Дуюм Подшоҳон боби 24

Ғазаби Худованд барои саршумории қавм.

  1. ВА ғазаби Худованд боз бар исроилиён аланга зад, ва Довудро бар онҳо барангехт, то бигӯяд: «Бирав, Исроил ва Яҳудоро саршуморӣ намо».
  2. Ва подшоҳ ба сарлашкари худ Юоб, ки назди ӯ буд, гуфт: «Дар тамоми сибтҳои Исроил, аз Дон то Беэр-Шобаъ гардиш карда, қавмро  саршуморӣ намо,  то   ки   шумораи қавмро   бидонам».
  3. Ва Юоб ба подшоҳ гуфт: «Бигзор  Худованд  Худои ту шумораи қавмро аз он қадар, ки ҳаст, сад баробар зиёд кунад, ва чашмони оғоям подшоҳ инро бубинад! Пас, чаро оғоям подшоҳ ин корро хоҳон аст?»
  4. Вале сухани подшоҳ бар Юоб ва сардорони сипоҳ ғолиб омад; ва Юоб бо сардорони сипоҳ аз пеши подшоҳ берун рафтанд, то ки қавми Исроилро саршуморӣ кунанд.
  5. Ва аз Урдун гузашта, дар Арӯэр ӯрду заданд, ва аз тарафи рости шаҳр  андаруни  водии  Ҷод  рӯ   оварда,   ба Яъзир омаданд.
  6. Ва ба Ҷилъод ва ба замини Таҳтим-Ҳодшӣ расиданд; ва ба Дон-Яан омаданд, ва давр зада, ба самти Сидӯн раф-танд.
  7. Ва ба қалъаи рӯ ба рӯи Сӯр ва ба ҳамаи шаҳрҳои ҳив-виён ва  канъониён   омаданд,   ва   ба   ҷануби  Яҳудо  баро-мада, то Беэр-Шобаъ расиданд.
  8. Ва тамоми заминро тай намуда, баъд аз гузаштани нӯҳ моҳу бист рӯз ба Ерусалим. омаданд.
  9. ВаЮоб рӯйхати саршумории қавмро ба подшоҳ пешни-ҳод кард;  аз  Исроил ҳаштсад. ҳазор   нафар   ҷанговарони шамшерзан, ва аз Яҳудо панҷсад ҳазор нафар буданд.

Худованд бар қавм вабо мефиристад.

  1. Ва Довуд, баъд аз он ки қавмро саршуморӣ намуд, пушаймон шуд; ва Довуд ба Худованд гуфт: «Бо ин коре ки кардам, ман бағоят гуноҳкор шудам; ва алҳол, эй Худованд, аз гуноҳи бандаи Худ гузароӣ намо, зеро ки бағоят беақ-лона рафтор кардам».
  2. Ва Довуд бомдодон бархост; ва каломи Худованд бар Ҷоди набӣ, ки пешбини Довуд буд, нозил шуда, гуфт:
  3. «Рафта, ба Довуд бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд: Ман се чизро ба ту таклиф мекунам; яке аз онҳоро барои худ интихоб намо, то ки бар ту ба амал оварам»».
  4. Ва Ҷод назди Довуд омад ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Оё ҳафт сол қаҳтӣ бар замини ту биёяд, ё се моҳ аз пеши душманонат бигрезӣ, ва онҳо туро таъқиб намоянд, ё ки се рӯз дар  замини ту  вабо  рӯй диҳад? Алҳол мулоҳиза карда, қарор намо, ки ман ба Фиристандаи худ чӣ ҷавобе бирасонам».
  5. Ва Довуд ба Ҷод гуфт: «Ман дар ғояти тангй ҳастам; беҳтар аст, ки ба дасти Худованд биафтам, зеро ки марҳа-мати Ӯ бузург аст; вале ба дасти одамизод наафтам».
  6. Ва Худованд бар Исроил аз он субҳ то вақти муайян-шуда вабо фиристод, ва аз қавм, аз Дон то Беэр-Шобаъ, ҳафтод ҳазор нафар мурданд.
  7. Ва фаришта дасти худро бар Ерусалим дароз кард, то ки онро ба ҳалокат бирасонад, валекин Худованд аз ин офат пушаймон шуд, ва ба фариштае ки қавмро нобуд мекард, гуфт: «Басанда аст, акнун дасти худро боздор!» Ва фариш-таи Худованд назди хирмангоҳи Аравнои ябусӣ буд.
  8. Ва ҳангоме ки Довуд фариштаи нобудкунандаи қавмро дид, ба Худо сухан ронда, гуфт: «Инак, ман гуноҳ кардаам ва ман каҷкорӣ намудаам, вале ин гӯсфандон чӣ кардаанд? Бигзор дасти Ту бар ман ва бар хонадони падарам бошад».

Довуд хирмангоҳи Аравноро мехарад.

  1. Ва Ҷод дар он рӯз назди Довуд омада, гуфт: «Баромада, дар хирмангоҳи Аравнои ябусӣ қурбонгоҳе барои Худованд барпо намо».
  2. Ва Довуд бар тибқи сухани Ҷод, чунон ки Худованд амр фармуда буд, баромад.
  3. Ва Аравно назар андохта, подшоҳ ва навкаронашро дид, ки дар наздикии ӯ гузар мекунанд; ва Аравно берун омад, ва рӯ ба замин афтода, ба подшоҳ саҷда бурд.
  4. Ва Аравно гуфт: «Барои   чӣ   оғоям   подшоҳ   назди бандаи худ омадааст?» Ва Довуд гуфт: «Барои он ки хир-мангоҳро аз ту харида, қурбонгоҳе барои Худованд барпо на-моям, то ки вабо аз қавм дур шавад».
  5. Ва Аравно ба Довуд гуфт: «Бигзор оғоям подшоҳ он чиро, ки дар назараш писанд ояд, гирифта, қурбонӣ ку-над: инак, говҳо барои қурбонии сухтанӣ, ва ғаллакӯбакҳо ва асбоби говҳо барои ҳезум.
  6. Ҳамаи инро, эй подшоҳ,  Аравно  ба подшоҳ медиҳад». Ва Аравно ба подшоҳ гуфт: «Бигзор Худованд бар ту таваҷҷӯҳ намояд!»
  7. Ва подшоҳ ба Аравно гуфт: «Не, балки аз ту ба қимати пурраи он хоҳам харид, ва барои Худованд Худои худ чизи муфтро қурбонӣ нахоҳам кард». Ва Довуд хирмангоҳ ва говҳоро ба панҷоҳ сиқл нуқра харид.
  8. Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ овард. Ва Худованд ба мамлакат марҳамат намуд, ва вабо аз Исроил дур шуд.

© IBT 1992

Реклама