Сеюм Подшоҳон боби 8

Тақдис кардани маъбад.

  1. ОН гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ-Исроилро назди подшоҳ Сулаймон дар  Ерусалим  ҷамъ  кард,  то ки  сандуқи  аҳди Худовандро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.
  2. Ва тамоми мардуми Исроил дар моҳи этоним, ки моҳи ҳафтум аст, дар ид назди подшоҳ Сулаймон чамъ шуданд.
  3. Ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, ва коҳинон сандуқро бардоштанд.
  4. Ва сандуқи Худованд, ва ҳаймаи ҷомеъ,  ва тамоми колои муқаддасро, ки дар хайма буд, бардоштанд; ва коҳинон ва левизодагон онҳоро бардоштанд.
  5. Ва подшоҳ Сулаймон ва тамоми ҷамоати Исроил, ки назди ӯ ҷамъ шуда буданд, ҳамроҳи ӯ пеши сандуқ истода, гӯсфандон ва говонро қурбонӣ мекарданд, ки миқдори онҳо-ро, ба сабаби бисьёриашон,   ба  ҳисоб   овардан   ва  муайян намудан мумкин набуд.
  6. Ва коҳинон сандуқи аҳди  Худовандро ба маконаш, ба ҳарами хона, ба қудси қудсҳо,  зери болҳои   каррубиён дароварданд.
  7. Зеро ки каррубиён болҳошонро   бар макони сандуқ паҳн мекарданд; ва каррубиён сандуқ ва дастакҳояшро аз боло мепӯшониданд.
  8. Ва дастакҳо он қадар дароз буд, ки сари дастакҳо аз қудсе ки пеши ҳарам буд, дида мешуд, вале аз берун дида намешуд; онҳо то имрӯз дар он ҷост.
  9. Дар сандуқ чизе набуд, ғайр аз ду лавҳи санг, ки Мусо дар Ҳӯриб дар он гузошт, вақте ки Худованд бо банӣ-Исроил, ҳангоми берун омаданашон аз замини Миср, аҳд баст.
  10. Ва чунин воқеъ шуд, ки чун коҳинон аз қудс берун омаданд, абр хонаи Худовандро пур кард.

Ҷалоли Худованд маъбадро пур мекунад. Дуои Сулаймон.

  1. Ва коҳинон, ба сабаби абр, натавонистанд барои хиз-мат биистанд, зеро кк ҷалоли Худованд хонаи Худовандро пур карда буд.
  2. Он гоҳ Сулаймон гуфт: «Худованд гуфтааст, ки дар меғ сокин мешавад.
  3. Ман хонае барои сукунати Ту бино намудаам, маконе барои он ки Ту дар он то абад сокин шавӣ».
  4. Ва подшоҳ рӯи худро гардонида, тамоми ҷамоати Исро-илро баракат дод, ва тамоми ҷамоати Исроил меистоданд.
  5. Ва гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки бо даҳони Худ ба падарам Довуд сухан рондааст, ва бо дасти Худ онро ба ҷо овардааст! Ӯ гуфтааст:
  6. «Аз рӯзе ки Ман   қавми   Худ   Исроилро   аз Миср берун овардаам, шаҳреро     аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои бино кардани хонае  барнагузидаам, то ки исми Ман дар он бошад; валекин Ман Довудро баргузидам, то ки ӯ бар қавми Ман Исроил сардорӣ намояд».
  7. Ва дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кунад.
  8. Вале Худованд ба падарам Довуд гуфт: «Чун дар дили ту орзуе буд, ки хонае ба исми Ман бино намоӣ, хуб кардӣ, ки чунин орзу дар дили худ доштӣ;
  9. Аммо ту хонаро бино нахоҳӣ кард, балки писари ту, ки аз камари ту берун ояд, — ӯ хонаро ба исми Ман бино хоҳад кард».
  10. Ва Худованд каломи Худро, ки ба забон ронда буд, ба ҷо овард, ва ман ба ҷои падарам Довуд ба майдон омадам ва, бар тибқи он чи Худованд гуфта буд, бар тахти Исроил нишастам ва хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кардам.
  11. Ва дар он, маконе барои сандуқи аҳди Худованд му-ҳайё намудам, аҳде ки Ӯ бо падарони мо, вақте ки онҳоро аз замини Миср берун овард, баста буд».
  12. Ва Сулаймон пеши қурбонгоҳи Худованд, дар рӯ ба рӯи тамоми ҷамоати Исроил истода, дастҳояшро сӯи осмон дароз кард,
  13. Ва гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил! Худое мисли Ту на дар осмон аз боло ҳаст, на бар замин аз поён. Ту ба бандагони Худ, ки ба ҳузури Ту бо тамоми дили худ рафтор менамоянд, аҳд ва эҳсонро нигоҳ медорӣ.
  14. Ту он чиро, ки ба бандаи Худ — падарам Довуд — гуф-тӣ, риоя намудӣ: Ту бо даҳони Худ гуфтӣ ва бо дасти Худ ба ҷо овардӣ, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  15. Ва алҳол, эй Худованд Худои Исроил, барои бандаи Худ, падарам Довуд, он каломро риоя намо, ки ба ӯ гуфтаӣ: «Касе ки ба ҳузури Ман бар тахти Исроил биншинад, барои ту хотима нахоҳад ёфт, ба шарте ки писаронат роҳҳои худ-ро нигоҳ дошта, ба ҳузури Ман рафтор намоянд, чунон ки ту ба ҳузури Ман рафтор намудаӣ».
  16. Ва алҳол, эй Худои Исроил, бигзор каломи Ту, ки ба бандаи Худ, падарам Довуд гуфтаӣ, собит гардад!
  17. Оё дар ҳақиқат Худо  бар  замин  сокин хоҳад шуд? Охир,  осмон  ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам!
  18. Валекин, эй Худованд   Худои   ман,  ба дуои  бандаи Худ ва ба истиғосаи вай таваҷҷӯҳ   намо, то тазаррӯъ ва дуоеро, ки бандаат имрӯз ба ҳузури Ту мегӯяд, бишнавӣ,
  19. Ва чашмони Ту бар ин хона, бар ин маконе ки дар бо-раи он гуфтаӣ: «Исми Ман дар он ҷо хоҳад буд», шабу рӯз воз бошад, ва Ту дуоеро, ки бандаат дар ин макон мегӯяд, бишнавӣ.
  20. Ва Ту истиғосаи бандаи Худ ва қавми Худ Исроилро, ки дар ин макон дуо мегӯянд, бишнав, онро аз ҷои сукунати Худ, аз осмон бишнав, ва шунида, биомурз.
  21. Ҳангоме ки касе нисбат ба ёри худ гуноҳ карда, ба қасам хӯрдан маҷбур шавад, ва омада, пеши қурбонгоҳи Ту дар ин хона қасам хӯрад, —
  22. Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва бар бандагонат доварӣ намо, то   ки шарирро айбдор карда, рафторашро ба сараш баргардонӣ, ва одилро сафед карда, бар тибқи адолаташ ба вай подош диҳӣ.
  23. Ҳангоме ки қавми Ту Исроал барои гуноҳе ки ба ҳу-зури Ту ба амал оварда бошанд, пеши душман мағлуб ша-ванд, ва сӯи Ту руҷӯъ намуда ва исми Туро ҳамду сано хонда, пеши  Ту дар ин хона  дуо  гӯянд  ва истиғоса  ку-нанд, —
  24. Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи қавми Худ Исроилро биомурз, ва онҳоро ба замине ки ба падаронашон додаӣ, баргардон.
  25. Ҳангоме ки осмон баста шавад ва барои гуноҳе ки ба ҳузури Ту ба амал оварда бошанд, борон наборад, ва дар ин макон дуо гуфта ва исми Туро ҳамду сано хонда, аз гуноҳи худ тавба кунанд, чунки Ту онҳоро фурӯ нишондаӣ, —
  26. Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи бандагони Худ ва қавми Худ Исроилро омурзида, роҳи некӯро, ки бо он бояд бираванд, ба онҳо нишон бидеҳ, ва бар замини Худ, ки онро ба қавми Худ барои мерос додаӣ, борон бифирист.
  27. Агар дар замин қаҳтӣ рӯй диҳад, агар вабо ояд, агар боди самум, хушксолӣ, малах ё кирмак пайдо шавад, агар душманонашон онҳоро дар шаҳрҳои заминашон ба танг ова-равд, агар ягон мусибат ё ягон беморӣ воқеъ шавад, —
  28. Он гоҳ ҳар дуо ва ҳар истиғосаро, ки аз ҷониби ҳар одам, ё аз ҷониби тамоми қавми Ту Исроил гуфта мешавад, вақте ки ҳар яке аз онҳо мусибати дили худро медонанд ва дастҳои худро сӯи ин хона дароз мекунанд,
  29. Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав ва би-омурз, ва амал намуда, ба ҳар кас, ки дили варо медонӣ, бар тибқи тамоми рафтораш подош бидеҳ, зеро ки танҳо Ту донандаи дилҳои тамоми банӣ-одам ҳастӣ,
  30. То ки онҳо тамоми айёми худ аз Ту ҳаросон бошанд, — тамоми айёме ки онҳо бар рӯи замине ки Ту ба падарони мо додаӣ, зиндагӣ мекунанд.
  31. Ва ҳамчунин аҷнабиро, ки аз қавми Ту Исроил набошад, вале ба хотири исми Ту аз замини дурдаст омада бошад, —
  32. Зеро ки онҳо низ овозаи исми бузурги Ту ва дасти қавии Ту ва бозуи тӯлонии Туро хоҳанд шунид, — ва ҳангоме ки вай омада, дар ин хона дуо гӯяд,
  33. Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав, ва ҳар он чиро, ки аҷнабӣ сӯи Ту хонда дархост намояд, ба амал овар, то ки ҳамаи қавмҳои замин исми Туро бишиносанд, ва аз Ту мисли қавми Ту Исроил ҳаросон бошанд, ва би-донанд, ки исми Ту бар ин хонае ки ман бино кардам, хонда шудааст.
  34. Ҳангоме ки қавми Ту ба ҷанги зидди душмани худ, бо роҳе ки Ту онҳоро фиристодаӣ, берун оянд, ва ба шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Худованд дуо гӯянд, —
  35. Он гоҳ Ту аз осмон дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар.
  36. Ҳангоме ки онҳо пеши Ту гуноҳ кунанд, — зеро касе нест, ки гуноҳ накунад, — ва ту бар онҳо ғазаб карда, он-ҳоро ба душман таслим намоӣ, ва асиркунандагонашон он-ҳоро ба замини душман, — хоҳ наздик бошад хоҳ дур, — бибаранд;
  37. Ва ҳангоме ки онҳо дар замине ки он ҷо асир бошанд, ба худ омада тавба кунанд, ва дар замини асиркунандагони худ сӯи Ту истиғоса намуда, гӯянд: «Мо гуноҳ карда ва осӣ шуда, рафтори шарирона кардем»;
  38. Ва ҳангоме ки онҳо дар замини  душманонашон, ки онҳоро ба асирӣ бурдаанд, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Ту баргарданд, ва ба замине ки Ту ба падаро-нашон додаӣ, ба шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Ту дуо гӯянд, —
  39. Он гоҳ Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар,
  40. Ва қавми Худро, ки пеши Ту гуноҳ кардаанд, афв намо, ва ҳамаи маъсиятҳои онҳоро, ки пеши Ту ба амал овардаанд, биомурз, ва нисбат ба онҳо дар дили асиркунандагонашон тараҳҳум ба вуҷуд овар, то ки ба онҳо раҳм кунанд;
  41. Зеро ки онҳо қавми Ту ва мероси Ту ҳастанд, ки он-ҳоро аз Миср, аз даруни кӯраи оҳан берун овардаӣ,
  42. То ки чашмони Ту ба истиғосаи  бандаи  Ту ва ба истиғосаи қавми Ту Исроил воз бошад, ва Ту онҳоро, ҳар вақте ки сӯи Ту бихонанд, бишнавӣ;
  43. Зеро ки Ту онҳоро аз миёни ҳамаи қавмҳои замин, барои Худ ҳамчун мерос ҷудо кардаӣ, чунон ки ба воситаи бандаат Мусо сухан рондӣ, вақте ки Ту, эй Худованд Худо, падарони моро аз Миср берун овардӣ».

Сулаймон қавмро баракат медиҳад.

  1. Ва чун Сулаймон гуфтани тамоми ин дуо ва истиғо-саро назди Худованд ба анҷом расонид, аз пеши қурбонгоҳи Худованд, аз он ҳолате ки зону зада ва дастҳояшро суи осмон дароз карда буд, бархост;
  2. Ва истода, тамоми ҷамоати Исроилро бо овози баланд баракат дод ва гуфт:
  3. «Муборак аст Худованд, ки ба қавми Худ Исроил, му-вофиқи ҳар каломи Худ, оромӣ бахшидааст! Аз тамоми кало-ми неке ки Ӯ ба воситаи бандаи Худ Мусо гуфта буд, як сухан ҳам зоеъ нарафтааст.
  4. Бигзор Худованд Худои мо бо мо бошад, чунон ки бо падарони мо буд; бигзор моро тарк накунад ва напартояд,
  5. Балки дилҳои моро сӯи Худ моил гардонад, то   ки дар ҳамаи роҳҳои Ӯ равона шавем ва фароизу аҳкому дастур-ҳои Ӯро, ки ба падарони мо амр фармудааст, риоя намоем.
  6. Ва бигзор ин суханонам, ки бо онҳо ба ҳузури Худо-ванд истиғоса намудаам, рӯзу шаб ба Худованд Худои мо наздик бошад, то ки Ӯ дархости бандаи Худ ва дархости қавми Худ Исроилро рӯз ба рӯз ба ҷо оварад,
  7. То ҳамаи қавмҳои замин бидонанд, ки Худованд Ху-дост, ва дигаре нест.
  8. Ва бигзор дили шумо бо Худованд Худои мо пур бо-шад, то ки мувофиқи фароизи Ӯ рафтор намоед ва аҳкоми Ӯро мисли имрӯз ба ҷо оваред».
  9. Ва подшоҳ ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ барои Худо-ванд курбонӣ карданд.
  10. Ва Сулаймон ҳамчун  қурбонии  саломатӣ,   ки барои Худованд оварда буд, бисту ду ҳазор гов ва саду бист ҳа-зор гӯсфанд забҳ намуд; ва подшоҳ ва тамоми банӣ-Исроил хонаи Худовандро тақдис карданд.
  11. Дар ҳамон рӯз подшоҳ миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд аст, тақдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои   саломатиро дар он ҷо ба амал овард, зеро қурбонгоҳи мисине ки ба ҳузури Худо-ванд буд, барои гунҷонидани қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи курбониҳои саломатӣ хурдӣ кард.
  12. Ва Сулаймон дар он вақт ид кард, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, ки ин ҷамоати  бузург,   аз даромадгоҳи Ҳамот то водии Миср, ҳафт рӯз ва ҳафт рӯз,  ҷамъ чордаҳ рӯз ба ҳузури Худованд Худои мо буданд.
  13. Дар рӯзи ҳаштум ӯ қавмро фиристод, ва онҳо под-шоҳро баракат доданд, ва аз тамоми  некие ки  Худованд барои бандаи Худ Довуд ва қавми Худ Исроил карда буд, хурсанд  ва  дилшод  гардида,   ба хаймаҳои худ рафтанд.

© IBT 1992

Реклама