Дуюм Подшоҳон боби 9

Довуд ва Мефибӯшет.

  1. ВА Довуд гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул боқӣ мондааст, то ки ба хотири Йӯнотон ба вай эҳсон намоям?»
  2. Ва дар хонадони Шоул навкаре буд, ки Сибо ном дошт; ва ӯро назди Довуд хонданд, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Оё ту Сибо ҳастӣ?» Гуфт: «Бандаи ту ҳастам».
  3. Ва подшоҳ гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул ҳаст, то ки ба вай эҳсони Худоро ба амал оварам?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки поҳояш ланг аст».
  4. Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Вай куҷост?» Ва Сибо ба под-шоҳ гуфт: «Инак, вай дар хонаи Мокир ибни Амиил дар Лӯ-Дабор мебошад».
  5. Ва подшоҳ Довуд фиристода, варо аз хонаи Мокир ибни Амиил, аз Лӯ-Дабор гирифт.
  6. Ва Мефибӯшет ибни Йӯнотон ибни Шоул назди Довуд омад, ва бар рӯи худ афтода, ба ӯ саҷда бурд;  ва  Довуд гуфт: «Эй Мефибӯшет!» Гуфт: «Инак бандаи ту».
  7. Ва Довуд ба вай гуфт: «Натарс, зеро ки ба хотири падарат Йӯнотон ба ту албатта эҳсон хоҳам намуд, ва тамоми замини падарат Шоулро ба ту хоҳам баргардонид;   ва ту ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳӣ хӯрд».
  8. Ва вай саҷда бурда, гуфт:   «Бандаи  ту  чист, ки ба саги мурдае мисли ман илтифот намудаӣ?»
  9. Ва подшоҳ   навкари   Шоул   Сиборо   хонда,   ба вай гуфт:   «Ҳар он чиро,  ки ба  Шоул ва тамоми хонадонаш тааллуқ дошт, ба писари оғоят додам.
  10. Ва ту ва писаронат ва навкаронат заминро барои ӯ кор карда, ҳосили онро биёред, то ки писари оғоят нон барои хӯрданаш дошта бошад; вале Мефибӯшет,   писари   оғоят, ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳад хӯрд». Ва Сибо понздаҳ писар ва бист навкар дошт.
  11. Ва Сибо  ба   подшоҳ   гуфт:   «Мувофиқи ҳар он чи оғоям подшоҳ амр фармудааст,   бандаат ҳамон тавр  амал хоҳад кард». Ва подшоҳ гуфт, ки «Мефибӯшет мисли яке аз писарони подшоҳ дар сари суфраи ман хоҳад хӯрд».
  12. Ва Мефибӯшет писари хурдсоле дошт, ки номаш Михо буд. Ва ҳамаи сокинони хонаи Сибо навкарони Мефибӯшет буданд.
  13. Ва Мефибӯшет дар Ерусалим сукунат дошт, зеро ки ҳамеша дар сари суфраи подшоҳ мехӯрд; ва ду пояш ланг буд.

© IBT 1992

Реклама