Дуюм Подшоҳон боби 7

Довуд ният дорад, ки маъбад бино кунад.

  1. ВА ҳангоме ки подшоҳ дар хонаи худ менишаст, ва Худованд ӯро аз душманони гирду пешаш ором карда буд,
  2. Подшоҳ ба Нотони набӣ гуфт: «Лутфан, бубин, ки ман дар хонаи арзӣ сокин ҳастам, вале сандуқи Худо андаруни чодаре сокин аст».
  3. Ва Нотон ба подшоҳ гуфт: «Ҳар он чи дар дилат бошад, бирав, ба амал овар, зеро ки Худованд бо туст».

Аҳди Худо бо Довуд.

  1. Вале дар ҳамон  шаб  каломи   Худованд   бар  Нотон нозил шуда, гуфт:
  2. «Рафта, ба бандаи Ман  Довуд бигӯй:   Худованд чунин мегӯяд: оё ту хонае барои сукунати Ман бино мекунӣ?
  3. Ман, охир, аз рӯзе ки банӣ-Исроилро аз Миср берун овардаам, то имрӯз дар хонае сокин нашудаам, балки дар хайма ва маскане гардиш кардаам.
  4. Дар ҳар ҷое ки бо тамоми банӣ-Исроил гардиш кардаам, оё ба ягон пешвои Исроил, ки чаронидани қавми Худ Исро-илро ба вай амр фармуда будам,   сухане ба забон ронда, гуфтаам: чаро барои ман хонаи арзӣ бино накардаед?
  5. Ва алҳол ба бандаи Ман Довуд чунин бигӯй: Худо-ванди лашкарҳо чунин мегӯяд:  Ман туро аз чарогоҳ,  аз ақиби гӯсфандон гирифтам, то ки бар қавми Ман Исроил раис бошӣ.
  6. Ва ба ҳар ҷое ки мерафтӣ, бо ту будам, ва ҳамаи душ-манонатро аз пеши ту маҳв намудам, ва барои ту номи бу-зурге, мисли номи бузургоне ки дар дуньё ҳастанд, ба вуҷуд овардам.
  7. Ва барои қавми Худ Исроил маконе муқаррар намудам, ва онҳоро шинондам, то ки дар он сокин гардида, дигар безобита нашаванд, ва бадкорон дигар онҳоро ба танг нао-варанд, мисли он ки дар замони пеш буд,
  8. Ва мисли айёме ки доваронро бар қавми Худ Исроил таъин карда будам; ва Ман ба ту аз ҳамаи душманонат оромӣ додаам; ва Худованд ба ту хабар медиҳад, ки Худованд барои ту хона бино хоҳад кард.
  9. Ва ҳангоме ки рӯзҳои ту анҷом ёфта, ту бо падарони худ бихобӣ, Ман насли туро, ки аз камари ту берун ояд, баъд аз ту пойдор гардонида, салтанати варо мустаҳкам хоҳам намуд.
  10. Вай ба исми Ман хона  бино  хоҳад   кард;   ва Ман тахти салтанати варо то абад пойдор хоҳам гардонид.
  11. Ман барои вай падар хоҳам буд, ва вай барои Ман писар хоҳад буд, ва агар вай гуноҳ кунад, Ман варо бо кал-таки мардон ва бо зарбаҳои банӣ-одам ҷазо хоҳам дод,
  12. Вале марҳамати Ман аз вай дур нахоҳад шуд, чунон ки онро аз Шоул дур карда, ӯро барои ту рад намудам.
  13. Ва хонаи ту ва салтанати ту ба ҳузурат то абад қоим хоҳад буд; тахти ту то абад пойдор хоҳад буд».
  14. Ҳамаи ин суханон ва тамоми ин рӯъёро Нотон ба До-вуд ҳикоят кард.

Дуои Довуд.

  1. Ва подшоҳ Довуд омада, ба ҳузури Худованд нишаст, ва гуфт: «Эй Худованд Худо, ман кистам ва хонаи ман чист, ки маро ба ин мартаба расондаӣ?
  2. Ва ин боз дар назарат, эй Худованд Худо, кам наму-дааст, ва Ту дар бораи ояндаи дури хонадони бандаат низ сухан рондаӣ; оё ин мартабаи баланди одам нест, эй Худо-ванд Худо?
  3. Ва Довуд дигар ба Ту чӣ метавонад бигӯяд? Ту, охир, бандаи Худро мешиносӣ, эй Худованд Худо!
  4. Ба хотири каломи Худ ва бар тибқи дили Худ тамоми ин бузургиро ба амал овардаӣ, то ки бандаи Худро огоҳ намоӣ.
  5. Бинобар ин Ту, эй Худованд Худо, бузург ҳастӣ, зеро мувофиқи ҳар он чи мо бо гӯшҳои худ шунидаем,  чизе монанди Ту нест, ва ҷуз аз Ту Худое нест.
  6. Ва кист, ки мисли қавми Ту Исроил бошад, ки онҳо бар рӯи замин қавми ягонае ҳастанд, ки аз барояшон Худо омадааст, то ки онҳоро фидия дода гирифта,  барои Худ қавм гардонад ва исме барои Худ пайдо кунад, ва корҳои бузурге барои онҳо ва корҳои саҳмгине барои замини Худ ба ҷо оварад, то ки Ту халқҳо ва худоёни онҳоро аз пеши қавми Худ, ки аз Миср барои Худ фидия  дода гирифтаӣ, бадар биронӣ.
  7. Ва қавми Худ Исроилро барои Худ пойдор гардондӣ, то ки онҳо то абад қавми Ту бошанд, ва Ту, эй Худованд, Худои онҳо шудӣ.
  8. Ва алҳол, эй Худованд Худо, каломеро, ки дар бораи бандаи Худ ва хонадони вай ба забон рондаӣ, то абад пойдор гардон, ва он чи гуфтаӣ, ба ҷо овар.
  9. Ва исми Ту бигзор то абад муаззам бошад, то бигӯянд: «Худованди лашкарҳо Худо бар Исроил аст». Ва хонадони бандаат Довуд бигзор ба ҳузури ту пойдор бошад.
  10. Азбаски Ту, эй Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, гӯшраси бандаи Худ намуда, гуфтаӣ: «Барои ту хонае бино хоҳам кард», бинобар ин бандаат дар дили худ ҷуръат пайдо кард, ки ин дуоро назди Ту бигӯяд.
  11. Ва алҳол, эй Худованд  Худо,  Ту   Худо  ҳастӣ,  ва суханонат рост аст, ва Ту дар бораи бандаи Худ ин некиро ба забон рондаӣ.
  12. Ва алҳол таваҷҷӯҳ намуда, хонадони бандаатро баракат бидеҳ, то ки он то абад дар ҳузури Ту бошад; зеро ки Ту, эй Худованд Худо, сухан рондаӣ, ва хонадони бандаат аз баракати Ту то абад муборак хоҳад буд».

© IBT 1992

Реклама