Якум Подшоҳон боби 18

Аҳди дӯстӣ дар миёни Довуд ва Йӯнотон.

  1. ВА ҳангоме ки гуфтугӯи ӯ бо Шоул ба анҷом расид, ҷони Йӯнотон бо ҷони Довуд пайваста шуд, ва Йӯнотон ӯро мисли ҷони худ дӯст дошт.
  2. Ва Шоул ӯро дар он рӯз гирифта, нагузошт,  ки ба хонаи падараш баргардад.
  3. Ва Йӯнотон бо Довуд аҳд   баст,  чунки  ӯро   мисли ҷони худ дӯст дошта буд.
  4. Ва Йӯнотон   ҷомаеро,   ки   бар   танаш   буд, кашида ба Довуд дод, ва либоси ҳарбияш ва ҳатто шамшераш  ва камонаш  ва камарбандашро низ.
  5. Ва Довуд берун омада, дар ҳар ҷое ки Шоул ӯро мефиристод, комьёб мегардид; ва Шоул ӯро бар ҷанговарон сардор таъин намуд, ва ин дар назари тамоми қавм ва дар назари фармонбарони Шоул низ писанд омад.
  6. Ва ҳангоме   ки   онҳо   меомаданд,    яъне   вақте   ки Довуд аз   куштани   фалиштӣ бармегашт,   занон   аз ҳамаи шаҳрҳои Исроил бо дафҳо, бо садоҳои шодӣ ва бо сеторҳо, сурудхонон ва рақскунон, ба пешвози подшоҳ Шоул берун меомаданд.
  7. Ва занон тараб намуда, месуруданду мегуфтанд: «Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард, вале Довуд — беварҳоро!*»
  8. Ва Шоул бағоят хашмгин шуд,  ва ин  сухан ба на-зараш бад намуда, гуфт: «Ба Довуд беварҳоро нисбат дода-анд, вале ба ман ҳазорҳоро нисбат додаанд; ӯро акнун фа-қат подшоҳӣ кам аст».
  9. Ва аз он рӯз эътиборан, ва минбаъд, Шоул ба Довуд назари бад дошт.
  10. Ва фардои он, рӯҳи баде аз ҷониби Худованд бар Шоул ҷорӣ гардида, ӯ андаруни хона ба ҷӯшу хурӯш омад, ва До-вуд мисли ҳаррӯза бо дасташ менавохт; ва найзае дар дасти Шоул буд.
  11. Ва Шоул найзаро андохта, ба дилаш гуфт: «Довудро зада, ба  девор  медӯзам». Вале  Довуд  ду  карат худро аз пеши ӯ канор кашид.
  12. Ва Шоул аз Довуд  метарсид,   зеро ки Худованд бо ӯ буд, вале аз Шоул дур шуда буд.
  13. Ва Шоул ӯро аз пеши худ дур сохт, ва ӯро мириҳазор таъин намуд, ва ӯ пеши қавм даробаро мекард.
  14. Ва Довуд дар ҳамаи роҳҳои худ комьёб   мешуд,  ва Худованд бо ӯ буд.
  15. Ва чун Шоул дид, ки ӯ бағоят комьёб аст, аз ӯ ҳаросон шуд.
  16. Ва тамоми Исроил ва  Яҳудо Довудро дӯст медоштанд, зеро ки ӯ пеши онҳо даробаро мекард.
  17. Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Инак духтари калонии худ Мерабро ба ту ба занӣ медиҳам, фақат ин ки барои ман ҷан-говари далер бош, ва ҷангҳои Худовандро бибар». Ва Шоул ба дили худ гуфт: «Бигзор дасти ман бар ӯ набошад, балки дасти фалиштиён бошад».
  18. Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Ман кистам, ва ҳаёти ман ва хонадони падари ман дар Исроил чист, ки домоди подшоҳ бошам?»
  19. Вале вақте ки духтари Шоул Мераб мебоист ба До-вуд дода мешуд, вай ба Адриили меҳӯлотӣ ба занӣ дода шуд.

Довуд   духтари   Шоул   Микалро   ба   занӣ   мегирад.

  1. Ва духтари Шоул Микал Довудро дӯст дошт; ва ҳангоме ки инро ба Шоул хабар доданд, ин ба назари ӯ писанд омад.
  2. Ва Шоул ба дили худ гуфт: «Варо ба ӯ медиҳам, ва барои ӯ вай дом хоҳад шуд, ва дасти фалиштиён бар ӯ хоҳад буд». Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Ба воситаи дуюмаш ту имрӯз домоди ман хоҳӣ шуд».
  3. Ва Шоул ба навкарони худ амр фармуд: «Ба Довуд пинҳонӣ сухан ронда, бигӯед: «Инак, ҳусни таваҷҷӯҳи под-шоҳ бар туст, ва ҳамаи навкаронаш туро дӯст медоранд; ва алҳол домоди подшоҳ шав».
  4. Ва навкарони Шоул ин суханонро ба гӯши Довуд расо-ниданд, ва Довуд гуфт: «Оё дар назари шумо домоди подшоҳ шудан осон аст? Ва ҳол он ки ман шахси бенаво ва ҳақирам».
  5. Ва навкарони Шоул ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Довуд чунин суханонро гуфт».
  6. Ва Шоул гуфт: «Ба Довуд чунин бигӯед:   «Подшоҳ маҳрро талабгор нест, магар ки сад ғилофаки фалиштиёнро, то ки аз душманони подшоҳ   интиқом   ситонида  шавад»». Ва Шоул дар  чунин  фикре  буд,  ки   Довудро   бо   дастӣ фалиштиён ба ҳалокат бирасонад.
  7. Ва навкарони ӯ ин суханонро ба Довуд расониданд, ва ин дар назари Довуд писанд омад, ки домоди подшоҳ гардад. Ва мӯҳлати он ҳанӯз пур нашуда буд.
  8. Ва Довуд  бархоста,   бо   одамонаш   рафт,   ва   дусад нафарро аз фалиштиён кушт, ва ғилофакҳошонро   Довуд овард, ва онҳоро ба миқдори пурра ба подшоҳ пешниҳод карданд, то ки домоди подшоҳ гардад; ва Шоул духтараш Микалро ба ӯ ба занӣ дод.
  9. Ва Шоул дид ва фаҳмид, ки Худованд бо Довуд аст; ва духтари Шоул Микал ӯро дӯст медошт.
  10. Ва Шоул боз ҳам зиёдтар аз Довуд тарсид, ва Шоул ҳама вақт душмани Довуд буд.
  11. Ва сарварони  фалиштиён берун  меомаданд;  ва ҳар бор, ки онҳо берун меомаданд,  Довуд аз ҳамаи  фармонба-рони Шоул бештар комьёб мешуд, ва номи ӯ бағоят шӯҳрат пайдо кард.

*7. Бевар — даҳ ҳазор.

© IBT 1992