Дуюм Подшоҳон боби 20

Шӯриши  Шобаъ.

  1. АЗ қазо дар он ҷо марди нобакоре буд, ки биньёминӣ буда, Шобаъ ибни Бикрӣ ном дошт; ва ӯ шох навохта, гуфт: «Моро дар Довуд ҳиссае нест ва дар писари Йисой моро насибе  нест; ҳар яке ба хаймаи худ биравед, эй Исроил!»
  2. Ва тамоми мардуми Исроил аз Довуд ҷудо шуда, аз паи Шобаъ ибни Бикрӣ рафтанд, вале мардуми Яҳудо подшоҳи худро аз Урдун то Ерусалим ҳамроҳӣ карданд.
  3. Ва Довуд ба хонаи худ ба Ерусалим омад; ва подшоҳ даҳ зани суррияро, ки барои нигаҳбонии хона монда буд, гирифт, ва онҳоро дар бандихона ҷой дод, ва онҳоро дар таъминоти худ нигоҳ медошт, вале назди онҳо дохил намешуд; ва онҳо то вақти мамоташон, дар ҳолати зиндабевагӣ, бандӣ буданд.

Юоб Амосоро мекушад.

  1. Ва подшоҳ ба Амосо гуфт: «Мардуми Яҳудоро дар зарфи се рӯз назди ман даъват намо, ва худат дар ин ҷо ҳозир шав».
  2. Ва Амосо рафт, то ки аҳли Яҳудоро даъват намояд, вале аз мӯҳлате ки барояш муқаррар карда шуда буд, даранг кард.
  3. Ва Довуд ба Абишой гуфт: «Алҳол Шобаъ ибни Бикрӣ ба мо бештар аз Абшолӯм осеб хоҳад расонид; ту навкарони оғоятро гирифта, варо таъқиб намо, мабодо вай барои худ шаҳрҳои ҳисордоре пайдо карда, аз пеши назари мо пинҳон шавад».
  4. Ва одамони Юоб, ва каритиён ва фалитиён, ва ҳамаи паҳлавонон аз паи ӯ берун рафтанд; ва онҳо аз Ерусалим берун рафтанд, то ки Шобаъ ибни Бикриро таъқиб намоянд.
  5. Вақте ки онҳо ба санги бузурге ки дар Ҷибъӯн аст, расиданд, Амосо аз пешашон баромад. Ва Юоб либоси ҳарбӣ дар бар дошт,  ва бар он тасмаи шамшери ғилофдор бар камараш баста шуда буд, ва ҳангоме   ки   ӯ   берун   омад, шамшер аз ғилоф афтод.
  6. Ва Юоб ба Амосо гуфт: «Оё ту саломат ҳастӣ, бародарам?» Ва Юоб бо дасти росташ риши Амосоро гирифт, то ки ӯро бӯса кунад.
  7. Ва Амосо аз шамшере ки дар дасти Юоб буд, эҳтиёт нашуд, ва онро вай ба шиками ӯ зад, ва амъояш бар замин рехт, ва ӯро дубора назад, ва ӯ мурд. Ва Юоб ва бародараш Абишой Шобаъ ибни Бикриро таъқиб карданд.
  8. Ва яке аз навкарони Юоб назди мурда истода, мегуфт: «Ҳар кӣ Юобро хоҳон аст, ва ҳар кӣ ба Довуд содиқ аст, аз паи Юоб биравад!»
  9. Ва Амосо дар миёни роҳ ба хун ҷӯлида ҷон меканд; ва он навкар дид, ки тамоми қавм меистанд, бинобар ин Амосоро аз миёни роҳ ба тарафи саҳро кашида бурд,   ва либосе бар ӯ партофт, зеро дид, ки ҳар кӣ аз пеши ӯ гузарад, меистад.

Фурӯнишонии шӯриши Шобаъ.

  1. Аммо вақте ки ӯ аз миёни роҳ дур карда шуд, ҳама аз паи Юоб рафтанд, то ки Шобаъ ибни Бикриро таъқиб намоянд.
  2. Ва ӯ аз ҳамаи сибтҳои Исроил то Обили Байт-Маако ва ҳамаи бериён гузашта буд, ва инҳо низ аз паи ӯ мерафтанд.
  3. Вале онҳо омада, ӯро дар Обили Байт-Маако муҳосира карданд, ва хоктӯдае пеши шаҳр барпо намуданд, ки он то ба сари ҳисор расид, ва тамоми қавме ки бо Юоб буданд, ҳисорро вайрон мекарданд, то ки онро афтонанд.
  4. Ва зани оқилае аз шаҳр фарьёд кашид: «Бишнавед, бишнавед! Лутфан, ба Юоб бигӯед:  «Ба ин ҷо наздик ой, то ки ман бо ту сухан гӯям»».
  5. Ва ӯ назди вай омад, ва зан гуфт: «Оё ту Юоб ҳастӣ?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳастам». Ва ба ӯ гуфт: «Суханони канизатро бишнав». Ва ӯ гуфт: «Ман мешунавам».
  6. Вай сухан ронда, гуфт: «Пештар чунин мегуфтанд: «Дар Обил мебояд машварат пурсид», ва ҳар масъаларо ба ҳамин тариқ ҳал мекарданд.
  7. Ман сулҳҷӯ  ва  амини  Исроил  ҳастам;   ту   мехоҳӣ шаҳреро, ки модари шаҳрҳост,   дар Исроил   хароб   кунӣ; барои чӣ туро лозим аст, ки мулки Худовандро маҳв намоӣ?»
  8. Ва Юоб ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳошо ва калло, ки ман хароб кунам ё маҳв намоям!
  9. Асли масъала чунин нест, балки шахсе аз кӯҳи Эфроим, ки Шобаъ ибни Бикрӣ ном дорад, ба подшоҳ Довуд дасти тааддӣ дароз кардааст; ӯро танҳо бисупоред, ва ман аз шаҳр ақиб хоҳам гашт». Ва зан ба Юоб гуфт:   «Инак, сари ӯ аз болои ҳисор назди ту партофта хоҳад шуд».
  10. Ва зан бо нутқи оқилонаи худ назди тамоми қавм омад, ва онҳо сари Шобаъ ибни Бикриро аз тан ҷудо карда, назди Юоб партофтанд. Ва ӯ шох навохт, ва ҳама аз пеши шаҳр, ҳар яке сӯи хаймаи худ, паҳн шуда рафтанд. Ва Юоб ба Ерусалим назди подшоҳ баргашт.
  11. Ва Юоб сардори  тамоми лашкари  Исроил буд;  ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ — сардори каритиён ва фалитиён;
  12. Ва Адӯром — сардори боҷу хироҷ; ва Еҳӯшофот ибни Аҳилуд — вақоеънавис;
  13. Ва Шево — котиб; ва Содӯқ ва Абьётор — коҳинон.
  14. Ва Ирои ёирӣ низ назди Довуд коҳин буд.

© IBT 1992

Реклама