Сеюм Подшоҳон боби 6

Ибтидои сохтмони маъбад.

  1. ВА дар   соли  чорсаду   ҳаштодуми   аз   Миср   берун омадани банӣ-Исроил, дар соли чоруми подшоҳии Сулаймон бар   Исроил,   дар   моҳи   зив,   ки  моҳи   дуюм   аст,   ӯ  ба бино кардани хонае барои Худованд шурӯъ намуд.
  2. Ва хонае ки подшоҳ Сулаймон барои Худованд бино кард, дарозияш шаст зироъ, фарохияш бист зироъ ва қадаш сӣ зироъ буд.
  3. Ва равоқи   пеши   толори хона,   мувофиқи  фарохии хона, дарозияш бист зироъ ва қадаш даҳ зироъ дар пеши хона буд.
  4. Ва барои хона тирезаҳои пӯшидаи шабакадор сохт.
  5. Ва назди девори хона иморати  изофӣ   сохт,  ки  он гирдогирди деворҳои хона, яъне гирдогирди толор ва ҳарам буд; ва гирдогирд хоначаҳо сохт.
  6. Қабати поёнии  иморати  изофӣ   панҷ зироъ фарохӣ, қабати миёнаи он шаш зироъ  фарохӣ ва қабати сеюми он ҳафт зироъ фарохӣ дошт, зеро ки гирдогирди хона аз берун барҷастагиҳо гузошта шуда буд, то ки болорҳо ба деворҳои хона пайванд нашавад.
  7. Ва ҳангоме ки хона бино меёфт, он аз сангҳои яклухте ки тарошида оварда буданд, бино ёфт, ва садои болға ва та-бар ва ҳар олати оҳанин дар вақти бино ёфтани хона шуни-да нашуд.
  8. Дари қабати миёна аз тарафи рости хона буд, ва ба воситаи зинапояи печопеч ба қабати миёна, ва  аз қабати миёна ба қабати  сеюм  мебаромаданд.
  9. Ва ӯ хонаро бино карда, ба анҷом расонид; ва хонаро бо чӯбу тахтаҳои арз рӯйбаст кард.
  10. Ва дар  гирди  тамоми  хона  иморати  изофӣ сохт, ки қади ҳар қабаташ панҷ зироъ буд; ва он бо болорҳои арз ба хона пайванд гардид.
  11. Ва каломи Худованд бар Сулаймон нозил шуда, гуфт:
  12. «Ин хонае ки ту бино мекунӣ, — агар ту бар тибқи фароизи Ман рафтор намоӣ ва дастурҳои Маро ба ҷо оварӣ, ва тамоми аҳкоми Маро нигоҳ дошта, мувофиқи онҳо қадам-гузор шавӣ, — он гоҳ Ман каломи Худро, ки ба падарат Довуд гуфтаам, бо ту  ба  амал хоҳам овард.
  13. Ва дар миёни банӣ-Исроил сокин шуда, қавми  Худ Исроилро  тарк нахоҳам кард».
  14. Ва Сулаймон хонаро  бино  карда, ба анҷом расонид.
  15. Ва деворҳои  хонаро  аз  дарун  бо  чӯбҳои  арз   бино кард,  аз замини хона то болорҳои сақф аз дарун бо тахта рӯйбаст намуд, ва замини хонаро бо чӯбҳои сарв фарш кард.
  16. Ва бист  зироъро  аз  ақсои  хона  бо  чӯбҳои сарв аз замин то болорҳои сақф бино кард; ва инро ӯ аз дарун барои ҳарам, ки қудси қудсҳост, бино кард.
  17. Ва хона, яъне толори пеши ҳарам, чил зироъ буд.
  18. Ва бар рӯйбасти арзии даруни хона кандакорӣ ба шак-ли ғунчаҳо ва шукуфаҳо буд; ҳама ҷо бо арз рӯйбаст карда шуда буд, санге ба назар наменамуд.
  19. Ва ҳарамро   андаруни  хона   барои   он   сохта буд, ки дар он ҷо сандуқи аҳди Худовандро ҷойгир кунад.
  20. Ва даруни ҳарам бист зироъ   дарозӣ, ва   бист  зироъ фарохӣ ва бист зироъ қад дошт, ва онро ӯ бо зари холис рӯйбаст намуд; қурбонгоҳи арзиро низ рӯйбаст намуд.
  21. Ва Сулаймон хонаро аз дарун бо зари холис рӯйбаст намуд; ва   пеши   дари   ҳарам   занҷирҳои тилло овехт, ва онро бо тилло рӯйбаст намуд.
  22. Ва тамоми хонаро, то  охири  тамоми  хона, бо тилло рӯйбаст намуд; ва тамоми қурбонгоҳро, ки пеши дари ҳарам буд, бо тилло рӯйбаст намуд.
  23. Ва дар ҳарам ду каррубӣ аз чӯби зайтун сохт, ки қади ҳар яке даҳ зироъ буд.
  24. Ва як боли каррубӣ панҷ зироъ ва боли дигари кар-рубӣ панҷ зироъ буд; аз сари як бол то сари боли дигар даҳ зироъ буд.
  25. Ва каррубии дуюм даҳ зироъ буд; ҳар  ду каррубӣ як андоза ва як шакл доштанд.
  26. Қади як каррубӣ даҳ зироъ буд, ва ҳамчунин каррубии дигар.
  27. Ва ӯ каррубиёнро дар миёни хонаи дарунӣ гузошт, дар ҳолате ки болҳои каррубиён паҳн шуда буд, ва боли як каррубӣ ба як девор мерасид, ва боли каррубии дигар ба девори дигар мерасид, ва болҳои дигари  онҳо  дар  миёни хона бол  бо  бол бармехӯрд.
  28. Ва ӯ каррубиёнро бо тилло рӯйбаст намуд.
  29. Ва бар   ҳамаи   деворҳои хона, гирдогирд, нақшҳои каррубиён ва нахлҳо ва ғунчаҳои шукуфтаро дар андарун ва берун канд.
  30. Ва замини хонаро дар   андарун ва   берун бо  тилло рӯйбаст намуд.
  31. Ва дар  даромадгоҳи   ҳарам  дари  дутабақа  аз  чӯби зайтун сохт; паҳлударии он панҷгӯша буд.
  32. Ва бар он дари дутабақа, ки аз чӯби зайтун буд, ӯ нақшҳои каррубиён ва нахлҳо ва ғунчаҳои шукуфтаро канд ва бо тилло рӯйбаст намуд; ва каррубиён ва нақшҳои нахл-ро бо тилло пӯшонид.
  33. Ва ҳамчунин барои дари толор паҳлудариҳо аз чӯби зайтун сохт, ки чоргӯша буд.
  34. Ва ду табақаи ин дар аз чӯби сарв буд; ва ду тахтаи табақаи аввал мутаҳаррик буд, ва ду тахтаи табақаи дуюм мутаҳаррик буд.
  35. Ва бар онҳо нақшҳои каррубиён ва нахлҳо ва ғунчаҳои шукуфтаро канд, ва онҳоро бо тиллое ки ба кандакорӣ мувофиқ кунонида буд, рӯйбаст намуд.
  36. Ва саҳни дохилиро аз се қатор сангҳои тарошидашуда ва як қатор ғӯлаҳои арз бино кард.
  37. Дар соли чорум, дар моҳи зив, буньёди хонаи Худо-ванд гузошта шуд.
  38. Ва дар соли ёздаҳум, дар моҳи бул, ки моҳи ҳаштум аст, хона бо тамоми лавозимоташ мувофиқи ҳамаи дастур-ҳояш ба анҷом расид; ва ҳафт сол ӯ онро бино кард.

© IBT 1992

Реклама