Якум Подшоҳон боби 22

Довуд дар атрофаш сарбозонро ҷамъ карда, бо онҳо баромада меравад.

  1. ВА Довуд аз он ҷо рафта, ба мағораи Адулом гурехт; ва бародаронаш ва тамоми хонадони падараш шунида, назди ӯ ба он ҷо фурӯд омаданд.
  2. Ва ҳар кӣ дар аҳволи танг буд, ва ҳар кӣ қарзхоҳе дошт, ва ҳар кӣ талхайш буд, назди ӯ ҷамъ шуданд, ва ӯ саркардаи  онҳо гардид; ва тақрибан чорсад нафар бо ӯ буданд.
  3. Ва Довуд аз он ҷо ба Мисфои  Мӯоб   рафт,  ва  ба подшоҳи Мӯоб гуфт:   «Лутфан,  падарам ва модарам назди шумо   биёянд,   то   бидонам,   ки   Худо   бо  ман   чӣ  хоҳад кард».
  4. Ва онҳоро назди подшоҳи Мӯоб оварда монд, ва онҳо тамоми айёме ки Довуд дар он паноҳгоҳ буд,   назди  вай сукунат доштанд.
  5. Ва Ҷоди набӣ ба Довуд гуфт: «Дар ин паноҳгоҳ наист, балки раҳсипор шуда, ба замини Яҳудо бирав». Ва Довуд рафта, ба ҷангали Ҳорат расид.
  6. Ва Шоул шунид, ки Довуд ва одамоне ки бо ӯ ҳас-танд, пайдо шудаанд; ва Шоул дар Ҷибъо, зери дарахти газ, ки бар тал буд, менишаст, ва найзааш дар дасташ буд, ва ҳамаи фармонбаронаш дар гирду пешаш меистоданд.
  7. Ва Шоул ба фармонбарони худ, ки дар гирду пешаш истода буданд,   гуфт:   «Бишнавед,  эй банӣ-Биньёмин!   Оё писари Йисой низ ба ҳамаи шумо киштзорҳо ва токистонҳо хоҳад дод, ва оё ҳамаи шуморо мириҳазор ва мирисад таъин хоҳад кард,
  8. Ки ҳамаатон бар зидди ман забон як кардаед, ва касе гӯшраси ман  накард,   ки  писарам  бо  писари   Йисой  аҳд бастаааст, ва касе аз шумо ғами маро нахӯрд, ва гӯшраси ман накард, ки писарам бандаи маро барангехтааст, то ки бар ман камин гирад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст?»
  9. Ва Дӯаги адӯмӣ, ки бо  фармонбарони Шоул истода буд, ҷавоб гардонида, гуфт:   «Ман писари Йисойро дидам, ки ба Нуб назди Аҳималик ибни Аҳитуб омад,
  10. Ва ӯ дар бораи вай аз Худованд пурсид, ва тӯша ба вай дод, ва шамшери Ҷольёти фалиштиро ба вай дод».
  11. Ва подшоҳ фиристода, Аҳималик ибни Аҳитуби коҳин ва ҳамаи   коҳинони  хонадони  падари  варо, ки   дар   Нуб буданд, даъват намуд; ва ҳамаи онҳо назди подшоҳ омаданд.
  12. Ва Шоул гуфт: «Бишнав, эй ибни Аҳитуб!» Вай гуфт: «Лаббай, эй оғоям».
  13. Ва Шоул ба вай гуфт:   «Чаро ту ва писари Йисой бар зидди ман забон як кардаед, ба тавре ки ту ба ӯ нон ва шамшер додаӣ, ва дар бораи ӯ аз Худо пурсидаӣ, то ки бар ман камин гирад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст?»
  14. Ва Аҳималик ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Кист аз ҳамаи бандагонат, ки мисли Довуд амин бошад?  Ва ӯ домоди подшоҳ аст,  ва иҷрокунандаи  фармонҳои туст,  ва дар хонаи ту мӯҳтарам аст.
  15. Оё ба пурсидан аз Худо дар бораи ӯ ҳамон рӯз шурӯъ намудаам? Ҳошо ва калло! Бигзор подшоҳ ин гуноҳро ба бандаи худ ва ба тамоми хонадони падарам нисбат надиҳад, зеро ки бандаат аз тамоми ин кор ба андозаи андак ё зиёд вуқуф наёфтааст».
  16. Ва подшоҳ гуфт: «Эй Аҳималик, ту ва тамоми хонадони падарат ҳатман хоҳед мурд!»
  17. Ва подшоҳ ба шотироне ки дар гирду пешаш истода буданд, гуфт: «Ҳамла оварда,  коҳинони Худовандро бику-шед, зеро дасти онҳо низ бо Довуд аст, чунки аз гурехтани ӯ вуқуф ёфта, гӯшраси ман накардаанд». Вале фармонбарони подшоҳ нахостанд дасти тааддӣ дароз кунанд, то ки коҳинони Худовандро ба ҳалокат расонанд.
  18. Ва подшоҳ ба Дӯаг гуфт: «Ту ҳамла оварда, коҳинонро бикуш». Ва Дӯаги адӯмӣ ҳамла оварда, ба куштани коҳинон шурӯъ намуд, ва  дар  он  рӯз  вай ҳаштоду панҷ мардро, ки эфӯди катон мепӯшиданд, ба ҳалокат расонид.
  19. Ва аҳли Нубро, ки шаҳри коҳинон аст, ба дами шам-шер кушт: мардон ва занон, ва кӯдакон ва ширмакон, ва говон ва харон ва гӯсфандонро ба дами шамшер кушт.
  20. Вале як писари Аҳималик ибни Аҳитуб, ки   номаш Абьётор буд, халосӣ ёфта, назди Довуд гурехт.
  21. Ва Абьётор ба Довуд хабар дод, ки Шоул коҳинони Худовандро кушт.
  22. Ва Довуд ба Абьётор гуфт:   «Ҳамон  рӯз,  ки Дӯаги адӯмӣ дар он ҷо буд, медонистам, ки вай ба Шоул ҳатман хабар хоҳад дод. Ман сабаби ҳалокати ҳамаи ҷонҳои хона-дони падарат шудаам.
  23. Назди ман бимон, натарс, зеро ҳар кӣ қасди ҷони ту дорад, қасди ҷони ман низ хоҳад дошт; ту назди ман дар амният хоҳӣ буд».

© IBT 1992

Реклама