Рут боби 3

Вохӯрӣ бо Бӯаз. Рут фароғат меёбад.

  1. ВА модаршӯяш—Ноомӣ ба вай гуфт: «Эй духтарам, оё маро лозим нест, ки бароят ҷои фароғат биҷӯям, то ки барои ту хуб бошад?
  2. Ва акнун, оё Бӯаз, ки ҳамроҳи канизони ӯ будӣ, хешованди мо нест? Инак, ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷавро бод мекунад;
  3. Ту ғусл бикун, ва равған бимол, ва пероҳани худро бипӯш, ва ба хирмангоҳ фурӯд ой, лекин худро ба он мард нишон надеҳ, то вақте ки хӯрдан ва нӯшиданашро тамом кунад.
  4. Ва ҳангоме ки бихобад, ҷоеро, ки ӯ хобид, дар хотир бидор, ва омада, пеши пойҳои ӯро бикушо ва бихоб. Ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки чӣ кор бояд бикунӣ».
  5. Вай ба ӯ гуфт: «Ҳар он чи ба ман гуфтӣ, ба ҷо хоҳам овард».
  6. Ва ба хирмангоҳ фурӯд омад, ва ҳар он чи модаршӯяш ба вай амр фармуда буд, ба ҷо овард.
  7. Бӯаз хӯрок хӯрд, ва нӯшид, ва дилшод шуд, ва дар канори хирман омада хобид. Пас вай оҳистаяк омада, пеши пойҳои ӯро кушод ва хобид.
  8. Нисфи шаб он мард ба изтироб омад ва як қад парида хест, ва инак, зане пеши пойҳои ӯ хобидааст;
  9. Ва гуфт: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман канизи ту — Рут ҳас-там; боли худро  бар канизи худ паҳн  намо, зеро ки ту фидиягузор ҳастӣ».
  10. Гуфт: «Эй духтарам! Ту аз ҷониби Худованд баракат хоҳӣ ёфт, зеро ки ин эҳсони охирини худро назар ба аввала хубтар ба ҷо овардӣ, бе он ки аз қафои ҷавонони хоҳ бенаво ва хоҳ сарватдор биравӣ.
  11. Ва акнун, духтарам, натарс: ҳар он чи гуфтӣ, барои ту хоҳам кард, зеро ки назди ҳар дарвоза қавми ман медонанд, ки ту зани солеҳа ҳастӣ.
  12. Ва акнун, дуруст аст, ки ман фидиягузор ҳастам, вале-кин фидиягузори аз ман наздиктаре низ ҳаст.
  13. Имшаб дар ҳамин ҷо бимон, ва пагоҳӣ, агар ӯ барои ту фидия диҳад, хуб мешавад, — бигзор фидия диҳад: ва агар ӯ нахоҳад, ки барои ту фидия диҳад, қасам ба Худованд, ки ман барои ту фидия хоҳам дод! То пагоҳӣ бихоб».
  14. Ва то субҳ пеши пойҳои ӯ хобид, ва пеш  аз он ки касе бубинад, бархост.  Ва ӯ дар дили худ гуфт: «Зинҳор мардум нафаҳманд, ки ин  зан ба хирмангоҳ омада буд».
  15. Ва ба вай гуфт: «Сарандозеро, ки бар туст, гирифта, нигоҳ дор». Вай онро нигоҳ дошт, ва ӯ шаш андоза ҷавро чен карда, бар китфи вай гузошт, ва ба шаҳр равона шуд.
  16. Вақте ки вай назди   модаршӯи   худ   омад,  ӯ   гуфт: «Корҳоят  чӣ тавр  аст, духтарам?» Вай ҳар он чи он мард барояш кард, ба ӯ хабар дод,
  17. Ва гуфт: «Ин шаш андоза ҷавро ба ман дода, гуфт, ки «назди модаршӯи худ тиҳидаст нарав»».
  18. Гуфт: «Ором бинишин, духтарам, то бидонӣ, ки кор чӣ гуна анҷом хоҳад ёфт; зеро  ки  он мард то ин корро имрӯз   буд   накунад,   сокит   нахоҳад шуд».

© IBT 1992

Реклама