Худоро меоварад.

  1. ВА фалиштиён сандуқи Худоро забт намуда, аз Эбен-Эзер ба Ашдӯд оварданд.
  2. Ва фалиштиён   сандуқи   Худоро гирифтанд, ва онро ба хонаи Доҷӯн оварданд; ва онро назди Доҷӯн гузоштанд.
  3. Ва фардои он ашдӯдиён бармаҳал бархостанд, ва инак, Доҷӯн пеши сандуқи Худованд рӯ ба замин ғалтидааст; ва онҳо Доҷӯнро бардоштанд, ва онро аз нав дар ҷояш гузош-танд.
  4. Ва фардои он бомдодон онҳо бармаҳал бархостанд, ва инак, Доҷӯн пеши сандуқи Худованд рӯ ба замин ғалтидааст; ва каллаи Доҷӯн ва ду кафи дасташ қатъ гардида, бар остона хобидааст; фақат тани Доҷӯн дар ҷояш мондааст.
  5. Бинобар ин коҳинони Доҷӯн, ва ҳамаи онҳое ки ба хонаи Доҷӯн  меоянд,   то   имрӯз   бар   остонаи  Доҷӯн дар Ашдӯд пой намемонанд.
  6. Ва дасти Худованд бар ашдӯдиён гарон омад, ва Ӯ ҳоли онҳоро табоҳ намуда, дар  Ашдӯд  ва навоҳии он ба обилаҳо гирифтор кард.
  7. Ва чун мардуми Ашдӯд диданд, ки аҳвол чунин аст, гуфтанд: «Сандуқи Худои Исроил бо мо нахоҳад монд, зеро ки дасти Ӯ бар мо ва бар худои мо Доҷӯн гарон омад».
  8. Ва фиристода, ҳамаи сарварони фалиштиёнро назди худ ҷамъ карда, гуфтанд:   «Бо сандуқи Худои Исроил чӣ кунем?» Ва гуфтанд:   «Бигзор  сандуқи Худои   Исроил   ба Ҷат гузаронида шавад». Ва сандуқи Худои Исроилро гузарониданд.
  9. Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаронидани он, дасти Худованд дар ин шаҳр боиси даҳшати бузурге гардид, ва мардуми  шаҳрро аз хурд то калон зарба зад, ва бар танашон обилаҳо пайдо шуд.
  10. Ва сандуқи Худоро ба Эқрӯн фиристоданд, ва ҳангоме ки сандуқи Худо ба Эқрӯн расид, эқрӯниён фарьёд зада, гуфтанд: «Сандуқи Худои Исроилро назди мо гузаронидаанд, то ки мо ва қавми моро бикушанд!»
  11. Ва фиристода,   ҳамаи сарварони  фалиштиёнро  ҷамъ карда,  гуфтанд:   «Сандуқи Худои Исроилро равона кунед, то ки он ба макони худ баргардад, ва мо ва қавми моро накушад». Зеро ки дар тамоми шаҳр  даҳшати ҳалокатоваре ҳукмфармо буд:   дасти  Худованд дар он ҷо бағоят гарон омада буд.
  12. Ва касоне ки намурда буданд, ба обилаҳо гирифтор гардиданд, ва истиғосаи аҳли шаҳр то ба осмон баланд шуд.

© IBT 1992

Реклама