Сеюм Подшоҳон боби 2

Васияти Довуд ба Сулаймон.

  1. ВА айёми фавти Довуд наздик омад, ва ӯ ба писари худ Сулаймон васият карда, гуфт:
  2. «Ман ба роҳи тамоми аҳли замин меравам, пас ту қави-дил ва мард бош.
  3. Ва амри Худованд Худои худро ба ҷо оварда, бо роҳ-ҳои Ӯ равона шав, фароизи Ӯ, аҳкоми Ӯ ва дастурҳои Ӯ ва шаҳодоти Ӯро, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, риоя намо, то дар ҳар коре ки мекунӣ ва ба ҳар ҷое ки рӯ меоварӣ, комьёб гардӣ,
  4. То ки Худованд каломи Худро, ки дар ҳаққи ман ба забон рондааст, ба ҷо оварад, яъне гуфтааст: «Агар писаро-нат роҳи худро риоя намуда, бо тамоми дили худ ва бо та-моми ҷони худ ба ҳузури Ман бо ростӣ рафтор кунанд, ба яқин касе аз насли ту аз болои тахти Исроил маҳв нахоҳад шуд».
  5. Ва низ он чиро, ки Юоб ибни Саруё ба ман кард, яъне он чиро, ки ӯ дар ҳаққи ду сарлашкари Исроил, — дар ҳаққи Абнир ибни Нир ва Амосо ибни Ётар, — кард, ту медо-нӣ: ӯ онҳоро кушта, хуни ҷангро дар вақти сулҳ рехт, ва камарбандеро, ки ба камараш дошт, ва кафшеро, ки ба пой-ҳояш буд, ба хуни ҷанг олуда кард.
  6. Пас, бар тибқи ҳикмати худ  амал   намо,  ва намон, ки мӯи сафедаш ба саломатӣ ба гӯр фурӯд ояд.
  7. Валекин ба писарони Барзилои ҷилъодӣ эҳсон намо, ва бигзор онҳо дар миёни касоне бошанд, ки дар сари суф-раи ту хӯрок мехӯранд,  зеро ки онҳо ба  ман ҳамин тавр наздик шуда буданд, вақте ки аз дасти бародарат Абшолӯм рӯ ба гурез овардам.
  8. Ва инак, Шимъӣ ибни Ҷерои биньёминӣ, ки аз Баҳурим аст, назди ту мебошад, ва ӯ маро, дар рӯзе ки ба Маҳаноим мерафтам, бо дашномҳои сахт дашном дода буд; вале ӯ ба пешвози ман назди Урдун омад, ва ман барои ӯ ба Худованд қасам хӯрда гуфтам, ки «туро бо шамшер нахоҳам кушт»
  9. Ва алҳол ту ӯро бегуноҳ ҳисоб накун, зеро ки ту марди хирадманд ҳастӣ, ва медонӣ, ки ба ӯ чӣ коре бикунӣ, то ки мӯи сафедашро хунолуд гардонида ба гӯр фурӯд оварӣ».

Фавти Довуд.

  1. Ва Довуд бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри Довуд дафн карда шуд.
  2. Ва айёме ки Довуд бар Исроил подшоҳӣ кард, чил сол буд: дар Ҳебрӯн ҳафт сол подшоҳӣ кард, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард.

Подшоҳии Сулаймон.

  1. Ва Сулаймон бар тахти падараш Довуд нишаст, ва сал-танати ӯ бағоят мустаҳкам гардид.
  2. Ва Адӯниё   ибни  Ҳаҷҷит  назди   Батшобаъ, модари Сулаймон, омад. Вай гуфт:  «Оё ба саломатӣ омадаӣ?» Ва ӯ ҷавобан гуфт: «Ба саломатӣ».
  3. Ва ӯ гуфт: «Ба ту сухане дорам». Вай гуфт: «Бигӯ».
  4. Ва ӯ гуфт: «Ту медонӣ, ки салтанат ба ман тааллуқ дошт, ва тамоми Исроил рӯи худро сӯи ман нигаронида буданд, ки ман подшоҳ шавам; валекин салтанат аз ман рӯй гардо-нида, аз они бародарам шуд, зеро ки он аз ҷониби Худованд насиби ӯ гардидааст.
  5. Ва алҳол ман илтимосе аз ту дорам, хоҳиши маро рад на-кун». Вай ба ӯ гуфт: «Бигӯ».
  6. Ва ӯ гуфт: «Лутфан, ба подшоҳ Сулаймон бигӯ,— зеро ӯ хоҳиши туро рад нахоҳад кард, — ки Абишаги шунаммиро ба ман ба занӣ бидиҳад».
  7. Ва Батшобаъ гуфт: «Хуб шудааст; ман дар бораи ту ба подшоҳ сухан хоҳам гуфт».
  8. Ва Батшобаъ назди подшоҳ Сулаймон омад, то ки ба ӯ дар бораи Адӯниё сухан гӯяд. Ва подшоҳ ба пешвози вай бархоста, ба вай саҷда бурд, ва бар тахти худ нишаст. Барои модари подшоҳ низ тахте гузоштанд, ва вай аз тарафи рости ӯ нишаст,
  9. Ва гуфт: «Як илтимоси хурде ман аз ту дорам, хоҳиши маро рад накун». Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Бигӯ, эй модарам, зеро ки ман хоҳиши туро рад нахоҳам кард».
  10. Вай гуфт: «Изн бидеҳ, ки Абишаги шунаммиро ба баро-дарат Адӯниё ба занӣ бидиҳанд».
  11. Ва подшоҳ Сулаймон ба модараш ҷавоб гардонида, гуфт: «Чаро ту Абишаги шунаммиро барои Адӯниё илтимос мекунӣ? Пас, салтанатро низ барои вай илтимос кун, ки вай бародари калонии ман аст, —  ҳам барои вай, ҳам барои Абьётори коҳин ва ҳам барои Юоб ибни Саруё».
  12. Ва подшоҳ Сулаймон ба Худованд қасам хӯрда, гуфт: «Худо ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар Адӯниё ин суханро ба зарари ҷони худ нагуфта бошад!
  13. Ва алҳол қасам ба ҳаёти Худованде ки маро мустаҳкам намуда ва бар тахти падарам Довуд нишонида ва хонае ба-рои ман, чунон ки гуфта буд, барпо кардааст, — худи имрӯз Адӯниё бояд бимирад!»
  14. Ва подшоҳ Сулаймон Баноё ибни Еҳӯёдоъро фиристод, ки вай ӯро зарба зад, ва ӯ мурд.

Абьётор аз каҳонат маҳрум гардид.

  1. Ва подшоҳ ба Абьётори коҳин гуфт: «Ба киштзори худ ба Анотӯт бирав, зеро ту сазовори қатл ҳастӣ, вале имрӯз туро нахоҳам кушт, чунки ту сандуқи Худованди Парварди-горро ба ҳузури падарам Довуд бардоштаӣ, ва дар ҳамаи азиятҳои падарам азият кашидаӣ».
  2. Ва Сулаймон Абьёторро аз каҳонати Худованд бадар ронд, то каломи Худовандро, ки дар ҳаққи хонадони Элӣ дар Шилӯ гуфта буд, ба амал оварад.

Гурехтани Юоб ва фавти ӯ.

  1. Овозаи ин ба гӯши Юоб расид, — дар сурате ки Юоб ба тарафи Адӯниё моил шуда буд, вале ба  тарафи Абшо-лӯм моил нашуда буд, — ва Юоб ба хаймаи Худованд гурех-та, шохҳои қурбонгоҳро гирифт.
  2. Ва ба подшоҳ Сулаймон хабар расониданд, ки Юоб ба хаймаи Худованд гурехтааст, ва инак назди қурбонгоҳ мебо-шад. Ва Сулаймон Баноё ибни Еҳӯёдоъро фиристода, гуфт: «Рафта, ӯро зарба зан».
  3. Ва Баноё назди хаймаи Худованд омада, ба ӯ гуфт: «Подшоҳ чунин гуфт: «Баро!»» Ва ӯ гуфт: «Не, балки дар ин ҷо мехоҳам бимирам». Ва Баноё ба подшоҳ хабар расонида, гуфт: «Юоб чунин сухан ронд, ва ба ман чунин ҷавоб дод».
  4. Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Аз рӯи гуфтаи ӯ амал намо, ва ӯро зарба зада, дафн кун, ва хуни ноҳаққеро, ки Юоб рехта буд, аз ман ва аз хонадони падарам дур соз.
  5. Ва бигзор Худованд хуни ӯро бар сари худи ӯ баргар-донад, барои он ки ӯ ба ду шахсе ки аз ӯ одилтар ва не-кӯтар буданд, зарба расонида, онҳоро бо шамшер кушт, ва падарам Довуд аз ин бехабар буд, яъне: Абнир ибни Нирро, ки сарлашкари Исроил буд, ва Амосо ибни Ётарро, ки сар-лашкари Яҳудо буд;
  6. Ва бигзор хуни онҳо бар сари Юоб ва бар сари насли ӯ ба сурати абадӣ баргардад, вале барои Довуд ва наслаш ва хонадонаш ва тахташ осоиштагӣ аз ҷониби Худованд то абад бошад!»
  7. Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ баромада, ӯро зарба зад, ва ӯро кушт; ва ӯ дар хонааш, ки дар биёбон буд, дафн карда шуд.

Баноё сарлашкар. Содӯқ коҳин.

  1. Ва подшоҳ Баноё ибни Еҳӯёдоъро ба ҷои ӯ бар лаш-кар таъин кард; ва подшоҳ Содӯқи коҳинро ба ҷои Абьётор таъин намуд.
  2. Ва подшоҳ фиристода, Шимъиро даъват намуд ва ба ӯ гуфт: «Барои худ хонае дар Ерусалим бино карда, дар он ҷо сокин шав, ва аз он ҷо ба ҳеҷ тараф берун нарав.
  3. Ва дар рӯзе ки ту берун рафта, аз наҳри Қидрӯн бигзарӣ, яқинан бидон, ки хоҳӣ мурд, ва хунат бар сари худат хоҳад буд».

Қатли Шимъӣ.

  1. Ва Шимъӣ ба   подшоҳ   гуфт:   «Ин   сухан хуб   аст; чунон ки  оғоям подшоҳ гуфтааст,  бандаат   ончунон амал хоҳад кард». Ва Шимъӣ айёми зиёде дар Ерусалим иқомат намуд.
  2. Вале баъд аз гузаштани се сол чунин воқеъ шуд, ки ду навкари Шимъӣ назди Окиш ибни Маако, подшоҳи Ҷат, гурехтанд; ва ба Шимъӣ хабар дода, гуфтанд: «Инак, нав-каронат дар Ҷат мебошанд».
  3. Ва Шимъӣ бархоста, харашро зин кард,  ва ба Ҷат назди Окиш рафт, то ки навкаронашро ҷустуҷӯ намояд,   ва Шимъӣ  рафта,  навкаронашро  аз  Ҷат  овард.
  4. Ва ба Сулаймон хабар расид, ки Шимъӣ аз Еруса-лим ба Ҷат рафтааст,  ва  баргаштааст.
  5. Ва подшоҳ фиристода, Шимъиро   даъват  намуд, ва ба вай гуфт: «Туро, охир, ба Худованд қасам додам, ва ту-ро огоҳ намуда, гуфтам: «Дар рӯзе ки берун рафта, ба ягон тараф равона шавӣ, бидон,  ки яқинан хоҳӣ мурд». Ва ту ба ман гуфтӣ: «Ин сухан, ки шунидам, хуб аст».
  6. Пас, чаро қасами Худованд ва амреро, ки ба ту фар-мудам, риоя накардӣ?»
  7. Ва подшоҳ ба Шимъӣ гуфт: «Тамоми бадиеро, ки дар ҳаққи падарам Довуд кардаӣ, ту медонӣ, ва дилат аз он хабар дорад; ва Худованд он бадии туро ба сарат баргардо-нидааст.
  8. Ва подшоҳ Сулаймон муборак хоҳад  буд,  ва тахти Довуд ба ҳузури Худованд то абад устувор хоҳад монд».
  9. Ва подшоҳ ба Баноё ибни Еҳӯёдоъ амр фармуд, ва ӯ берун рафта, варо зарба зад, ва вай мурд. Ва салтанат дар дасти Сулаймон мустаҳкам гардид.

© IBT 1992

Реклама