Сеюм Подшоҳон боби 10

Сулаймон ва маликаи Сабо.

  1. ВА маликаи  Сабо  овозаи  Сулаймонро  оид  ба исми Худованд шунида, омад, то ки ӯро бо муаммоҳо  имтиҳон кунад.
  2. Ва бо аҳли рикоби зиёде ба Ерусалим омад, ки бар шутурони онҳо атриёт, ва тиллои бағоят зиёд, ва сангҳои гаронбаҳо бор карда шуда буд; ва назди Сулаймон омада, бо ӯ аз ҳар чи дар дилаш буд, гуфтугӯ кард.
  3. Ва Сулаймон ҳамаи суханони варо ба вай баён намуд, ва чизе аз подшоҳ пӯшида намонд, ки ба вай баён накарда бошад.
  4. Ва чун маликаи Сабо  тамоми ҳикмати  Сулаймонро дид, ва низ хонаеро, ки ӯ бино карда буд,
  5. Ва таомҳои суфраи ӯро, ва шинухези навкарони ӯро, ва рафтори хизматгорони ӯро, ва либосҳои онҳоро, ва соқиёни ӯро, ва ҳашаматеро, ки ӯ бо он ба хонаи Худованд мебаромад, — вай   тамоман   моту мабҳут гардид,
  6. Ва ба подшоҳ гуфт: «Он сухане ки ман дар кишвари худ дар бораи корҳо ва ҳикмати ту шунидаам, рост будааст.
  7. Вале ман ба суханон бовар накарда будам, то даме ки омада, бо чашмони худ дидам; ва инак, нисфаш ба ман маъ-лум нашуда будааст: ҳикмат ва ҷалоли ту аз овозае ки ман шунида будам, бештар аст.
  8. Хушо одамони ту, хушо ин навкарони ту, ки ба ҳу-зури ту ҳамеша меистанд ва ҳикмати туро мешунаванд!
  9. Муборак аст Худованд Худои ту, ки бар ту таваҷҷӯҳ намуда, туро бар тахти Исроил нишонидааст! Азбаски Ху-дованд Исроилро ба сурати абадӣ дӯст медорад, Ӯ туро ба подшоҳӣ таъин намудааст, то ки доварӣ ва адолатро ба амал оварӣ».
  10. Ва ба подшоҳ саду бист киккар тилло, ва атриёти ба-ғоят зиёде, ва сангҳои гаронбаҳо инъом кард; он қадар атриёти зиёд, ки маликаи Сабо ба подшоҳ Сулаймон инъом кард, ҳаргиз оварда нашуда буд.
  11. Ва киштиҳои Ҳиром низ, ки тилло аз Уфир оварда буданд, бағоят бисьёр чӯби сандал ва сангҳои гаронбаҳо овар-данд.
  12. Ва подшоҳ аз ин чӯби сандал нардаҳо барои  хонаи Худованд  ва хонаи  подшоҳ,   ва  барбатҳо   ва удҳо  барои муғанниён сохт;  ин  қадар  чӯби  сандал  ҳаргиз оварда ва дида нашуда буд.
  13. Ва подшоҳ Сулаймон ба маликаи Сабо ҳар чизи дил-хоҳи варо, ки талабида буд, дод, ба замми он чи ба вай аз рӯи ҳиммати подшоҳ Сулаймон инъом карда буд. Ва вай бо навкаронаш рӯ ба ҷониби кишвари худ ниҳода, равона шуд.

Даромадҳо ва шукӯҳи дарбори Сулаймон.

  1. Ва вазни тиллое ки дар як сол назди Сулаймон мео-мад, шашсаду шасту шаш киккар тилло буд,
  2. Илова бар он чи аз бозаргонон, ва аз тиҷорати савдо-гарон, ва аз ҳамаи подшоҳони Арабистон, ва аз ҳокимони вилоятҳо мерасид.
  3. Ва подшоҳ Сулаймон дусад сипари калон аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар шашсад сиқл тилло сарф шуд,
  4. Ва сесад сипари хурд аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар се моне* тилло  сарф  шуд;  ва подшоҳ онҳоро дар хонаи Ҷангали Лубнон гузошт.
  5. Ва подшоҳ тахти калоне аз оҷ сохт, ва онро бо зари холис пӯшонид.
  6. Тахт шаш зинапоя дошт, ва сари тахт аз пушташ дои-рашакл буд, ва нишемангоҳаш аз ду тараф   дастмонакҳо дошт, ва ду шер аз паҳлуи дастмонакҳо меистод.
  7. Ва дувоздаҳ шер дар он ҷо бар шаш зинапоя аз ду тараф меистод; дар ягон мамлакат мисли он сохта нашуда буд.
  8. Ва ҳамаи зарфҳои нӯшидании подшоҳ   Сулаймон аз тилло буд, ва ҳамаи зарфҳои хонаи Ҷангали Лубнон аз зари холис буд; ҳеҷ чиз аз нуқра набуд,  чунки он  дар  айёми Сулаймон ҳеҷ қимате надошт.
  9. Зеро ки киштиҳои таршишии подшоҳ дар баҳр бо киш-тиҳои Ҳиром буд; дар се сол як дафъа киштиҳои таршишӣ омада, тилло ва нуқра, оҷ ва маймунҳо ва товусҳо меовар-данд.
  10. Ва подшоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват ва ҳикмат аз ҳамаи подшоҳони рӯи замин бузургтар гардид.
  11. Ва тамоми аҳли замин толиби дидори Сулаймон буданд, то ҳикматеро, ки Худо дар дили ӯ ниҳода буд, бишнаванд.
  12. Ва онҳо ҳар яке ҳадияи худро: колои нуқра,  ва колои тилло, ва  либос, ва  аслиҳа,  ва  атриёт,  ва  аспон,  ва хачирон сол ба сол меоварданд.
  13. Ва Сулаймон аробаҳо ва саворон ҷамъ кард: ӯ ҳазору чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор савор дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои ароба ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.
  14. Ва подшоҳ  нуқраро   дар Ерусалим   ба сангҳои кӯча баробар гардонид,  ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз,   ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.
  15. Ва аспонро   барои   Сулаймон   аз   Миср   ва   аз Қаве меоварданд:   тоҷирони   подшоҳ   онҳоро   аз   Қаве   ба баҳои муайян мехариданд.
  16. Ва як ароба аз Миср ба баҳои шашсад  сиқл нукра харида ва берун оварда мешуд, ва як асп — ба баҳои саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони арамиён ба воситаи онҳо меоварданд.

* 17. Моне — воҳиди  андозаи вазни қадими,  ки ба сад сиқл баробар буд.

© IBT 1992