Дуюм Подшоҳон боби 17

Дасисаҳои бемуваффақияти Аҳитӯфал ва анҷоми нангини вай.

  1. ВА Аҳитӯфал ба Абшолӯм гуфт: «Ба ман изн бидеҳ, ки дувоздаҳ ҳазор нафарро баргузида,  бархезам ва ҳамин шаб Довудро таъқиб намоям.
  2. Ва дар сурате ки ӯ аз ҳол рафта, дастҳояш суст шуда бошад, ман ба ӯ ҳамла карда, ӯро ба ҳарос хоҳам андохт, ва тамоми қавме ки бо ӯ ҳастанд, рӯ ба гурез хоҳанд овард, ва ман танҳо подшоҳро хоҳам кушт.
  3. Ва тамоми қавмро назди ту хоҳам баргардонид; ва чун ҳамаашон аз касе ки ту қасди ҷонаш дорӣ, баргарданд, он гоҳ тамоми қавм дар ҳолати осоиштагӣ хоҳанд буд».
  4. Ва ин сухан дар назари Абшолӯм, ва дар назари ҳа-маи пирони Исроил писанд омад.
  5. Ва Абшолӯм гуфт: «Ҳушои аркиро низ даъват намоед, то бишнавем, ки вай чӣ мегӯяд».
  6. Ва ҳамин ки Ҳушой назди Абшолӯм омад, Абшолӯм ба вай сухан ронда, гуфт: «Аҳитӯфал ба ин мазмун сухан рондааст; оё мувофиқи сухани ӯ амал кунем? Вагар на, ту бигӯй».
  7. Ва Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Машварате ки Аҳитӯфал додааст, ҳамин дафъа хуб нест».
  8. Ва Ҳушой гуфт: «Ту падарат ва одамонашро медонӣ: онҳо далеранд   ва   мисли   хирси   саҳро,   ки   аз  бачаҳояш маҳрум шуда бошад, бағоят хашмгинанд; ва падарат марди ҷангозмуда аст, ва шаб дар миёни қавм хоб намеравад.
  9. Инак, алҳол ӯ дар мағорае ё ҷои дигаре пинҳон аст, ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар касе дар ибтидои ҳу-ҷум биафтад, инро шунида, хоҳанд гуфт: «Қавме ки бо Абшолӯм ҳастанд, шикаст хӯрдаанд».
  10. Ва он гоҳ ҳатто ҷанговаре ки дилаш мисли дили шер аст, аз рӯҳ хоҳад афтод,  зеро тамоми Исроил медонанд, ки падари ту паҳлавон аст, ва ҳамроҳонаш далеранд.
  11. Бинобар ин машварати ман ин  аст:   бигзор  тамоми Исроил, аз  Дон  то   Беэр-Шобаъ,  ки  мисли  реги  соҳили дарьё сершуморанд,   назди  ту   ҷамъ   шаванд, ва худи ту дар миёни онҳо равона бошӣ.
  12. Ва мо, дар ҳар ҷое ки ӯ бошад, ба муқобили ӯ хоҳем рафт, ва мисли шабнаме ки бар замин мерезад, бар ӯ ҳуҷум хоҳем кард,   ва назди ӯ аз ҳамаи ҳамроҳонаш   як нафар ҳам боқӣ нахоҳад монд.
  13. Ва агар ӯ ба шаҳре дохил  шавад,   тамоми Исроил ба он шаҳр  танобҳо хоҳанд  овард,  ва мо  онро ба наҳр хоҳем кашид, ба тавре ки дар он ҷо як сангреза ҳам боқӣ намонад».
  14. Ва Абшолӯм ва тамоми мардуми Исроил гуфтанд: «Машварати  Ҳушои аркӣ аз машварати Аҳитӯфал беҳтар аст». Зеро  ҳукми Худованд  он буд, ки машварати хуби Аҳитӯфал ботил   гардад,   то  ки  Худованд   фалокате  бар Абшолӯм оварад.
  15. Ва Ҳушой   ба   коҳинон   Содӯқ   ва   Абьётор   гуфт: «Аҳитӯфал ба Абшолӯм ва пирони Исроил чунин ва чунон машварат  дод, ва ман  чунин ва чунон машварат додам.
  16. Ва алҳол ба зудӣ бифиристед ва   ба   Довуд  хабар дода, гӯед: «Имшаб дар даштрӯяи биёбон таваққуф накун, балки ҳатман убур намо, мабодо подшоҳ ва тамоми қавме ки бо ӯ ҳастанд, талаф шаванд»».
  17. Ва Йӯнотон   ва   Аҳимаас   назди   Эйн-Рӯҷел  истода буданд, ва канизе рафта, ба онҳо хабар дод, ва онҳо рафта, ба подшоҳ Довуд хабар доданд, зеро ки наметавонистанд ба шаҳр омада, худро зоҳир созанд.
  18. Ва навкаре онҳоро дида, ба Абшолӯм хабар дод; ва ҳар дуи онҳо ба зудӣ рафта, ба хонаи шахсе дар Баҳурим дохил шуданд, ки дар ҳавлии вай чоҳе буд, ва онҳо дар он фурӯд омаданд.
  19. Ва зане сарпӯши чоҳро гирифта, даҳани онро пӯшо-нид, ва ярма бар рӯи он пошид, ба тавре ки чизе маълум нашуд.
  20. Ва навкарони Абшолӯм назди он зан ба хона дарома-да, гуфтанд: «Аҳимаас ва Йӯнотон куҷоянд?» Зан ба онҳо гуфт: «Аз ҷӯи об убур карданд». Ва онҳо ҷустуҷӯ намуда, наёфтанд,  ва  ба  Ерусалим  баргаштанд.
  21. Ва баъд аз рафтанашон,   инҳо   аз   чоҳ   баромаданд, ва рафта, ба подшоҳ  Довуд хабар доданд; ва ба Довуд гуфтанд:  «Бархоста, ба зудӣ аз об убур  намоед,  зеро ки Аҳитӯфал дар бораи шумо чунин машварат додааст».
  22. Ва Довуд ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, бархоста, аз Урдун убур карданд; то дамидани субҳ як нафар ҳам на-монд, ки аз Урдун убур накарда бошад.
  23. Ва Аҳитӯфал   чун   дид,   ки   машвараташ   ба   амал оварда нашуд, хари худро зин кард, ва бархоста, ба шаҳри худ ба хонааш рафт, ва барои аҳли байти худ васият намуда, худро буғӣ кард, ва мурд, ва ӯро дар мақбараи падараш дафн карданд.
  24. Ва Довуд ба Маҳаноим омад; ва Абшолӯм аз Ӯрдун убур намуд, ва тамоми мардуми Исроил бо ӯ буданд.
  25. Ва Абшолӯм Амосоро ба ҷои Юоб сарлашкар таъин кард; ва Амосо писари шахсе буд, ки Йитрои исроилӣ ном дошт, ва назди Абиҷал бинти Ноҳош, хоҳари Саруё, модари Юоб дохил шуда буд.
  26. Ва Исроил  ва  Абшолӯм дар   замини   Ҷилъод   ӯрду заданд.
  27. Ва ҳангоме   ки   Довуд   ба   Маҳаноим   омад,   Шубӣ ибни Ноҳош аз Раббаи банӣ-Аммӯн, ва Мокир ибни Амиил, аз Лӯдабор, ва Барзилои ҷилъодӣ, аз Руҷлим,
  28. Бистарҳо, ва табақҳо, ва зарфҳои сафолин, ва гандум, ва ҷав, ва орд, ва хӯшабирьён, ва лӯбиё ва адаси бирьён,
  29. Ва асал, ва маска, ва гӯшти гӯсфанд, ва панири гов барои хӯроки Довуд ва қавме ки бо ӯ буданд, оварданд, зеро ки гуфтанд: «Қавм дар биёбон гурусна   ва   хаста  ва ташна мебошанд».

© IBT 1992

Реклама