Дуюм Подшоҳон боби 19

Юоб Довудро мазаммат менамояд.

  1. ВА ба Юоб   хабар   доданд:   «Инак,   подшоҳ   барои Абшолӯм гирья мекунад, ва мотам гирифтааст».
  2. Ва дар он рӯз шодии ғалаба барои тамоми қавм ба мотам   табдил   ёфт,   зеро   қавм дар он рӯз шуниданд, ки подшоҳ барои писараш андӯҳгин аст.
  3. Ва дар он рӯз қавм дуздвор ба шаҳр дохил мешуданд, монанди касоне ки аз майдони ҷанг гурехта, аз рӯи шарм дуздвор меоянд.
  4. Ва подшоҳ   рӯи   худро   пӯшонида   буд, ва подшоҳ бо овози баланд фарьёд мезад:   «Вой   писарам   Абшолӯм! Вой Абшолӯм писарам, писарам!»
  5. Ва Юоб назди подшоҳ ба хона даромада, гуфт: «Имрӯз ту рӯи ҳамаи навкарони худро хиҷил кардӣ, ки онҳо ҷони туро, ва ҷони писарон ва духтаронатро, ва ҷони занонатро, ва ҷони сурриягонатро имрӯз халосӣ доданд;
  6. Чунки ту  бадхоҳонатро  дӯст медорӣ ва аз дӯстонат нафрат дорӣ,  зеро  имрӯз  нишон  додӣ,   ки   сарварон   ва навкарон  дар  назари ту  ҳеҷанд, ва имрӯз ман донистам, ки агар Абшолӯм зинда мемонд,   ва  ҳамаи  мо имрӯз ме-мурдем, ин ба назари ту писанд  меомад.
  7. Ва алҳол бархоста, берун ой ва ба навкаронат сухано-ни дилнавоз бигуй, зеро ба Худованд қасам мехӯрам, ки агар берун наоӣ, имшаб назди ту як нафар ҳам нахоҳанд монд, ва ин барои ту аз ҳамаи фалокатҳое ки аз наврасиат то ҳоло ба сари ту омадааст, бадтар хоҳад буд».
  8. Ва подшоҳ бархоста, назди дарвоза  нишаст,  ва   ба тамоми  қавм  хабар  дода,  гуфтанд:   «Инак,  подшоҳ назди дарвоза нишастааст».   Ва тамоми  қавм  ба   ҳузури   подшоҳ омаданд,   вале   исроилиён   ҳар   яке ба хаймаи худ гурехта рафта буданд.

Довуд ба Ерусалим бармегардад.

  1. Ва тамоми қавм дар ҳамаи сибтҳои Исроил баҳсу мунозира карда, мегуфтанд: «Подшоҳ моро аз дасти душма-нони мо халос кардааст, ва ӯ моро аз дасти фалиштиён наҷот додааст, ва алҳол аз ин замин аз боиси Абшолӯм гурехтааст.
  2. Ва Абшолӯм, ки ӯро мо бар худ тадҳин намуда будем, дар ҷанг мурдааст; ва алҳол чаро шумо дар бобати баргар-донидани подшоҳ  хомӯш   мемонед?»
  3. Ва подшоҳ назди коҳинон Содӯқ ва Абьётор фиристода, гуфт: «Ба пирони Яҳудо сухан ронда, бигӯед: «Чаро шумо дар бобати   баргардонидани   подшоҳ   ба   хонааш   мехоҳед охирин   бошед,    дар   сурате   ки   сухани   тамоми   Исроил назди   подшоҳ  ба хонааш расидааст?
  4. Шумо бародарони ман ҳастед, устухони ман ва гӯшти ман ҳастед, пас чаро дар  бобати  баргардонидани подшоҳ мехоҳед охирин бошед?»
  5. Ва ба Амосо бигӯед: «Ту,  охир, устухон ва гӯшти ман   ҳастӣ.   Бигзор   Худо ба ман   чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ту ба ҳузури ман дар тамоми айём ба ҷои Юоб сарлашкар нагардӣ!»»
  6. Ва ӯ дили тамоми мардуми Яҳудоро, мисли як тан, ба худ моил гардонид, ва онҳо назди подшоҳ фиристоданд: «Ту ва ҳамаи навкаронат баргардед».
  7. Ва подшоҳ   баргашта,  ба Урдун расид; ва мардуми Яҳудо ба Ҷилҷол омаданд, то ки подшоҳро пешвоз гиранд ва подшоҳро аз Ӯрдун гузаронанд.
  8. Ва Шимъӣ   ибни   Ҷерои   биньёминӣ,  ки аз Баҳурим буд, шитофта, бо мардуми Яҳудо ба пешвози подшоҳ Довуд фурӯд омад.
  9. Ва ҳазор   нафар   аз   биньёминиён, ва Сибо, навкари хонадони   Шоул,  бо понздаҳ   писараш ва бист   навкараш ҳамроҳи ӯ буданд;  ва онҳо аз Урдун пеши   подшоҳ   убур карданд.
  10. Ва чун аз маъбари Урдун убур намуданд, то ки хона-дони подшоҳро   гузаронанд   ва   ҳар   чизи   дар назари ӯ мақбулро ба амал оваранд, Шимъӣ ибни  Ҷеро  ба ҳузури подшоҳ, пеш аз он ки ӯ аз Урдун убур кунад, афтод,
  11. Ва ба подшоҳ гуфт: «Оғоям маро айбдор нашуморад, ва гуноҳеро, ки бандаат   дар   рӯзе ки оғоям   подшоҳ аз Ерусалим  берун  меомад,   содир  кардааст,  ба ёд наоварад, ва подшоҳ онро ба дили худ нагирад,
  12. Зеро ки ман, бандаат, медонам, ки хато кардаам, ва инак,  имрӯз аз тамоми хонадони Юсуф аввалин шуда ома-даам,  то ки  ба пешвози  оғоям подшоҳ бароям».
  13. Ва Абишой ибни Саруё ҷавоб дода, гуфт: «Оё Шимъӣ аз барои ин кушта нашавад? Вай, охир, масеҳи Худовандро дашном додааст».
  14. Вале Довуд гуфт: «Маро бо шумо, эй писарони Са-руё, чӣ кор  аст, ки  имрӯз   монеае   барои   ман мешавед? Оё равост, ки касе имрӯз дар Исроил кушта шавад? Ба ман, охир, имрӯз маълум шудааст, ки ман бар  Исроил подшоҳ ҳастам».
  15. Ва подшоҳ ба Шимъӣ гуфт: «Ту нахоҳӣ мурд». Ва под-шоҳ ба ӯ қасам хӯрд.
  16. Ва Мефибӯшет ибни Шоул ба пешвози подшоҳ  ба-ромад.  Ва ӯ аз рӯзе ки подшоҳ рафт, то рӯзе ки ба са-ломатӣ баргашт, на пойҳояшро шуста буд, на мӯйлабашро қайчӣ зада буд, ва на либосҳояшро ҷомашӯӣ карда буд.
  17. Ва ҳангоме ки  ӯ  аз Ерусалим  ба  пешвози подшоҳ омад, подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чаро ту, эй Мефибӯшет,  бо ман нарафтӣ?»
  18. Ва ӯ гуфт: «Эй оғоям подшоҳ! Навкарам маро фиреб дод; зеро ки ман, бандаи ту, ба дили худ гуфтам: «Хари худро зин карда ва бар он савор шуда, бо подшоҳ биравам»; зеро кӣ бандаат ланг аст.
  19. Вале вай   дар   ҳаққи   бандаат   назди оғоям подшоҳ бӯҳтон   гуфтааст.   Валекин оғоям подшоҳ мисли фариштаи Худост, ва ҳар чи дар назарат писанд ояд, ба амал овар.
  20. Агарчи тамоми хонадони  падарам  ба  ҳузури   оғоям подшоҳ   сазовори   мамот   буданд,   вале   ту  бандаатро дар миёни хӯрандагони суфраи худ шинондӣ; пас, ман боз чӣ ҳақ дорам, ки назди подшоҳ шиква намоям?»
  21. Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чаро боз ин суханатро мегӯӣ? Ман мегӯям: ту ва Сибо киштзорро тақсим кунед».
  22. Ва Мефибӯшет ба подшоҳ гуфт: «Бигзор вай ҳамаашро гирад, модом ки  оғоям подшоҳ ба саломатӣ ба хонаи худ баргаштааст».
  23. Ва Барзилои чилъодӣ аз Рӯҷлим фурӯд омада, бо под-шоҳ аз Урдун гузашт, то ки ӯро ба он тарафи Урдун гусел намояд.
  24. Ва Барзилой марди бағоят пир буд: ба синни ҳаштод-солагӣ расида буд, ва ӯ подшоҳро, ҳангоме ки дар Маҳа-ноим меистод, дар таъминоти худ нигоҳ дошт, зеро ки ӯ шахси бағоят сарватдор буд.
  25. Ва подшоҳ ба Барзилой гуфт: «Ту бо ман биё, ва ман туро дар Ерусалим дар таъминоти худ нигоҳ хоҳам дошт».
  26. Ва Барзилой ба подшоҳ гуфт: «Айёми солҳои ҳаёти ман чӣ қадар аст, ки бо подшоҳ ба Ерусалим биравам?
  27. Ман алҳол  ҳаштодсола  ҳастам.   Оё  ман  метавонам некро аз бад фарқ кунам? Оё бандаат таъми он чиро, ки мехӯрам ва менӯшам, метавонад ҳис намояд? Оё боз овози муғанниён  ва  муғанниягонро  метавонам   бишнавам?   Пас, чаро   бандаат   боз   ба   оғоям подшоҳ гаронӣ кунад?
  28. Боз андаке бандаат бо подшоҳ аз Урдун убур хоҳад кард; ва чаро подшоҳ ба ман чунин подош диҳад?
  29. Ба бандаи худ изн бидеҳ, ки баргардад, то ки дар шаҳри худ назди мақбараи падару модари худ бимирам. Ва инак, бандаат Кимҳом бо оғоям подшоҳ биравад, ва ҳар чи дар назарат писанд ояд, бо вай ба амал овар».
  30. Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор Кимҳом бо ман ояд, ва он чи дар назари ту писанд  бошад,   ман  барои вай ба амал хоҳам овард, ва ҳар чи аз ман талаб намоӣ,  барои ту ба ҷо хоҳам овард».
  31. Ва тамоми қавм аз Урдун убур карданд. Ва подшоҳ убур намуд. Ва подшоҳ Барзилойро бӯсид, ва ӯро баракат дод, ва ӯ ба макони худ баргашт.
  32. Ва подшоҳ ба Ҷилҷол равона шуд, ва Кимҳом бо ӯ рафт. Ва тамоми қавми Яҳудо подшоҳро гуселониданд, ва нисфи қавми Исроил низ.
  33. Ва инак, тамоми мардуми Исроил назди подшоҳ ома-данд, ва ба подшоҳ гуфтанд: «Аз чӣ сабаб бародарони мо, мардуми Яҳудо, туро дуздиданд, ва подшоҳ ва хонадонашро аз Урдун гузарониданд, дар сурате ки ҳамаи одамони Довуд бо ӯ буданд?»
  34. Ва тамоми мардуми Яҳудо ба мардуми Исроил ҷавоб гардониданд:   «Аз он  сабаб,   ки подшоҳ  хешованди   мост. Пас,   чаро  ин  шуморо ба хашм овардааст? Оё мо чизе аз суфраи подшоҳ хӯрдаем? Оё инъоме аз ӯ ба мо расидааст?»
  35. Ва мардуми Исроил ба мардуми Яҳудо ҷавоб гардо-нида, гуфтанд: «Моро дар подшоҳ даҳ ҳисса ҳаст, дар До-вуд низ ҳиссаи мо назар ба шумо бештар аст. Пас, чаро моро хор доштед? Ва оё мо дар бораи баргардонидани подшоҳи худ аввалин шуда сухан нарондем?» Валекин сухани мар-думи Яҳудо аз сухани мардуми Исроил сахттар буд.

© IBT 1992

Реклама