Якум Подшоҳон боби 16

Ба подшоҳӣ интихоб шудани Довуд.

  1. ВА Худованд ба Самуил гуфт:   «То ба кай ту барои Шоул мотам мегирӣ? Ман,  охир, ӯро аз подшоҳӣ   кардан бар   Исроил   рад   намудаам.   Шохи   худро аз   равған пур карда, бирав: Ман туро назди Йисои байтлаҳмӣ мефиристам, зеро  ки  аз  миёни  писаронаш   барои Худ  подшоҳ  пайдо кардаам».
  2. Ва Самуил   гуфт:    «Чӣ  гуна  биравам?  Агар   Шоул бишнавад, маро хоҳад кушт». Худованд гуфт:  «Гӯсолае бо худ  бигир,  ва  бигӯй:   «Омадаам,  то  ки  барои  Худованд қурбонӣ кунам».
  3. Ва Иисойро ба қурбонӣ даъват намо, ва Ман ба ту маълум хоҳам кард, ки чӣ бояд бикунӣ, ва ту касеро, ки ба ту бигӯям, барои Ман тадҳин хоҳӣ намуд».
  4. Ва Самуил он чиро, ки Худованд гуфта буд, ба амал оварда, ба Байт-Лаҳм омад; ва пирони шаҳр ба пешвози ӯ шитофта, гуфтанд: «Хайра мақдам!»
  5. Гуфт: «Ассалом!   Омадаам,   то  ки  барои   Худованд қурбонӣ кунам.  Худро тақдис намуда,  бо ман ба қурбонӣ биёед».  Ва  ӯ Йисой  ва  писаронашро тақдис кунонид, ва онҳоро ба қурбонӣ даъват намуд.
  6. Ва ҳангоме ки онҳо омаданд, ӯ Элиобро дида, дар дили худ гуфт: «Яқинан, масеҳи Худованд ба ҳузури ӯст».
  7. Вале Худованд ба Самуил гуфт: «Ба қиёфааш ва қомати баландаш назар   наандоз, чунки Ман ӯро хуш накардаам; он чи одам мебинад, ҳеҷ аст,   зеро   одам   фақат  он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад».
  8. Ва Йисой Абинодобро хонда, аз пеши Самуил гузаро-нид, вале ӯ гуфт: «Инро низ Худованд интихоб накардааст».
  9. Ва Йисой Шамморо гузаронид; вале ӯ гуфт: «Инро ҳам Худованд интихоб накардааст».
  10. Ва Йисой ҳафт писарашро аз пеши Самуил гузаронид; вале Самуил ба Йисой гуфт: «Худованд инҳоро  интихоб накардааст».
  11. Ва Самуил ба Йисой гуфт: «Оё дигар писар надорӣ?» Вай гуфт:  «Боз писари хурдӣ ҳаст, ки ӯ рамаро мечаронад». Ва   Самуил   ба   Йисой   гуфт:   «Фиристода, ӯро биёр, зеро ки то ӯ ба ин ҷо набиёяд, ба сари суфра нахоҳем нишаст».

Довудро тадҳин кардани Самуил.

  1. Ва фиристода,   ӯро   оваронид.   Ва  ӯ  сурхрӯ   буда, чашмони зебо ва чеҳраи некӯ дошт.  Ва Худованд   гуфт: «Бархоста, ӯро тадҳин намо, зеро ки ҳамин аст».
  2. Ва Самуил шохи равғанро гирифта, ӯро  дар миёни бародаронаш тадҳин намуд, ва Рӯҳи Худованд аз он рӯз ва баъд аз он бар Довуд нозил шуд. Ва  Самуил  бархоста, ба Ромо рафт.
  3. Валекин Рӯҳи Худованд аз Шоул дур шуд; ва рӯҳи баде аз ҷониби Худованд ӯро ба изтироб меандохт.
  4. Ва навкарони Шоул   ба ӯ мегуфтанд:   «Инак,   рӯҳи баде  аз  ҷониби  Худованд  туро  ба изтироб  меандозад.

Довуд назди Шоул даъват карда шуд.

  1. Бигзор оғои мо ба навкарони худ, ки ба ҳузури ту ме-бошанд, амр   фармояд,  ки  барбатнавози   моҳиреро   пайдо кунанд; ва ҳар гоҳ бар ту рӯҳи баде аз ҷониби  Худованд биёяд, вай бо дасташ  бинавозад, ва аҳволат  беҳтар  хоҳад шуд».
  2. Ва Шоул ба навкаронаш гуфт: «Касеро, ки ба навохтан моҳир бошад, барои ман пайдо карда, назди. ман биёред».
  3. Ва яке аз навкарон   ба ӯ ҷавоб   гардонида,   гуфт: «Инак, ман писари Йисои байтлаҳмиро дидаам, ки ба на-вохтан моҳир, ва шердил, ва марди  ҷангӣ,   ва   хушзабон, ва  зеботалъат   мебошад,   ва   Худованд бо ӯст».
  4. Ва Шоул қосидонро назди Йисой  фиристода, гуфт: «Писарат Довудро, ки бо рама аст, назди ман бифирист».
  5. Ва Йисой бар харе нон, ва машки шароб, ва як бузғола бор карда, ба воситаи писараш Довуд назди Шоул фиристод.
  6. Ва Довуд назди Шоул омада, ба ҳузури ӯ биистод; ва Шоул варо бағоят дӯст дошт, ва Довуд силоҳбардори ӯ гардид.
  7. Ва Шоул   назди   Йисой   фиристода, гуфт:   «Бигзор Довуд ба ҳузури ман бимонад, зеро ки вай ба назари ман писанд омад».
  8. Ва чун рӯҳ аз ҷониби Худо бар Шоул меомад, Довуд барбатро гирифта,   бо   дасташ менавохт;   ва   Шоул роҳат карда, аҳволаш беҳтар мешуд, ва рӯҳи бад ӯро тарк мекард.

© IBT 1992

Реклама