Якум Подшоҳон боби 2

Дуои пайғамбаронаи Ҳанно.

  1. ВА Ҳанно дуо хонда, гуфт: «Дили ман дар Худованд хурсанд шудааст, шохи  ман  дар   Худованд   баланд  шудааст; даҳони ман бар душманонам яла шудааст, зеро ки аз наҷоти Ту шод ҳастам.
  2. Қуддусе мисли Худованд нест, зеро ки дигаре ғайр аз Ту нест; ва сахрае мисли Худои мо нест.
  3. Суханони ҳавобаландонаро афзун накунед; нутқи густохона аз даҳонат набарояд; зеро ки Худованд Худои ҳамадон аст, ва тамоми аъмол назди Ӯ санҷида мешавад.
  4. Камони зӯроварон ба шикаст дучор меояд, вале камари бемаҷолон қувват меёбад.
  5. Серон барои як лаб нон муздур мешаванд, вале гуруснагон фароғат  меёбанд; ҳатто зани нозой ҳафт бача мезояд, вале  зани  серфарзанд  мубтало мешавад.
  6. Худованд мемиронад ва зиндагӣ мебахшад; ба қабр фурӯд меоварад ва бармехезонад.
  7. Худованд бенаво месозад  ва  сарватдор мегардонад; ба залолат меафтонад ва баланд мебардорад.
  8. Бенавоёнро аз хок бармехезонад, мискинро аз даруни ахлот мебардорад, то ки бо мирон ҳамнишин созад, ва курсии ҷалолро насибашон гардонад; зеро ки аркони замин аз они Худованд аст, ва ҷаҳонро ӯ бар онҳо устувор намудааст.
  9. Қадамҳои муқаддасони Худро нигаҳдорӣ мекунад, ва шарирон дар зулмот маҳв мешаванд; зеро ки одамизод бо қувваташ зӯр намебарояд.
  10. Онҳое ки ба Худованд зиддият   нишон   медиҳанд, несту нобуд мешаванд: бар онҳо Ӯ аз осмон раъду барқ мефиристад. Худованд ақсои заминро доварӣ менамояд, ва ба подшоҳи Худ қувват мебахшад, ва шохи масеҳи Худро баланд мебардорад».
  11. Ва Элқоно ба хонаи худ ба Ромо рафт; ва он амрад назди Элии коҳин хизматгузори Худованд буд.

Писарони Элӣ.

  1. Валекин писарони   Элӣ   шахсони   нобакор   буданд: Худовандро намешинохтанд.
  2. Ва рафтори ин коҳинон нисбат ба қавм чунин буд: чун касе куробнӣ мекард, хизматгузори коҳин дар вақти пухтани гӯшти он меомад, дар ҳолате ки сихи сешохае дар дасташ буд;
  3. Ва онро ба лаган, ё дег, ё тос фурӯ мефиристод, ва ҳар чиро, ки он сих мебаровард, коҳин барои худ мегирифт. Бо ҳамаи   исроилиёне  ки  ба он ҷо, ба Шилӯ меомаданд, онҳо ҳамин тавр рафтор мекарданд.
  4. Валекин пеш   аз   сӯзонидани   чарбу,   хизматгузори коҳин омада, ба касе ки қурбонӣ кардааст, мегуфт: «Гӯшт барои кабоби коҳин бидеҳ; ӯ аз ту гӯшти пухта намегирад, балки фақат гӯшти хом».
  5. Ва агар он шахс ба вай мегуфт: «Аввал чарбуро бисӯзо-нанд, ва он гоҳ ҳар чи дилат хоҳад, барои худ бигир», — вай ме-гуфт: «Не, худи ҳозир бидеҳ, вагар на, бо зӯрӣ мегирам».
  6. Ва гуноҳи он ҷавонон ба  ҳузури Худованд   бағоят азим  буд,   зеро  ки ин  одамон қурбонии Худовандро хор медоштанд.

Самуили амрад дар хизмати хайма.

  1. Ва Самуили амрад ба ҳузури Худованд хизматгузорӣ мекард, дар ҳолате ки эфӯди катон дар бар дошт.
  2. Ва ҷомаи хурде модараш барои ӯ дӯхта, сол ба сол ба ӯ меовард, вақте ки вай бо шавҳари худ меомад, то ки қурбонии солонаро тақдим намояд.
  3. Ва Элӣ Элқоно ва зани   ӯро   баракат   дода, гуфт: «Бигзор Худованд ба ту аз ин зан дар ивази вақфе ки барои Худованд додаӣ, насл ато фармояд!» Ва онҳо ба макони худ рафтанд.
  4. Ҳақиқатан Худованд Ҳанноро тафаққуд намуд, ва ӯ ҳо-мила шуда, се писар ва ду духтар зоид; ва Самуили амрад ба ҳузури Худованд калон мешуд.
  5. Ва Элӣ бағоят пир шуда буд; ва ҳар амалеро, ки пи-саронаш дар ҳаққи тамоми Исроил мекарданд, мешунид, ва онро низ, ки чӣ гуна онҳо бо заноне ки назди даромад-гоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ мешуданд, хуфтухоб менамуданд.
  6. Ва ба онҳо гуфт: «Чаро шумо чунин амал мекунед? Ман,   охир,   ин   аъмоли   бади   шуморо   аз  тамоми   қавм мешунавам.
  7. Чунин амал накунед, эй писаронам! Зеро овозае ки ман мешунавам, хуб нест: шумо боиси маъсияти қавми Худо-ванд мегардед.
  8. Агар касе бар зидди касе  гуноҳ кунад, ӯро  Худо-ванд доварӣ менамояд,   вале  агар   касе   бар зидди Худо-ванд  гуноҳ кунад,  кист,  ки барои  вай шафоат намояд?» Вале онҳо ба овози падарашон гӯш надоданд, зеро Худованд қарор дода буд, ки онҳо бимиранд.
  9. Валекин Самуили амрад торафт калон шуда, ҳам дар назари Худованд ва ҳам дар назари мардум илтифот меёфт.

Огохӣ ёфтани Элӣ.

  1. Ва марди Худо назди Элӣ омада, ба ӯ гуфт: «Худо-ванд чунин мегӯяд: «Оё Ман бар хонадони падарат, вақте ки онҳо дар Миср, дар хонаи фиръавн буданд, Худро зоҳир насохтам?
  2. Ва оё ӯро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои Худ ба ко-ҳинӣ интихоб нанамудам, то ки бар қурбонгоҳи Ман баро-мада, бухур бисӯзонад ва ба ҳузури Ман эфӯд бипӯшад? Ва оё   ҳамаи   ҳадияҳоро   аз  қурбониҳои   сӯхтании   банӣ-Исроил ба хонадони падарат набахшидам?
  3. Чаро шумо қурбониҳо ва ҳадияҳои ордии Маро, ки барои маскани Худ амр фармудаам, поймол мекунед? Ва чаро ту писарони худро назар ба Ман бештар мӯҳтарам медорӣ, то ки  худро  аз  қисми  беҳтарини ҳамаи ҳадияҳои қавми Ман — Исроил фарбеҳ гардонӣ?»
  4. Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: «Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯ-яд  Худованд,   ҳошо  ки   Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро  эҳтиром хоҳам кард,  ва-лекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.
  5. Инак, айёме фаро мерасад, ки Ман бозуи ту ва бозуи хонадони падаратро   қатъ   хоҳам   кард, ба тавре  ки  пире дар хонадони ту нахоҳад буд.
  6. Ва ту рақибро дар маскани Ман хоҳӣ дид, дар ҳар кори неке   ки   вай   барои   Исроил бикунад; ва пире дар хонадони ту ҳаргиз нахоҳад буд.
  7. Ва аҳли   байти   туро   аз   қурбонгоҳи   Худ   тамоман нахоҳам  дур  кард,  ки ин барои коҳонидани  чашмони  ту ва  ранҷонидани  ҷони  ту   бошад;   вале  тамоми   насли   ту ҷавонмарг хоҳанд шуд.
  8. Ва он чи ба ду писарат, ба Ҳофнӣ ва Финҳос, рӯй ме-диҳад, аломате барои ту хоҳад буд: ҳар дуи онҳо дар  як рӯз хоҳанд мурд.
  9. Ва коҳини аминеро барои Худ таъин хоҳам намуд, ки вай мувофиқи дили Ман ва мувофиқи ҷони Ман амал хоҳад кард; ва барои   вай хонадони   амине  барпо хоҳам намуд, ки он ба ҳузури масеҳи Ман ҳамеша роҳ хоҳад рафт.
  10. Ва тавре воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар касе ки аз хонадони ту боқӣ монда бошад, омада,  барои як фулуси нуқра ва як  порча  нон  пеши  вай  саҷда барад ва бигӯяд:  лутфан, маро ба ягон вазифаи каҳонат таъин намо,   то ки як лаб нон бихӯрам»».

© IBT 1992

Реклама