Якум Подшоҳон боби 13

Худсарии Шоул.

  1. ШОУЛ (сӣ)-сола  буд,  ки  подшоҳ  шуд, ва чун ду сол бар Исроил подшоҳӣ кард,
  2. Шоул барои худ се ҳазор нафар аз исроилиён интихоб намуд, ки ду ҳазор нафари онҳо бо Шоул дар Михмос ва дар кӯҳи Байт-Ил буданд, ва ҳазор нафарашон бо Йӯнотон дар Ҷибъои Биньёмин буданд; ва бақияи қавмро ӯ фиристод, то ки ҳар яке ба хаймаи худ биравад.
  3. Ва Йӯнотон ба фавҷи фалиштиёне ки дар Ҷибъо буданд, шикаст расонид, ва фалиштиён инро шуниданд; ва Шоул дар тамоми замин шох навохта, гуфт: «Эй ибриён, бишнавед!»
  4. Ва чун тамоми Исроил шуниданд, ки Шоул ба фавҷи фалиштиён зарба  расонидааст, ва Исроил дар назари фа-лиштиён нафратангез гардидаанд, — қавм назди  Шоул дар Ҷилҷол  ҷамъ  омаданд.
  5. Ва фалиштиён барои ҷанг кардан ба муқобили Исроил ҷамъ шуданд, ки сӣ ҳазор ароба, ва шаш ҳазор савора, ва қавми сершуморе мисли реги соҳили баҳр доштанд; ва онҳо омада, дар Михмос,   ба  тарафи  шарқии  Байт-Овин  ӯрду заданд.
  6. Ва мардуми   Исроил   диданд,   ки   аҳволашон  табоҳ шудааст, зеро ки қавм ба танг омадаанд. Ва қавм дар ма-ғораҳо,   ва   дар   сӯрохҳо,   ва  дар   миёни сахраҳо,   ва  дар бурҷҳо,  ва  дар  ҳафраҳо  пинҳон  шуданд;
  7. Ва баъзе аз ибриён аз Ӯрдун гузашта, ба замини Ҷод ва Ҷилъод омаданд; ва Шоул ҳанӯз дар Ҷилҷол буд, ва та-моми қавм бо тарсу ларз назди ӯ шитофтанд.
  8. Ва ҳафт рӯз, то мӯҳлате ки  Самуил таъин намуда буд, интизорӣ кашиданд, вале Самуил ба Ҷилҷол наомад; ва қавм аз пеши Шоул пароканда мешуданд.
  9. Ва Шоул гуфт: «Қурбонии   сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро назди ман биёред!» Ва қурбонии сӯхтаниро баро-вард.
  10. Ва ҳамин ки баровардани қурбонии сӯхтаниро анҷом дод, инак, Самуил омад; ва Шоул ба пешвози ӯ баромад, то ки ӯро табрик намояд.

Худованд Шоулро рад мекунад.

  1. Ва Самуил гуфт: «Чӣ кардӣ?» Ва Шоул гуфт: «Чун дидам, ки қавм аз пеши  ман  пароканда мешаванд,  ва ту дар мӯҳлати таъиншуда наомадӣ, ва фалиштиён дар Мих-мос ҷамъ шудаанд, —
  2. Ба дили худ гуфтам, ки алҳол фалиштиён ба муқо-били ман дар Ҷилҷол фурӯд хоҳанд омад,  дар  сурате ки ман ҳанӯз ба ҳузури Худованд илтиҷо набурдаам, бинобар ин ман ҷуръат намуда, қурбонии сӯхтаниро баровардам».
  3. Ва Самуил  ба  Шоул гуфт:   «Беақлона амал кардаӣ! Ҳукми Худованд Худои худро, ки Ӯ ба ту амр   фарму-дааст,   ба   ҷо  наовардаӣ,   ва  ҳол  он  ки алҳол  Худованд подшоҳии туро бар Исроил то абад устувор мегардонид;
  4. Вале алҳол   подшоҳии   ту   устувор нахоҳад гардид: Худованд   барои  Худ   шахси   дигарро  ба  муддаои табъи Худ хоҳад талабид, ва ӯро Худованд бар қавми Худ раис таъин  хоҳад  кард,   зеро   ки  ту он чиро, ки Худованд ба ту амр фармуда буд, ба ҷо наовардаӣ».
  5. Ва Самуил бархоста, аз Чдлҷол ба Ҷибъои Биньёмин омад; ва  Шоул  қавмеро,   ки ҳамроҳаш  буданд,  шумурд, ки тақрибан шашсад нафар боқӣ монда буданд.
  6. Ва Шоул ва писараш Йӯнотон, ва қавме ки бо онҳо буданд, дар Ҷибъои Биньёмин ҷойгир шуданд; ва фалиш-тиён дар Михмос ӯрду заданд.
  7. Ва харобкунандагон аз   ӯрдуи   фалиштиён   се   фавҷ берун омаданд: як фавҷ ба роҳи Офро, сӯи замини Шоул равона шуданд;
  8. Ва фавҷи дигар ба роҳи Байт-Ҳӯрӯн равона шуданд; ва як фавҷ ба роҳи сарҳад, ки бар дараи Сабӯим сӯи биёбон намудор буд, равона шуданд.
  9. Ва дар тамоми замини Исроил оҳангаре ёфт намешуд, зеро ки фалиштиён мегуфтанд: «Мабодо ибриён  шамшере ё  найзае  бисозанд».
  10. Ва ҳамаи исроилиён назди фалиштиён фурӯд меомаданд.

то ки ҳар яке говоҳани худ ва каланди худ ва табари худ ва зоғнӯли худро тез кунанд.

  1. Вале барои   зоғнӯлҳо  ва каландҳо   ва   сешохаҳо  ва табарҳо  ва  тез   кардани  неши халачӯбҳо  сӯҳон  доштанд.
  2. Ва дар рӯзи ҷанг дар дасти тамоми қавме ки бо Шоул ва Йӯнотон буданд,  шамшер ва найзае ёфт нашуд; фақат дар   дасти   Шоул   ва  писараш  Йӯнотон ёфт шуд.
  3. Ва дастаи   посбонони   фалиштӣ ба самти гузаргоҳи Михмос  берун омаданд.

© IBT 1992

Реклама