Дуюм Подшоҳон боби 18

Ҳарбу зарб назди кӯҳи Эфроим.

  1. ВА Довуд қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз назар гузаро-нид, ва бар онҳо мириҳазорҳо ва мирисадҳоро таъин намуд.
  2. Ва Довуд қавмро равона кард: сеякашонро бо сардо-рии Юоб, ва сеякашонро бо сардории Абишой ибни Саруё, бародари Юоб, ва сеякашонро бо сардории Иттои ҷаттӣ; ва подшоҳ ба қавм гуфт: «Ман низ бо шумо берун хоҳам омад».
  3. Валекин қавм гуфтанд: «Берун наой, зеро ки агар мо рӯ ба гурез оварем, ба ин аҳамият нахоҳанд дод; ва ҳатто агар нисфи мо бимирем, ба ин аҳамият нахоҳанд дод, зеро ки ту мисли даҳ ҳазори мо ҳастӣ: ва алҳол беҳтар аст, ки ба мо аз шаҳр ёварӣ намоӣ».
  4. Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Он чи ба  назари  шумо писанд ояд, хоҳам кард». Ва подшоҳ назди дарвоза истод, ва тамоми қавм дар шакли фавҷҳои  саднафарӣ ва  ҳазор-нафарӣ берун рафтанд.
  5. Ва подшоҳ ба Юоб ва Абишой ва Иттой амр фарму-да, гуфт: «Ба хотири ман бо Абшолӯми ҷавон эҳтиёт бошед». Ва ҳангоме ки подшоҳ ба ҳамаи сардорон дар бораи Аб-шолӯм фармон дод, тамоми қавм шуниданд.
  6. Ва қавм ба пешвози исроилиён ба саҳро баромаданд, ва дар ҷангали Эфроим ҳарбу зарб ба амал омад.
  7. Ва дар он ҷо қавми Исроил аз дасти навкарони Довуд шикаст хӯрданд, ва дар он рӯз мағлубияти азиме дар он ҷо рӯй дода, бист ҳазор нафар талаф гардиданд.
  8. Ва ҷанг дар он ҷо бар рӯи тамоми замин паҳн шуд; ва дар он рӯз қавм аз  ҷангал бештар  талаф  гардиданд, назар ба он ки аз шамшер талаф гардиданд.

Мамоти Абшолӯм.

  1. Ва Абшолӯм тасодуфан ба навкарони  Довуд дучор омад; ва Абшолӯм бар хачире савор буд, ва хачир ба таги шохаҳои печ дар печи булути бузурге даромад, ва сари ӯ дар шохаҳои булут андармон шуд, ва ӯ дар миёни осмон ва  замин  муаллақ монд,   ва  хачире   ки   дар   тагаш   буд, гузашта рафт.
  2. Ва шахсе инро дид ва ба Юоб хабар дода, гуфт: «Инак, Абшолӯмро дидам, ки дар шохаҳои булут овезон аст».
  3. Ва Юоб ба шахсе ки  ба  ӯ  хабар   дода   буд,  гуфт: «Инак, ту дидаӣ, пас чаро ӯро дар он ҷо зада ба замин на-ғалтонидаӣ? Ва ман ба ту даҳ сиқл нуқра  ва   камарбанде медодам».
  4. Ва он шахс ба Юоб ҷавоб гардонида, гуфт: «Агар ба дастам ҳатто ҳазор сиқл нуқра медоданд, ман дасти худро бар  писари  подшоҳ дароз   намекардам,  зеро  ки  ба  ту ва Абишой ва Иттой ба самъи мо амр фармуда, гуфт: «Ба хотири ман ҳар яке аз шумо бо Абшолӯми ҷавон эҳтиёт бошед».
  5. Ҳатто агар ман ба ҷони худ ҷабр карда, дурӯғ мегуф-там, ҳеҷ чиз, охир, аз подшоҳ пинҳон намемонад, ва худи ту бар зидди ман қиём менамудӣ».
  6. Ва Юоб гуфт: «Раво нест, ки пеши ту даранг намоям». Ва ӯ се тир ба дасташ гирифта, онҳоро ба дили Абшолӯм халонид, дар   сурате   ки   вай   ҳанӯз   дар   миёни   шохаҳои булут зинда буд.
  7. Ва даҳ навкар, ки силоҳбардорони Юоб буданд, даври Абшолӯмро гирифтанд  ва  ӯро   зада  куштанд.
  8. Ва Юоб шох навохт, ва қавм аз таъқиб кардани Исроил баргаштанд, зеро ки Юоб қавмро манъ намуд.
  9. Ва Абшолӯмро гирифтанд, ва ӯро дар чуқурии калоне ки дар ҷангал буд, андохтанд, ва бар ӯ сангтӯдаи бағоят бузурге барпо карданд, ва тамоми Исроил, ҳар яке ба хаймаи худ, пароканда шуданд.
  10. Ва Абшолӯм, вақте ки дар қайди ҳаёт буд, барои худ сутуне барпо кард, ки он дар водии подшоҳ аст; зеро ки гуфт: «Писаре надорам, ки номи ман ба воситаи вай зикр карда шавад»; ва он сутунро ба номи худ хонд, ва он то имрӯз сутуни Абшолӯм номида мешавад.

Мамоти писараш сабаби мотами азими Довуд мегардад.

  1. Ва Аҳимаас ибни Содӯқ гуфт: «Изн бидеҳ, ки биравам ва мужда ба подшоҳ бирасонам, ки Худованд доварӣ намуда, ӯро аз дасти душманонаш халосӣ додааст».
  2. Вале Юоб ба вай гуфт: «Ту имрӯз муждавар нестӣ, балки рӯзи дигаре мужда хоҳӣ расонид, вале имрӯз мужда нахоҳӣ расонид, чунки писари подшоҳ мурдааст».
  3. Ва Юоб ба Кушӣ гуфт: «Бирав  ва аз он чи дидаӣ, ба подшоҳ хабар бирасон». Ва Кушӣ ба Юоб саҷда намуда, давид.
  4. Ва Аҳимаас ибни Содӯқ боз ба Юоб муроҷиат намуда, гуфт: «Ҳар чи бодо бод; изн бидеҳ, ки ман низ аз ақиби Кушӣ бидавам». Вале Юоб гуфт: «Чаро ту мехоҳӣ бидавӣ, эй писарам? Ин мужда, охир, ба ту мукофоте нахоҳад овард».
  5. Вай гуфт: «Ҳар чи бодо бод; ман мехоҳам биравам». Ва ӯ ба вай гуфт:  «Пас, бидав». Ва Аҳимаас бо роҳи водӣ давида, аз Кушӣ пеш гузашт.
  6. Ва Довуд дар миёни ду дарвоза нишаста буд. Ва дидбон аз боми дарвоза ба болои ҳисор баромад, ва чашмони худро баланд карда, дид, ки инак, шахсе танҳо медавад.
  7. Ва дидбон   фарьёд   зада,   ба подшоҳ  хабар дод. Ва подшоҳ гуфт: «Агар танҳо бошад, муждае дар забони ӯст». Ва он шахс торафт наздик меомад.
  8. Ва дидбон шахси дигарро дид, ки медавад, ва дидбон ба дарвозабон фарьёд зада, гуфт: «Инак, боз шахсе танҳо медавад». Ва подшоҳ гуфт: «Ин низ муждавар аст».
  9. Ва дидбон гуфт: «Ман  давидани  шахси  аввалинро мебинам, ки мисли давидани Аҳимаас ибни Содӯқ аст». Ва подшоҳ гуфт: «Ин шахси хуб аст, ва муждаи хуб меоварад».
  10. Ва Аҳимаас нидо карда, ба подшоҳ гуфт: «Саломатист!» Ва пеши подшоҳ бар рӯи худ то замин саҷда бурда, гуфт: «Муборак аст Худованд Худои ту, ки мардумеро, ки ба оғоям подшоҳ дасти таҷовуз дароз карда буданд, таслим намуд!».
  11. Ва подшоҳ гуфт: «Оё Абшолӯми ҷавон саломат аст?» Ва Аҳимаас гуфт: «Вақте ки Юоб, бандаи подшоҳ,   бандаи туро фиристод, издиҳоми бузурге дидам, вале надонистам, ки чӣ буд».
  12. Ва подшоҳ гуфт: «Бигард ва ин ҷо биист». Вай гашта онсӯтар рафт ва истод.
  13. Ва инак, Кушӣ омад. Ва Кушӣ гуфт: «Оғоям подшоҳ ин муждаро қабул   фармояд,   ки Худованд  имрӯз доварӣ намуда, туро аз дасти ҳамаи онҳое ки бар зидди ту қиём карда буданд, раҳоӣ додааст».
  14. Ва подшоҳ  ба  Кӯшӣ  гуфт:    «Оё   Абшолӯми   ҷавон саломат аст?» Ва Кушӣ гуфт: «Душманони оғоям подшоҳ ва ҳамаи онҳое ки бар ту барои бадӣ қиём мекунанд, мисли он ҷавон бишаванд!»
  15. Ва подшоҳ   ба   изтироб   омад  ва  ба  ҳуҷраи   болои дарвоза баромада,  гирья кард;  ва ҳангоми қадамзаданаш чунин мегуфт: «Вой писарам Абшолӯм! Вой писарам, писарам Абшолӯм!  Кошки ман  ба ҷои ту мемурдам, вой Абшолӯм писарам, писарам!»

© IBT 1992

Реклама