Сеюм Подшоҳон боби 16

Нубувват дар бораи Баъшо ва фавти ӯ.

  1. ВА каломи Худованд бар Еҳу ибни Ҳанонӣ дар бораи Баъшо нозил шуда, гуфт:
  2. «Азбаски Ман туро аз хок баланд бардоштам, ва туро бар қавми Худ Исроил раис таъин намудам, вале ту бо роҳи Ёробъом рафтор кардӣ, ва қавми Ман Исроилро гирифтори гуноҳ гардондӣ, ба тавре ки онҳо Маро бо гуноҳҳои худ ба ғазаб оварданд, —
  3. Инак, Ман Баъшо ва хонадони ӯро маҳв менамоям, ва хонадони туро мисли хонадони Ёробъом ибни Набот хоҳам гардонид.
  4. Касе ки  аз  насли Баъшо  дар  шаҳр  бимирад, варо сагон хоҳанд хӯрд; ва касе ки аз насли ӯ дар саҳро бимирад, варо мурғони ҳаво хоҳанд хӯрд».
  5. Ва бақияи аъмоли Баъшо, ва ҳар чи ӯ кардааст, ва корнамоии ӯ дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  6. Ва Баъшо бо падарони худ хобид, ва дар Тирсо дафн карда шуд. Ва писараш Эло ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  7. Ва низ ба воситаи Еҳу ибни Ҳанонии набӣ каломи Худованд дар бораи Баъшо ва хонадонӣ вай нозил шуд, — ҳам аз боиси тамоми шарорате ки вай дар пеши назари Худо-ванд ба амал оварда, Худовандро ба ғазаб оварда буд, ба дараҷае ки монанди хонадони Ёробъом гардида буд, ва ҳам аз боиси он ки ӯро кушта буд.

Подшоҳии Эло.

  1. Дар соли бисту шашуми Осо, подшоҳи Яҳудо, Эло ибни Баъшо   бар   Исроил   дар   Тирсо   подшоҳ   шуда,  ду сол салтанат ронд.
  2. Ва навкари ӯ Зимрӣ, ки сардори нисфи аробаҳо буд, ба муқобили ӯ суиқасд намуд. Вақте ки ӯ дар Тирсо, дар хонаи Арсо, ки нозири дарбори ӯ дар Тирсо буд, нӯшида маст шуд,
  3. Зимрӣ омада, ӯро дар соли бисту ҳафтуми Осо, под-шоҳи Яҳудо, зарба зада кушт, ва ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳии Зимрӣ.

  1. Ва ҳангоме ки вай подшоҳ шуда, бар тахти ӯ нишаст, тамоми хонадони  Баъшоро   кушт, ба  тавре  ки як нарина ҳам аз насли у ва аз  хешовандон ва ёрони ӯ боқӣ нагу-зошт.
  2. Ва Зимрӣ тамоми хонадони Баъшоро, бар тибқи кало-ме ки Худованд дар бораи Баъшо ба воситаи Еҳуи набӣ гуфта буд, маҳв намуд,
  3. Аз боиси ҳамаи гуноҳҳои Баъшо ва гуноҳҳои писараш Эло, ки худашон гуноҳ карда ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида, Худованд Худои Исроилро бо бутҳои худ ба ға-заб оварда буданд.
  4. Ва бақияи аъмоли Эло, ва ҳар чи ӯ кардааст, дар ки-тоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  5. Дар соли бисту ҳафтуми Осо, подшоҳи Яҳудо, Зимрӣ дар Тирсо ҳафт рӯз подшоҳӣ кард, дар сурате ки қавм назди Ҷибтӯн, ки  дар дасти  фалиштиён   буд,   ӯрду зада буданд.
  6. Ва қавме ки дар ӯрдугоҳ буданд, шуниданд, ки Зим-рӣ суиқасд намудааст ва  подшоҳро низ куштааст; он гоҳ тамоми Исроил Омриро, ки сарлашкар буд, дар он рӯз дар ӯрдугоҳ бар Исроил подшоҳ карданд.
  7. Ва Омрӣ, ва тамоми Исроил бо ӯ, аз Ҷибтӯн баро-мада, Тирсоро муҳосира карданд.
  8. Ва чун Зимрӣ дид, ки шаҳр забт карда шуд, ба ҳуҷ-раи дохилии хонаи подшоҳ даромада, хонаи подшоҳро бар сари худ ба оташ сӯзонид, ва мурд,
  9. Аз боиси гуноҳҳои худ, ки аъмоли дар назари Худо-ванд бадро ба ҷо оварда,   гуноҳ кард, ва бо роҳи Ёробъом ва дар гуноҳҳои вай рафтор намуда, Исроилро гирифтори гуноҳ гардонид.
  10. Ва бақияи аъмоли Зимрӣ ва суиқасде ки ӯ ба амал овард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Мухолифат дар миёни Омрӣ ва  Тибнӣ, ва подшоҳ, шудани Омрӣ.

  1. Он гоҳ қавми Исроил ду тақсим шуданд: нисфи қавм тарафдори Тибнӣ ибни Ҷинат буданд,  то ки варо подшоҳ кунанд, ва нисфи дигарашон — тарафдори Омрӣ.
  2. Ва қавме ки тарафдори Омрӣ буданд, бар қавме ки та-рафдори Тибнӣ ибни Ҷинат буданд,  дастболо шуданд, ва Тибнӣ мурд, ва Омрӣ подшоҳ шуд.
  3. Дар соли сию якуми Осо,   подшоҳи   Яҳудо,  Омрӣ бар Исроил подшоҳ шуда, дувоздаҳ сол салтанат ронд; дар Тирсо шаш сол салтанат ронд.
  4. Ва ӯ кӯҳи Шӯмрӯнро аз Сомар ба ду киккар нуқра харид, ва бар кӯҳ бино кард, ва номи шаҳреро, ки бино кард, ба номи Сомар, ки соҳиби кӯҳ буд, Сомария хонд.
  5. Ва Омрӣ он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, ва аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор кард.
  6. Ва комилан роҳи Ёробъом ибни Набот ва гуноҳҳои варо пайравӣ намуд, ки вай Исроилро гирифтори гуноҳ гар-донида буд,   то  ки  Худованд  Худои Исроилро бо бутҳои худ ба ғазаб оваранд.
  7. Ва бақияи аъмоли Омрӣ, ки кардааст, ва корнамоие ки нишон   додааст,  дар   китоби   вақоеъномаи   подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  8. Ва Омрӣ бо падарони худ хобид, ва дар Сомария дафн карда шуд; ва писараш Аҳъоб ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  9. Ва Аҳъоб ибни Омрӣ дар соли   сию ҳаштуми Осо, подшоҳи Яҳудо, бар Исроил подшоҳ  шуд; ва Аҳъоб ибни Омрӣ бар Исроил дар Сомария бисту ду сол салтанат ронд.
  10. Ва Аҳъоб ибни Омрӣ аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ӯ бу-данд, дар назари Худованд бештар рафтори бад кард.
  11. Ба гуноҳҳои  Ёробъом   ибни   Набот  пайравӣ  карда-наш магар кам буд, ки ӯ Изобал бинти  Этбаал,  подшоҳи сидӯниёнро ба занӣ гирифт, ва рафта, Баалро ибодат кард, ва ба вай саҷда бурд.
  12. Ва дар хонаи Баал, ки дар Сомария бино кард, қурбон-гоҳе барои Баал барпо намуд.
  13. Ва Аҳъоб Ашераро сохт; ва Аҳъоб корҳои бадашро давом дода, бештар аз ҳамаи подшоҳони Исроил, ки пеш аз ӯ буданд, Худованд Худои Исроилро ба ғазаб овард.
  14. Дар айёми ӯ Ҳиили байт-илӣ Ериҳӯро бино кард: бар нахустзодаи худ Абиром, буньёди онро гузошт, ва бар писари хурдии худ Саҷуб дарвозаҳояшро шинонид, бар тибқи кало-ми Худованд, ки ба воситаи Еҳушаъ ибни Нун гуфта буд.

© IBT 1992