Якум Подшоҳон боби 24

Довуд Шоулро дар мағораи ЭйнҶадӣ амон медиҳад.

  1. ВА Довуд аз он ҷо баромада, дар ҷойҳои дастнораси Эйн-Ҷадӣ ҷойгир шуд.
  2. Ва ҳангоме ки Шоул аз таъқиб кардани фалиштиён баргашт, ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Инак, Довуд дар биёбони Эйн-Ҷадӣ мебошад».
  3. Ва Шоул се ҳазор марди гузинро аз тамоми Исроил гирифта, ба ҷустуҷӯи   Довуд ва одамонаш сӯи саҳроҳое рафт, ки маскани бузҳои кӯҳист.
  4. Ва ба қӯраи бузу гӯсфандон, ки дар сари роҳ буд, расид, ва дар он ҷо мағорае буд, ва Шоул барои қазои ҳоҷат ба он ҷо даромад; ва Довуд ва одамонаш дар ақсои мағора нишаста буданд.
  5. Ва одамони Довуд ба ӯ гуфтанд: «Инак рӯзе ки Худованд дар бораи он ба ту гуфтааст: «Инак, Ман душманатро ба дастат месупорам, ва ҳар чи дар назарат писанд ояд, ба вай хоҳӣ кард»». Ва Довуд бархоста, домани ҷомаи Шоулро оҳиста бурид.
  6. Вале баъд аз он, дили Довуд ба изтироб омад аз он ки домани ҷомаи Шоулро буридааст,
  7. Ва ӯ ба одамони худ гуфт: «Ҳошо ва калло аз ҷониби Худованд, ки ман чунин амале ба оғои худ, масеҳи Худо-ванд, бикунам, яъне дасти тааддӣ ба вай дароз кунам,  зеро ки вай масеҳи Худованд аст».
  8. Ва Довуд одамони худро бо ин суханон лат дода, нагузошт, ки онҳо бар Шоул қиём кунанд. Ва Шоул бар-хоста, аз мағора баромада рафт.
  9. Ва баъд аз он Довуд бархоста, аз  мағора  баромад, ва аз ақиби Шоул фарьёд зада, гуфт: «Эй оғоям, подшоҳ!» Ва Шоул ба ақиби худ нигарист, ва Довуд рӯ ба замин афтода, ба вай саҷда бурд.
  10. Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Чаро суханони одамонро мешунавӣ,   ки  мегӯянд:   «Инак,   Довуд   ба  ту  қасди бад дорад»?
  11. Инак, имрӯз  чашмонат дидааст, ки Худованд имрӯз туро дар мағора ба  дасти ман супурда буд, ва баъзеҳо гуфтанд, ки туро бикушам, вале ман туро амон дода, гуфтам: «Дасти худро бар оғои худ дароз нахоҳам кард, зеро ки вай масеҳи Худованд аст».
  12. Ва бингар, эй падарам, ва домани ҷомаи худро дар дасти ман бубин: модоме ки домани ҷомаи туро буридаам, вале туро накуштаам,  бидон ва яқин бидор, ки бадӣ ва ҷинояте дар дасти ман нест, ва ман дар ҳаққи ту гуноҳе накардаам, ва ҳол он ки ту камин мегузорӣ, то ки ҷони маро бигирӣ.
  13. Бигзор Худованд дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва бигзор Худованд интиқоми маро аз ту бигирад, валекин дасти ман бар ту нахоҳад буд.
  14. Чунон ки масали қадимӣ мегӯяд: «Шарорат аз шарирон содир мешавад», валекин дасти ман бар ту нахоҳад буд.
  15. Ба муқобили кист, ки подшоҳи Исроил берун омадааст? Таъқиботи ту ба муқобили кист? Ба муқобили саги мурдаест, ба муқобили як кайкест.
  16. Пас бигзор Худованд довар бошад, ва дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва даъвои маро бубинад ва бисанҷад, ва маро аз дасти ту бираҳонад».
  17. Ва ҳангоме ки Довуд гуфтани ин суханонро ба Шоул ба анҷом расонид, Шоул гуфт: «Оё ин овози туст, эй писарам Довуд?» Ва Шоул овози худро баланд карда, гирист,
  18. Ва ба Довуд гуфт: «Ту аз ман одилтар ҳастӣ, зеро ки ту подоши маро бо некӣ расондӣ, ва ҳол он ки ман подоши туро бо бадӣ расондаам.
  19. Ва ту имрӯз исбот намудӣ, ки чӣ гуна ба ман некӣ кардӣ, дар сурате ки Худованд маро ба дасти ту супурд, вале ту маро накуштӣ.
  20. Ва агар касе душмани худро ёфта бошад, оё варо бо некӣ раҳо мекунад? Бигзор Худованд туро ба бадали он чи имрӯз барои ман кардӣ, бо некӣ подош диҳад.
  21. Ва инак алҳол медонам, ки ту ҳатман подшоҳ хоҳӣ шуд, ва мамлакати Исроил дар дасти ту устувор хоҳад гардид.
  22. Ва алҳол барои ман ба Худованд қасам бихӯр, ки баъд аз сари ман насли маро несту нобуд нахоҳӣ кард, ва номи маро аз хонадони падарам маҳв нахоҳӣ намуд».
  23. Ва Довуд ба Шоул қасам хӯрд. Ва  Шоул  ба  хонаи худ рафт, ва Довуд ва одамонаш ба қалъаи худ баромаданд.

© IBT 1992