Сеюм Подшоҳон боби 1

Довуд бемаҷол мегардад.

  1. ВА чун подшоҳ Довуд пир ва солхӯрда шуд, ҳарчанд болои ӯро бо либосҳо мепӯшониданд, ӯ гарм намешуд.
  2. Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои оғои мо подшоҳ духтари бокирае ҷустуҷӯ намоянд, то ки вай ба ҳузури подшоҳ биистад, ва ба ӯ нигоҳубин кунад; ва бигзор вай дар оғӯши ту бихобад, то ки оғои мо подшоҳ гарм шавад».
  3. Ва дар тамоми ҳудуди Исроил духтари соҳибҷамоле ҷустуҷӯ намуданд, ва Абишаги шунаммиро ёфтанд, ва ӯро назди подшоҳ оварданд.
  4. Ва он духтар ниҳоятдараҷа соҳибҷамол буд, ва ӯ ба подшоҳ нигоҳубин мекард ва хизмати ӯро ба ҷо меовард, вале подшоҳ бо ӯ хуфту хоб накардааст.

Адӯниё   қасди   ба   даст   овардани   подшоҳӣ   дорад.

  1. Валекин Адӯниё ибни Ҳаҷҷит ҳавобаландӣ намуда, гуфт: «Ман подшоҳӣ хоҳам кард». Ва барои худ аробаҳо ва саворонро муҳайё намуд, ва панҷоҳ шотир пешопеши ӯ меда-виданд.
  2. Ва падараш ӯро   ҳаргиз   мазаммат   намуда   нагуфта буд: «Чаро чунин амал кардӣ?» Ва ӯ низ бағоят хушлиқо буд, ва модараш ӯро баъд аз Абшолӯм зоида буд.
  3. Ва ӯ бо Юоб ибни Саруё ва бо Абьётори коҳин ҳамза-бон гардида буд, ва онҳо ба Адӯниё мадад мерасониданд.
  4. Вале Содӯқи коҳин ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва Но-тони набӣ ва Шимъӣ ва Реӣ ва паҳлавононе ки назди До вуд буданд, Адӯниёро тарафдорӣ намекарданд.
  5. Ва Адӯниё гӯсфандон ва говон ва парвориёнро назди санги Зӯҳелет, ки пеши   Эйн-Рӯҷел аст,   забҳ намуд,   ва ҳамаи бародаронаш,   писарони  подшоҳ, ва ҳамаи мардони Яҳудо, навкарони подшоҳро даъват намуд.

Муқобилияти Нотон ва Батшобаъ.

  1. Валекин Нотони   набӣ   ва   Баноё   ва   паҳлавонон ва бародараш Сулаймонро даъват накард.
  2. Ва Нотон ба Батшобаъ, модари Сулаймон, сухан ронда, гуфт: «Оё нашнидаӣ, ки Адӯниё ибни Ҳаҷҷит подшоҳ шу-дааст, ва оғои мо Довуд инро намедонад?
  3. Ва алҳол  биё,   ба ту машварат диҳам,   то ки ҷони худат ва ҷони писарат Сулаймонро бираҳонӣ;
  4. Рафта, назди подшоҳ Довуд   даро   ва  ба   ӯ   бигӯ: «Эй оғоям подшоҳ, ту, охир,  ба канизи худ  қасам хӯрда гуфта будӣ, ки писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст. Пас, чаро Адӯниё подшоҳ шудааст?»
  5. Инак, вақте ки ту ҳанӯз бо подшоҳ сухан ронӣ, ман ҳам аз паи ту даромада, бар суханонат илова хоҳам намуд».
  6. Ва Батшобаъ назди подшоҳ ба ҳуҷраи хоб даромад; ва подшоҳ бағоят пир буд, ва Абишаги шунаммӣ  хизмати подшоҳро ба ҷо меовард.
  7. Ва Батшобаъ хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд. Ва под-шоҳ гуфт: «Туро чӣ лозим аст?»
  8. Вай ба ӯ гуфт: «Эй оғоям, ту ба канизи худ ба Худованд Худои худ қасам хӯрда будӣ, ки «писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст».
  9. Ва алҳол, инак, Адӯниё подшоҳ шудааст, ва ту,  эй оғоям подшоҳ, инро намедонӣ.
  10. Ва ӯ говон ва парвориён ва гӯсфандони зиёде забҳ карда, ҳамаи писарони   подшоҳ,   ва   Абьётори   коҳин   ва Юоби сарлашкарро даъват намудааст, вале бандаат  Сулай-монро даъват нанамудааст.
  11. Ва алҳол, эй оғоям подшоҳ, чашмони тамоми Исроил сӯи туст, то ба онҳо маълум намоӣ, ки баъд аз оғоям под-шоҳ кист, ки бар тахти ту хоҳад нишаст.
  12. Вагар на, чунин воқеъ хоҳад   шуд, ки   чун   оғоям подшоҳ бо падарони худ бихобад, ман ва писарам Сулаймон айбдор ҳисоб хоҳем ёфт».
  13. Ва инак, ҳанӯз вай бо подшоҳ сухан меронд, Нотони набӣ ҳам омад.
  14. Ва ба подшоҳ хабар дода,  гуфтанд:   «Инак Нотони набӣ». Ва ӯ назди подшоҳ даромад, ва рӯ бар замин хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд.
  15. Ва Нотон гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, оё ту гуфтаӣ, ки «Адӯниё баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст» ?
  16. Зеро ки вай имрӯз фурӯд омада, говон ва парвориён ва гусфандони зиёдеро забҳ кардааст, ва ҳамаи писарони под-шоҳ ва сардорони  лашкар   ва  Абьётори коҳинро  даъват намудааст, ва инак, онҳо ба ҳузури вай мехӯранд ва менӯ-шанд, ва мегӯянд: «Зинда бод подшоҳ Адӯниё!»
  17. Валекин мани бандаат ва Содӯқи коҳин ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва бандаат Сулаймонро даъват нанамудааст.
  18. Агар ин кор аз ҷониби оғоям подшоҳ содир шуда бо-шад, пас чаро ба бандаи худ маълум накардӣ, ки баъд аз оғоям подшоҳ кист, ки бар тахти ӯ биншинад?»
  19. Ва подшоҳ Довуд ҷавоб гардонида, гуфт :«Батшобаъро назди ман бихонед». Вай назди подшоҳ даромад, ва ба ҳузури подшоҳ истод.
  20. Ва подшоҳ қасам хӯрда, гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худо-ванде ки ҷони маро аз ҳар тангӣ раҳо кардааст!
  21. Чунон ки ман барои ту ба Худованд Худои Исроил қасам хӯрда гуфтаам, ки писарат Сулаймон баъд аз ман под-шоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман ба ҷои ман хоҳад нишаст, ончунон ман имрӯз ба амал хоҳам овард».
  22. Ва Батшобаъ рӯ бар замин хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд, ва гуфт: «Оғоям подшоҳ Довуд то абад зинда бод!»
  23. Ва подшоҳ Довуд гуфт: «Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ва Баноё ибни Еҳӯёдоъро назди ман бихонед». Ва онҳо ба ҳузури подшоҳ даромаданд.
  24. Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Бандагони оғои худро ҳам-роҳи худ бигиред, ва писарам Сулаймонро бар хачири ман савор кунед, ва ӯро назди Ҷайҳун фурӯд оваред.
  25. Ва бигзор Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ӯро дар он ҷо ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намоянд; ва шох навозед, ва бингӯед: «Зинда бод подшоҳ Сулаймон!»
  26. Ва аз ақиби ӯ бароед, то ки ӯ омада, бар тахти ман биншинад; ва ӯ ба ҷои ман подшоҳ хоҳад шуд; ва ман ӯро амр мефармоям, ки бар Исроил ва бар Яҳудо раис бошад».
  27. Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Омин! Бигзор Худованд Худои  оғоям подшоҳ низ чунин гӯяд!
  28. Чунон ки Худованд бо оғоям подшоҳ буд, бигзор ончу-нон бо Сулаймон низ бошад, ва тахти ӯро аз тахти оғоям подшоҳ Довуд бузургтар гардонад!»
  29. Ва Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва каритиён ва фалитиён фурӯд омада, Сулаймонро бар хачири подшоҳ Довуд савор карданд, ва ӯро назди Ҷайҳун бурданд.

Сулаймон ба подшоҳӣ тадҳин карда шуд.

  1. Ва Содӯқи коҳин шохи равғанро аз хайма гирифта, Сулаймонро тадҳин намуд.  Ва шох навохтанд, ва  тамоми қавм гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ Сулаймон!»
  2. Ва тамоми қавм аз ақиби ӯ баромаданд, ва қавм най ме-навохтанд, ва бағоят шодӣ мекарданд, ба тавре ки замин аз овозашон мекафид.

Адӯниё ба подшоҳ, итоат менамояд.

  1. Ва Адӯниё ва ҳамаи даъватшудагоне ки бо ӯ буданд, ҳамин ки аз хӯрдан фориғ шуданд, инро шуниданд; ва Юоб садои шохро шунида, гуфт: «Садои шаҳри пуризтироб аз чӣ сабаб аст?»
  2. Ҳанӯз ӯ сухан меронд, инак, Йӯнотон ибни Абьётори коҳин омад; ва Адӯниё гуфт: «Биё, ки ту марди амин ҳастӣ ва муждаи нек меоварӣ».
  3. Ва Йӯнотон ба Адӯниё ҷавоб гардонида, гуфт: «Ба ҳеҷ ваҷҳ, зеро оғои мо, подшоҳ Довуд, Сулаймонро подшоҳ гардонидааст;
  4. Ва подшоҳ Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва каритиён ва фалитиёнро бо ӯ фиристодааст; ва ӯро ба хачири подшоҳ савор кардаанд;
  5. Ва Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ӯро дар Ҷайҳун ба подшоҳӣ тадҳин намудаанд, ва аз он ҷо шодикунон барома-даанд, ва шаҳр ғулғула бардоштааст; ҳамин аст садое ки шумо шунидаед;
  6. Ва Сулаймон низ бар тахти подшоҳӣ нишастааст;
  7. Ва бандагони   подшоҳ   низ   барои   табрик   кардани оғои мо подшоҳ Довуд омада, гуфтанд: «Бигзор Худо номи Сулаймонро аз номи ту хубтар созад, ва тахти ӯро аз тахти ту бузургтар гардонад». Ва подшоҳ бар бистари худ саҷда бур-дааст;
  8. Ва подшоҳ низ чунин гуфтааст: «Муборак аст Худо-ванд Худои Исроил, ки имрӯз касеро, ки бар тахти ман менишинад, ба ман додааст,  ва чашмони ман   инро меби-над!»»
  9. Ва ҳамаи даъватшудагоне ки назди Адӯниё буданд, ба ҳарос афтода бархостанд, ва ҳар кас ба роҳи худ рафт.
  10. Ва Адӯниё аз Сулаймон ҳаросон шуда, бархост, ва рафта, шохҳои қурбонгоҳро гирифт.
  11. Ва ба Сулаймон хабар дода, гуфтанд: «Инак, Адӯниё аз подшоҳ Сулаймон метарсад, ва инак, ӯ шохҳои қурбон-гоҳро гирифта, мегӯяд: «Бигзор подшоҳ Сулаймон имрӯз ба ман қасам хӯрад, ки бандаи худро ба шамшер нахоҳад кушт»».
  12. Ва Сулаймон гуфт: «Агар ӯ росткор гардад, як мӯяш бар замин нахоҳад афтод, вале агар бадие дар ӯ ёфт шавад, хоҳад мурд».
  13. Ва подшоҳ Сулаймон фиристод, ва ӯро аз қурбонгоҳ фурӯд оварданд, ва ӯ омада, ба подшоҳ  Сулаймон саҷда бурд, ва Сулаймон ба ӯ гуфт: «Ба хонаи худ бирав».

© IBT 1992

Реклама