Якум Подшоҳон боби 26

Довуд бори дуюм Шоулро амон медиҳад.

  1. ВА зифиён назди Шоул ба Ҷибъо омада, гуфтанд: «Довуд, охир, дар тали Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон аст, пинҳон шудааст».
  2. Ва Шоул бархоста, ба биёбони Зиф фурӯд омад, ва се ҳазор марди гузини  Исроил  ҳамроҳи  ӯ  буданд, то ки Довудро дар биёбони Зиф ҷустуҷӯ намоянд.
  3. Ва Шоул дар Ҷибъои Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон, дар сари роҳ аст, ӯрду зад; ва Довуд дар биёбон буд, ва дид, ки Шоул аз паи ӯ омадааст.
  4. Ва Довуд ҷосусонро фиристод, ва донист, ки Шоул ҳақиқатан омадааст.
  5. Ва Довуд бархоста, ба маконе ки Шоул ӯрду зада буд, омад, ва Довуд ҷоеро, ки Шоул ва сарлашкараш Абнир ибни Нир дар он хобида буданд, дид; ва Шоул андаруни давра мехобид, ва қавм гирдогирди ӯ ҷойгир шуда буданд.
  6. Ва Довуд ба Аҳималики ҳиттӣ ва Абишой ибни Саруё, бародари Юоб, муроҷиат намуда, гуфт: «Кист, ки бо ман назди  Шоул  ба  ӯрдугоҳ  фурӯд  ояд?» Ва Абишой гуфт: «Ман бо ту фурӯд меоям».
  7. Ва Довуд ва Абишой шабона назди қавм омаданд, ва инак Шоул андаруни давра ёзида хобидааст, ва найзааш пеши сараш дар замин халонида шудааст; ва Абнир ва қавм гирдо-гирди ӯ хобидаанд.
  8. Ба Абишой ба Довуд гуфт: «Худо имрӯз душмани туро ба дасти ту супурдааст; ва алҳол ба ман изн бидеҳ, то ки ӯро бо як зарбаи найза ба замин бидӯзам, ва барои зарбаи дуюм ҳоҷат нахоҳад буд».
  9. Вале Довуд ба Абишой гуфт: «Ӯро накуш, зеро кист, ки дасти худро ба масеҳи Худованд дароз карда, беҷазо монда бошад?»
  10. Ва Довуд гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки ӯро ё Худованд маҳв хоҳад кард, ё аҷалаш расида хоҳад мурд, ё ба ҷанг рафта, нобуд хоҳад шуд.
  11. Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман дасти худро ба масеҳи Худованд дароз кунам! Ва алҳол, лутфан, найзаеро, ки пеши сараш мебошад, ва кӯзаи обро бигир, ва мо ба роҳи худ биравем».
  12. Ва Довуд найза ва кӯзаи обро аз пеши сари Шоул гирифт, ва онҳо ба роҳи худ рафтанд; ва касе надид, ва касе нафаҳмид, ва касе бедор нашуд, чунки ҳама ғарқи хоб буданд, зеро хоби сахте аз ҷониби Худованд бар онҳо ғолиб омада буд.
  13. Ва Довуд ба тарафи дигар гузашта, бар қуллаи кӯҳ аз дурдаст истод, ба тавре ки масофаи бузурге дар миёни онҳо буд.
  14. Ва Довуд қавм ва Абнир ибни Нирро хонда, гуфт: «Эй Абнир, ҷавоб деҳ!» Ва Абнир ҷавоб гардонида, гуфт: «Ту кистӣ, ки подшоҳро мехонӣ?»
  15. Ва Довуд ба Абнир гуфт: «Ту, охир, мард ҳастӣ, ва дар Исроил кист, ки мисли ту бошад? Пас чаро оғои худ под-шоҳро нигаҳбонӣ намекунӣ? Зеро яке аз миёни қавм омада буд, то ки оғои ту подшоҳро ба ҳалокат бирасонад.
  16. Ин коре ки ту кардаӣ, хуб нест; қасам ба ҳаёти Худо-ванд, ки ҳамаи шумо сазовори қатл ҳастед, чунки оғои худ, масеҳи Худовандро нигаҳбонӣ накардаед. Ва алҳол бубин, ки найзаи подшоҳ ва кӯзаи об, ки пеши сараш буд, куҷост?»
  17. Ва Шоул овози Довудро шинохта, гуфт: «Оё ин овози туст, эй писарам Довуд?» Ва Довуд гуфт: «Овози ман аст, эй оғоям подшоҳ».
  18. Ва гуфт: «Ин аз чӣ сабаб аст, ки оғоям бандаи худро таъқиб мекунад? Ман чӣ кардаам, ва чӣ шарорате дар дасти ман аст?
  19. Ва алҳол, лутфан, оғоям подшоҳ суханони бандаашро бишнавад: агар Худованд туро ба муқобили ман барангехта бошад, бигзор Ӯ ҳадияи маро қабул кунад; валекин агар банӣ-одам барангехта бошанд, бигзор онҳо ба ҳузури Худо-ванд малъун бошанд,  зеро ки онҳо имрӯз маро аз тааллуқ доштан ба мулки Худованд бадар ронда,  мегӯянд:  «Рафта худоёни дигарро ибодат намо».
  20. Ва алҳол бигзор хуни ман дур аз ҳузури Худованд бар замин рехта нашавад, зеро ки подшоҳи Исроил барои ҷус-туҷӯи як  кайке    берун   омадааст, чунон ки кабкеро дар кӯҳҳо таъқиб мекунанд».
  21. Ва Шоул гуфт: «Ман хато кардам! Баргард, эй пи-сарам Довуд, зеро ба ту дигар бадӣ нахоҳам кард, чунки имрӯз ҷони ман дар назари ту азиз буд; инак, аблаҳона раф-тор карда,  бағоят гумроҳ гардидам».
  22. Ва Довуд ҷавоб дода, гуфт: «Инак найзаи подшоҳ; биг-зор яке аз амрадон ба ин ҷо гузашта, онро гирад.
  23. Ва Худованд бигзор ба ҳар кас бар тибқи адолати вай ва садоқати вай подош диҳад, чунки Худованд туро имрӯз ба дастам супурд, вале ман нахостам дасти худро бар масеҳи Худованд дароз кунам.
  24. Ва инак, чунон ки имрӯз ҷони ту дар назари ман азиз буд, ончунон ҷони ман ҳам бигзор дар назари Худованд азиз бошад, ва Ӯ маро аз ҳар мусибат халосӣ диҳад».
  25. Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Муборак ҳастӣ ту, эй писарам Довуд, ки ҳам корҳои бузург хоҳӣ кард ва ҳам комьёб хоҳӣ шуд». Ва Довуд ба роҳи худ рафт, ва Шоул ба макони худ баргашт.

© IBT 1992

Реклама