Сеюм Подшоҳон боби 14

Иҷрои ҷузъии нубувват оид ба Ёробьом.

  1. ДАР он замон Абиё, писари Ёробъом, бемор шуд.
  2. Ва Ёробъом ба зани худ гуфт: «Лутфан,  бархоста, намуди худро дигаргун соз, то надонанд, ки ту зани Ёробъом ҳастӣ, ва ба Шилӯ бирав; инак, Аҳиёи набӣ дар он ҷост, ки ӯ дар бораи ман гуфта буд, ки бар ин қавм подшоҳ хоҳам шуд.
  3. Ва дар дасти худ даҳто нон, ва кулчаҳо, ва кӯзаи асал гирифта, назди ӯ бирав; ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки ҳоли кӯдак чӣ мешавад».
  4. Ва зани Ёробъом ҳамин тавр амал кард, ва бархоста, ба Шилӯ рафт, ва ба хонаи Аҳиё омад; вале Аҳиё наметавонист бубинад, зеро ки чашмонаш аз пирӣ нобино шуда буд.
  5. Ва Худованд ба Аҳиё гуфт: «Инак, зани Ёробъом меояд, то дар бораи писараш, ки бемор аст, чизе аз ту бипурсад; ба вай чунин ва чунин бигӯ; ва ҳангоме ки вай меояд, худро ношинос вонамуд хоҳад кард».
  6. Ва чун Аҳиё садои пойҳои варо, ки ба дар дохил мешуд, шунид, гуфт: «Эй зани Ёробъом, дохил шав! Чаро ту худро ношинос вонамуд мекунӣ? Ман бо сухани сахт назди ту фиристода шудаам;
  7. Рафта, ба Ёробъом бигӯ: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски Ман туро аз миёни  қавм сарафроз кардам, ва туро бар қавми Худ Исроил раис таъин намудам,
  8. Ва мамлакатро аз хонадони Довуд пора карда гириф-там, ва онро ба ту додам, вале ту мисли бандаам Довуд набудӣ, ки вай аҳкоми Маро риоя мекард ва бо тамоми дили худ Маро пайравӣ намуда, фақат он чиро, ки дар назари Ман рост аст, ба амал меовард;
  9. Ва ту аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ту буданд, бадтар рафтор кардӣ, ва рафта, худоёни дигар ва бутҳои   рехтае барои худ сохтӣ, то ки Маро ба ғазаб оварӣ; ва Маро ту аз худ дур андохтӣ, —
  10. Бинобар ин, инак Ман бар хонадони Ёробъом фалокат меоварам, ва аз Ёробъом ҳар нарина ва ҳар бандӣ ва озодро, ки дар Исроил бошанд, маҳв менамоям, ва хонадони Ёробъомро тамоман  нест мекунам, чунон   ки наҷосатро  то  ба охир нест мекунанд;
  11. Ҳар кӣ аз Ёробъом дар шаҳр  бимирад,  варо   сагон хоҳанд хӯрд, ва ҳар кӣ дар саҳро бимирад, варо мурғони ҳаво хоҳанд хӯрд, зеро ки Худованд чунин гуфтааст».
  12. Ва ту бархоста, ба хонаи худ бирав; пойҳоят ба шаҳр расидан замон кӯдак хоҳад мурд;
  13. Ва тамоми   Исроил   барои   вай   навҳа   намуда,  варо дафн хоҳанд кард, зеро ки танҳо вай аз Ёробъом ба мақбара дохил хоҳад шуд, чунки дар вай аз хонадони Ёробъом чизи хубе нисбат ба Худованд Худои Исроил ёфт шудааст;
  14. Ва Худованд барои Худ подшоҳе бар Исроил таъин хоҳад намуд, ки вай хонадони Ёробъомро худи имрӯз маҳв хоҳад кард, ва низ баъд аз ин;
  15. Ва Худованд  Исроилро   зарба   хоҳад  зад,   ва  онҳо мисли нае ки дар об мекалавад, хоҳанд буд; ва Исроилро аз ин замини хубе ки ба падаронашон дода буд,  решакан хоҳад кард, ва онҳоро ба он тарафи наҳр   пароканда хоҳад намуд, чунки онҳо барои худ бутҳои Ашера сохта,  Худо-вандро ба ғазаб оварданд;
  16. Ва Исроилро  таслим хоҳад намуд, ба сабаби гуноҳҳои   Ёробъом,   ки вай  худаш   гуноҳ  кард,   ва  Исроилро гирифтори гуноҳ гардонид».
  17. Ва зани Ёробъом бархоста, равона шуд ва ба Тирсо омад; ҳамин ки вай ба остонаи хона расид, бача мурд.
  18. Ва ӯро дафн карданд, ва барои ӯ   тамоми Исроил навҳа намуданд, бар  тибқи каломи Худованд,  ки ба воси-таи бандаи Худ Аҳиёи набӣ гуфта буд.

Фавти Ёробъом.

  1. Ва бақияи аъмоли Ёробъом — чӣ гуна ҷанг карда-наш ва чӣ гуна салтанат ронданаш, — дар китоби вақоеъ-номаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.
  2. Ва айёме ки Ёробъом подшоҳӣ кард, бисту ду сол буд; ва ӯ бо падарони худ хобид, ва писараш Нодоб ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Яҳудо дар замони Раҳабъом аз парастиши Худо дур шуд.

  1. Ва Раҳабъом ибни Сулаймон дар Яҳудо подшоҳӣ ме-кард; дар вақти подшоҳ шуданаш Раҳабъом  чилу яксола буд, ва ҳафдаҳ сол дар  Ерусалим подшоҳӣ  кард,   — дар шаҳре ки Худованд аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидааст, то ки исми Худро дар он ҷойгир созад. Ва номи модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.
  2. Ва аҳли Яҳудо он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва бо гуноҳҳое ки карданд, бештар аз ҳар чи падаронашон карда буданд, Ӯро ба ғазаб оварданд.
  3. Ва онҳо низ барои худ бар ҳар тали баланд ва зери ҳар дарахти сабз ибодатгоҳҳо ва сутунҳо ва Ашераҳо бино карданд.
  4. Ва ливотагарон  низ  дар   ин  кишвар   буданд:  онҳо ҳамаи корҳои зишти халқҳоеро, ки Худованд  аз пеши ба-нӣ-Исроил бадар ронда буд, ба ҷо меоварданд.
  5. Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин воқеъ шуд, ки Шишак, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад;
  6. Ва ганҷҳои хонаи Худованд, ва ганҷҳои хонаи подшоҳ-ро гирифт, — ҳама чизро гирифт; ва ҳамаи сипарҳои тил-лоро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.
  7. Ва подшоҳ Раҳабъом ба ҷои онҳо сипарҳои мисин сох-та, ба дасти сардорони шотироне ки дари хонаи подшоҳро ни-гаҳбонӣ мекарданд, супурд.
  8. Ва ҳар бор, ки подшоҳ ба хонаи Худованд мерафт, шо-тирон онҳоро мебардоштанд, ва баъд онҳоро ба ҳуҷраи шо-тирон бармегардониданд.
  9. Ва бақияи аъмоли Раҳабъом ва ҳар чи ӯ  кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  10. Ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом ҳама вақт ҷанг бурда мешуд.

Фавти Раҳабъом.

  1. Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва бо падаро-ни худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд. Ва номи модараш Наамои аммӯнӣ буд. Ва писараш Абиём ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992