Сеюм Подшоҳон боби 11

Сулаймон Худоро фаромӯш мекунад.

  1. ВА подшоҳ Сулаймон, ғайр аз духтари фиръавн, бисьёр занони аҷнабиро аз мӯобиён, аммӯниён, адӯмиён, сидӯниён, ҳиттиён дӯст медошт, —
  2. Аз халқҳое ки Худо дар бораи онҳо ба банӣ-Исроил гуфта буд:  «Ба онҳо духтарони худро ба шавҳар надиҳед, ва духтаронашонро  ба занӣ нагиред, ки яқинан дили шу-моро ба худоёни худ моил хоҳанд кард». Вале Сулаймон ба духтарони онҳо бо муҳаббат часпид.
  3. Ва ӯ ҳафтсад зани бону ва сесад суррия дошт; ва занонаш дили ӯро фосид карданд.
  4. Ва дар вақти пирии Сулаймон чунин воқеъ шуд, ки занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд, ва дили ӯ, мисли дили падараш Довуд, ба Худованд Худояш амин набуд.
  5. Ва Сулаймон Аштора, худои сидӯниён,  ва Милкӯм, бути зишти аммӯниёнро пайравӣ намуд.
  6. Ва Сулаймон дар назари Худованд кори бад карда, мисли падараш Довуд Худовандро пурра пайравӣ нанамуд.
  7. Он гоҳ Сулаймон бар кӯҳе ки рӯ ба рӯи  Ерусалим аст, ибодатгоҳе барои Камуш,  бути зишти Мӯоб, ва барои Мӯлик, бути зишти банӣ-Аммӯн, бино кард.
  8. Ва ҳамчунин барои ҳамаи занони аҷнабии худ, ки ба худоёнашон бухур месӯзониданд ва қурбонӣ мекарданд, амал намуд.
  9. Ва Худованд ба Сулаймон ғазаб кард, аз он сабаб ки дилаш аз Худованд Худои Исроил гаштааст, ки Ӯ ду карат бар вай зоҳир гардида,
  10. Ба вай дар ин хусус амр фармуда буд, ки худоёни ди-гарро пайравӣ нанамояд; валекин ӯ фармудаи Худовандро риоя накард.
  11. Ва Худованд ба Сулаймон гуфт:   «Азбаски ту чунин рафтор намудӣ, ва аҳд ва фароизи Маро, ки ба ту амр фар-мудаам, риоя накардӣ, Ман мамлакатро аз ту пора карда ги-рифта, онро ба навкари ту хоҳам дод.
  12. Аммо дар айёми ту инро ба  хотири  падарат Довуд ба амал нахоҳам овард, балки аз дасти писарат  пора карда хоҳам гирифт.
  13. Вале тамоми мамлакатро пора карда нахоҳам гирифт: як сибтро, ба хотири бандаам Довуд ва ба хотири Еруса-лим, ки баргузидаам, ба писари ту хоҳам дод».
  14. Ва Худованд душманеро ба муқобили Сулаймон бархезо-нид, яъне Ҳадади адӯмиро, ки аз насли подшоҳи Адӯм буд.
  15. Ҳангоме ки Довуд дар Адӯм буд, ва сарлашкараш Юоб барои дафн кардани   мақтулон   омада, тамоми  нари-наи Адӯмро кушта буд, —
  16. Зеро Юоб ва тамоми Исроил шаш моҳ дар он ҷо истода буданд, то даме ки тамоми наринаи Адӯмро маҳв карданд, —
  17. Он гоҳ Ҳадад бо баъзе касони адӯмӣ, ки аз навка-рони падараш буданд, гурехта ба Миср омад; ва Ҳадад кӯ-даки хурде буд.
  18. Онҳо аз Мидьён бархоста, ба Форон омаданд, ва баъзе касонро аз Форон ҳамроҳи худ гирифта, ба Миср назди фир-ъавн, подшоҳи Миср, омаданд, ки вай ба ӯ хона дод, ва нафақа барояш таъин намуд, ва замине ба ӯ дод.
  19. Ва Ҳадад дар назари фиръавн бағоят илтифот пайдо кард, ба тавре ки вай хоҳари зани худро, яъне хоҳари Таҳфа-ниси маликаро ба ӯ ба занӣ дод.
  20. Ва хоҳари Таҳфанис барои ӯ писараш Ҷанубатро зоид, ва Таҳфанис варо андаруни хонаи фиръавн тарбия кард; ва Ҷанубат дар хонаи фиръавн, дар миёни писарони фиръавн буд.
  21. Ва Ҳадад дар Миср шунид, ки Довуд бо падарони худ хобидааст, ва сарлашкараш Юоб мурдааст; ва Ҳадад ба фир-ъавн гуфт: «Маро изн бидеҳ, то ки ба замини худ биравам».
  22. Фиръавн ба вай гуфт:   «Оё   ту  назди  ман  ба  чизе эҳтиёҷ дорӣ, ки мехоҳӣ ба замини худ биравӣ?» Вай гуфт: «Не, аммо ба ман изн бидеҳ».
  23. Ва Худо душмани дигарро ба муқобили Сулаймон бархезонид, яъне Разӯн ибни Эльёдоъро, ки вай аз пеши оғои худ, Ҳададозар подшоҳи Сӯбо, гурехта буд.
  24. Ва баъд аз он ки Довуд онҳоро кушт, вай назди худ одам ҷамъ карда, сардори фавҷе гардид; ва онҳо ба Димишқ рафта, дар он сокин шуданд, ва дар Димишқ салтанат ронданд.
  25. Ва дар тамоми айёми Сулаймон вай душмани Исроил буд ва, илова бар зараре ки Ҳадад мерасонид, вай ба зидди Исроил ҷиноят мекард, ва бар Арам салтанат меронд.

Шӯриши Ёробъом.

  1. Ва Ёробъом ибни Наботи эфроимӣ, аз Саредо, ки мода-раш Саруо ном бевазане, ва худаш навкари Сулаймон буд, дасти таҷовуз бар подшоҳ бардошт.
  2. Чунин аст достони он ки ӯ дасти таҷовуз бар подшоҳ бардошт: Сулаймон Миллӯро бино карда, рахнаеро, ки дар шаҳри падараш Довуд буд, таъмир менамуд.
  3. Ва Ёробъом марди ҷанговари паҳлавоне буд; ва Сулаймон чун дид, ки ин ҷавон аз ӯҳдаи кор мебарояд, ӯро бар тамоми коргарони хонадони Юсуф назоратчӣ таъин намуд.
  4. Ва дар он вақт чунин воқеъ шуд, ки Ёробъом аз Ерусалим берун омад, ва Аҳиёи шилӯнии набӣ, ки ҷомаи нав дар   бар   дошт, дар роҳ бо ӯ вохӯрд,   ва  ҳар   дуяшон  дар саҳро танҳо буданд.
  5. Ва Аҳиё ҷомаи наверо, ки дар  бар  дошт,  гирифта, онро ба дувоздаҳ қисм пора кард.
  6. Ва ба Ёробъом гуфт: «Даҳ қисмашро барои худ бигир, зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд:   «Инак, Ман мамлакатро  аз  дасти Сулаймон пора карда мегирам, ва даҳ сибтро ба ту медиҳам;
  7. Ва як сибт аз они вай хоҳад буд, ба хотири бандаам Довуд ва ба хотири Ерусалим, — шаҳре ки онро аз миёни ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидаам;
  8. Чунки онҳо Маро тарк карда, ба Аштора, худои сидӯ-ниён, ба Камуш, худои мӯобиён, ва ба Милкӯм, худои ба-нӣ-Аммӯн, саҷда бурданд, ва бо роҳҳои Ман рафтор накар-данд, то он чиро, ки дар назари Ман рост аст, ба ҷо ова-ранд, ва фароизу аҳкоми Маро мисли падараш Довуд риоя намоянд.
  9. Вале тамоми мамлакатро аз дасти вай нахоҳам гирифт, балки ба хотири бандаам Довуд, ки ӯро баргузидам, ва ӯ аҳ-кому фароизи Маро ба ҷо овард, Ман варо дар тамоми айёми ҳаёташ раис хоҳам кард;
  10. Ва салтанатро аз дасти писараш хоҳам гирифт, ва даҳ сибтро ба ту хоҳам дод,
  11. Ва ба писараш  як   сибтро  хоҳам дод, то ки   барои бандаам  Довуд  чароғе  тамоми айём дар  ҳузури Ман  дар Ерусалим бошад, — дар шаҳре ки барои Худ баргузидаам, то ки исми Худро дар он ҷойгир созам.
  12. Ва туро Ман ихтиёр хоҳам кард, ва ту мувофиқи ҳар орзуе ки дар дилат бошад, салтанат хоҳӣ ронд, ва бар Ис-роил подшоҳ хоҳӣ шуд.
  13. Ва агар ту ба ҳар фармудаи Ман гӯш  диҳӣ,  ва  бо роҳҳои  Ман  рафтор  карда, он чиро, ки дар  назари Ман рост аст, ба амал оварӣ, ва  фароизу аҳкоми  Маро  риоя намоӣ, чунон ки бандаам Довуд амал мекард, он гоҳ Ман бо ту хоҳам буд, ва хонаи мустаҳкаме барои ту бино хоҳам кард, чунон ки барои Довуд бино кардам, ва Исроилро ба ту хоҳам дод.
  14. Ва насли Довудро ба ин сабаб ба залолат дучор хоҳам кард, аммо на ба сурати абадӣ»».
  15. Ва Сулаймон мехост Ёробъомро ба қатл расонад, вале Ёробъом бархоста, ба Миср назди Шишак, подшоҳи Миср, гурехт, ва то фавти Сулаймон дар Миср буд.

Фавти Сулаймон.

  1. Ва бақияи аъмоли Сулаймон, ва ҳар чи ӯ кард, ва ҳик-мати ӯ дар китоби вақоеъномаи Сулаймон навишта шуда-аст.
  2. Ва айёме ки Сулаймон дар Ерусалим бар тамоми Ис-роил подшоҳӣ кард, чил сол буд.
  3. Ва Сулаймон бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд; ва писараш Раҳабъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992

Реклама