Сеюм Подшоҳон боби 13

Набие аз Яҳудо бутпарастиро мазаммат намуда, Ёробъомро сарзаниш мекунад.

  1. ВА инак, марди Худо бар тибқи каломи Худованд аз Яҳудо ба Байт-Ил омад, ва Ёробъом назди қурбонгоҳ истода буд, то ки бухур бисӯзонад.
  2. Ва бар тибқи каломи Худованд вай ба қурбонгоҳ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй қурбонгоҳ, қурбонгоҳ! Худованд чунин мегӯяд: «Инак, писаре дар хонадони Довуд таваллуд меёбад, ки Йӯшиёҳу ном дорад; ва ӯ коҳинони баландиҳоро, ки бар ту бухур месӯзонанд, бар ту забҳ хоҳад кард, ва устухонҳои одамро бар ту хоҳанд сӯзонид»».
  3. Ва дар он рӯз вай аломате нишон дода, гуфт: «Ин аст аломати он ки инро Худованд гуфтааст: «Инак, ин қурбон-гоҳ аз ҳам ҷудо шуда, хокистаре ки бар  он аст, пошида хоҳад шуд»».
  4. Ва ҳангоме ки подшоҳ сухани марди Худоро шунид, ки вай ба қурбонгоҳи Байт-Ил муроҷиат намуда  мегуфт, Ёробъом дасти худро аз болои қурбонгоҳ дароз карда, гуфт: «Варо дастгир  кунед!» Ва дасти ӯ, ки сӯи вай дароз карда буд, хушк шуд, ва ӯ натавонист онро ба тарафи худ баргардонад.
  5. Ва қурбонгоҳ аз ҳам чудо шуда, хокистар аз болои қурбонгоҳ пошида шуд,  ҳамчун аломате ки  марди Худо бар тибқи каломи Худованд нишон дода буд.
  6. Ва подшоҳ ба марди Худо сухан ронда, гуфт: «Лутфан, пеши Худованд Худои худ тазаррӯъ намо ва барои ман дуо гӯй, то ки дасти ман ба тарафи ман баргардад». Ва марди Худо пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва дасти подшоҳ ба тарафи вай баргашт ва мисли пештара шуд.
  7. Ва подшоҳ ба марди Худо гуфт: «Бо ман  ба хона биё ва хӯроке бихӯр, ва ман ба ту инъом хоҳам дод».
  8. Валекин марди Худо ба подшоҳ гуфт: «Агар ту нис-фи хонаи худро ба ман бидиҳӣ, бо ту нахоҳам рафт, ва дар ин макон на нон хоҳам хӯрд, ва на об хоҳам нӯшид.
  9. Зеро ки ба ман бар тибқи каломи  Худованд чунин амр фармуда ва гуфта шудааст:  «Нон нахӯр, ва об нанӯш, ва бо роҳе ки омадаӣ, барнагард»».
  10. Ва ӯ бо роҳи дигаре рафт, ва бо роҳе ки ба Байт-Ил омада буд, барнагашт.

Беитоатӣ ва фавти марди Худо.

  1. Ва набии пиронсоле дар Байт-Ил сокин буд; ва писа-ронаш омада, ҳар кореро, ки марди Худо он рӯз дар Байт-Ил карда буд,  ба ӯ ҳикоят  намуданд,  ва суханонеро, ки вай ба подшоҳ гуфта буд, ба падари худ нақл карданд.
  2. Ва падарашон ба онҳо гуфт: «Бо кадом роҳ вай рафт?» Ва писаронаш дида буданд, ки он марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, бо кадом роҳ рафт.
  3. Ва ӯ ба писаронаш гуфт: «Барои ман харро зин ку-нед». Ва онҳо барои ӯ харро зин карданд, ва ӯ бар он са-вор шуд;
  4. Ва аз паи марди Худо рафта, варо зери дарахти писта нишаста ёфт, ва ба вай гуфт: «Оё ту он марди Худо ҳастӣ, ки аз Яхудо омадаӣ?» Вай гуфт: «Ман ҳастам».
  5. Ва ба вай гуфт: «Бо ман ба хона биё, ва нон бихӯр».
  6. Вале вай гуфт: «Ман наметавонам бо ту баргардам ва назди ту биравам; ва дар ин макон бо ту нон нахоҳам хӯрд, ва об нахоҳам нӯшид;
  7. Зеро ки ба ман бар тибқи каломи Худованд гуфта шудааст: «Дар он ҷо нон нахӯр, ва об нанӯш, ва бо роҳе ки омадаӣ, барнагард»».
  8. Ва ӯ ба вай гуфт: «Ман низ набие мисли ту ҳастам, ва фариштае бар тибқи каломи Худовавд ба ман сухан рон-да, гуфт: «Варо бо худ ба хонаат баргардон, то ки вай нон бихӯрад ва об бинӯшад»». Аммо ӯ ба вай дурӯғ гуфт.
  9. Вай бо ӯ баргашта, дар хонаи ӯ нон хӯрд, ва об нӯшид.
  10. Ва ҳангоме ки онҳо назди миз нишаста буданд, каломи Худованд бар набие ки варо баргардонида буд, нозил шуд,
  11. Ва ӯ ба марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, муроҷиат намуда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: «Азбаски аз иҷрои каломи Худованд сар тофтӣ, ва амреро, ки Худованд Худои ту ба ту фармуда буд, риоя нанамудӣ,
  12. Балки баргашта, дар маконе ки дар бораи он Ӯ ба ту гуфта буд: «Нон нахӯр ва об нануш», ту нон хӯрдӣ ва об нӯшидӣ, бинобар ин ҷасади ту ба мақбараи падаронат дохил нахоҳад шуд»».
  13. Ва баъд аз он ки вай нон хӯрд ва об нӯшид, харро барои вай зин кард, яъне барои набие ки баргардонида буд.
  14. Ва ҳангоме ки вай рафт, шере варо дар роҳ ёфта, кушт; ва ҷасади вай дар сари роҳ партофта шуда буд, ва хар назди он меистод, ва шер назди ҷасад меистод.
  15. Ва инак, одамоне ки мегузаштанд, диданд, ки ҷасаде дар сари роҳ партофта шудааст, ва шере назди ҷасад исто-дааст; ва онҳо омада, дар  шаҳре ки набии пиронсол дар он сокин буд, ҳикоят карданд.
  16. Ва набие ки варо аз роҳ  баргардонида  буд,  инро шунида, гуфт: «Ин ҳамон марди Худост, ки аз иҷрои ка-ломи Худо сар тофт, ва Худованд варо ба шер супурдааст, ва он варо бар тибқи каломи Худованд, ки ба ӯ гуфта буд, куштааст».
  17. Ва ӯ ба писаронаш сухан ронда, гуфт: «Барои ман хар-ро зин кунед». Ва онҳо онро зин карданд.
  18. Ва ӯ рафта, ҷасади варо ёфт, ки дар сари роҳ партоф-та шуда буд, ва хар ва шер назди ҷасад меистоданд; шер ҷасадро нахӯрда буд, ва харро надарида буд.
  19. Ва набӣ ҷасади марди Худоро бардошта болои хар гу-зошт ва гардонида бурд; ва набии пиронсол ба шаҳр омад, то ки мотам гирифта, варо дафн кунад.
  20. Ва ӯ ҷасади варо дар мақбараи худ гузошт; ва барои вай мотам гирифта, гуфтанд: «Эй вой бародарам!»
  21. Ва баъд аз он ки варо дафн кард, ба писаронаш сухан ронда, гуфт: «Вақте ки бимирам, маро дар мақбарае ки марди Худо дар он дафн шудааст, дафн кунед, устухонҳоямро назди устухонҳои вай бимонед;
  22. Зеро сухане ки вай дар бораи қурбонгоҳи Байт-Ил ва дар бораи ҳамаи баландиҳои шаҳрҳои Сомария бар тибқи каломи Худованд гуфта буд, ҳатман ба амал хоҳад омад».

Ёробъом ба шарорати худ исрор менамояд.

  1. Баъд аз ин воқеа Ёробъом аз роҳи бади худ нагашт, балки аз ҳар табақаи қавм коҳинони баландиҳоро таъин кар-дан гирифт: ҳар кӣ мехост, варо ӯ таъин менамуд, то ки аз ҷумлаи коҳинони баландиҳо гардад.
  2. Ин боиси гуноҳкор шудани хонадони Ёробъом гардид, то ки он аз рӯи замин несту нобуд шавад.

© IBT 1992

Реклама