Рут боби 4

Рут сазовори мукофот гардид.

  1. БӮАЗ назди дарвоза омад, ва он ҷо нишаст. Ва инак, он фидиягузор, ки Бӯаз дар бораи ӯ сухан ронда буд,  гузашт.  Гуфт: «Эй фалону беҳмадон,  баргашта,  ин ҷо  бинишин». Ӯ баргашта, нишаст.
  2. Аз пирони шаҳр даҳ нафарро гирифта, ба онҳо гуфт: «Ин ҷо бинишинед». Онҳо нишастанд.
  3. Ба он фидиягузор гуфт: «Ноомӣ, ки аз ноҳияи Мӯоб баргаштааст, қитъаи заминеро, ки аз они бародарамон Элимелех буд, мефурӯшад.
  4. Ман салоҳ донистам, ки ба самъи ту расонда, бигӯям: онро ба ҳузури нишастагон, яъне ба ҳузури ин пирони қавми ман бихар. Агар фидия медиҳӣ — бидеҳ,  ва агар  фидия намедиҳӣ — ба ман бигӯй, то бидонам, зеро ғайр аз ту касе нест, ки фидия диҳад; ва навбати ман баъд аз туст». Ӯ гуфт: «Ман фидия хоҳам дод».
  5. Бӯаз гуфт: «Дар  рӯзе ки заминро  аз дасти  Ноомӣ бихарӣ, Рути мӯобия — зани он марҳумро низ харида бошӣ, то ки номи он марҳумро бар мероси ӯ барқарор намоӣ».
  6. Он фидиягузор гуфт: «Наметавонам барои худ фиди-ягузор бошам: мабодо мероси худро   фосид намоям.  Пас, фидиягузории   маро   ту   ба   зиммаи   худ  гирифта,   фидия бидеҳ,   зеро  ки  наметавонам  фидиягузор  бошам».
  7. Дар замони   қадим  дар   Исроил   дар   соҳаи   фидия ва   мубодила   барои  тасдиқи   ҳар   муомила чунин таомуле буд, ки яке кафши худро кашида   ба   дигаре   медод,   ва ин дар Исроил ҳуҷҷат ҳисоб меёфт.
  8. Ва он фидиягузор ба Бӯаз гуфт: «Барои худ бихар!» Ва кафши худро кашида дод.
  9. Ва Бӯаз ба пирон ва ба тамоми қавм гуфт: «Шумо имрӯз шоҳид ҳастед, ки ҳар он чи аз они Элимелех буд ва ҳар он чи аз они Килйӯн ва Маҳлӯн буд, аз дасти Ноомӣ харидам;
  10. Ва низ Рути мӯобия — зани Маҳлӯнро барои худ ба занӣ харидам, то ки номи он марҳумро бар мероси ӯ бар-қарор намоям, ва номи он марҳум аз миёни бародаронаш ва аз дарвозаи иқоматгоҳаш  нест нашавад; шумо имрӯз шоҳид ҳастед».
  11. Тамоми қавме ки назди дарвоза буданд,   ва  пирон низ гуфтанд:  «Шоҳид ҳастем! Бигзор Худованд занеро, ки ба хонаи ту медарояд, мисли Роҳел ва Леё гардонад, ки ҳар дуи онҳо хонаи Исроилро бино кардаанд; ва ту дар Эфрот комьёб шав ва дар Байт-Лаҳм ном барор.
  12. Ва бигзор хонаи ту мисли хонаи Форас бошад, — ки ӯро Томор барои Яҳудо зоида буд, — аз он насле ки Ху-дованд ба ту  аз ин  ҷавонзан  хоҳад бахшид».
  13. Ва Буаз Рутро гирифт: вай зани ӯ шуд, ва ӯ назди вай даромад. Ва Худованд ба вай ҳомилагӣ бахшид: вай писаре зоид.
  14. Ва занон ба Ноомӣ гуфтанд:   «Муборак аст   Худо-ванд, ки туро имрӯз аз фидиягузор маҳрум накард! Бигзор номи   ӯ   дар   Исроил   пуршараф бошад!
  15. Ӯ барои ту ҷонбахш ва асои пирии ту хоҳад буд, зеро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар хуб-тар аст, ӯро зоид».
  16. Ва Ноомӣ он бачаро гирифта, дар оғӯш кашид, ва дояи ӯ шуд.
  17. Занони ҳамсоя   уро   ном   ниҳода,  гуфтанд:   «Барои Ноомӣ писаре таваллуд шуд», ва ӯро Убид ном ниҳоданд. Ӯ падари Йисой падари Довуд аст.
  18. Ин аст   насаби   Форас:   Форас Ҳесрӯнро   ба   дуньё овард.
  19. Ва Ҳесрӯн   Ромро  ба   дуньё   овард,   ва   Ром   Ами-нодобро  ба дуньё  овард,
  20. Ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард, ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард,
  21. Ва Салмӯн Бӯазро ба дуньё овард, ва Бӯаз Убидро ба дуньё овард,
  22. Ва Убид Йисойро ба дуньё овард, ва Йисой Довудро ба дуньё овард.

© IBT 1992

Реклама