Дуюм Подшоҳон боби 14

Юоб Абшолӯмро ҳимоят мекунад.

  1. ВА Юоб ибни Саруё пайхас намуд, ки дили подшоҳ ба Абшолӯм моил аст.
  2. Ва Юоб ба Тақӯо фиристода, аз он ҷо зани зиракеро оваронид, ва ба вай гуфт: «Лутфан, худро мотамдор вонамуд бикун, ва либоси мотамӣ бипӯш, ва ба танат равған намол, ва мисли зане бишав, ки айёми зиёде барои мурда мотам гирифта бошад.
  3. Ва назди подшоҳ омада, ба ӯ ба ин мазмун сухан бирон». Ва Юоб он суханонро ба даҳони вай гузошт.
  4. Ва он зани тақӯогӣ барои сухан рондан назди подшоҳ омад, ва бар рӯи худ ба замин афтода, саҷда бурд, ва гуфт: «Ёварӣ намо, эй подшоҳ!»
  5. Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Туро чӣ шудааст?» Вай гуфт: «Инак, ман бевазане ҳастам, ва шавҳарам мурдааст.
  6. Ва канизи ту ду писар дошт; ва ҳар ду дар саҳро хар-хаша намудаанд, ва касе набудааст, ки онҳоро аз якдигар чудо кунад, ва яке дигареро зарба зада, варо куштааст.
  7. Ва инак, тамоми қабила бар канизи ту қиём намуда, мегӯянд: «Бародаркушро бисупор, то ки ӯро барои ҷони ба-родараш, ки куштааст, қатл кунем, ва ворисро низ маҳв на-моем». Ва онҳо ахгари маро, ки боқӣ мондааст, хомӯш хоҳанд кард, бе он ки барои шавҳарам номе ва бақияе бар рӯи замин бигузоранд».
  8. Ва подшоҳ ба зан гуфт: «Ба хонаи худ бирав, ва ман дар бораи ту амр хоҳам фармуд».
  9. Ва зани тақӯогӣ ба подшоҳ гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, бигзор гуноҳ бар ман ва бар хонадони падарам бошад, ва под-шоҳ ва тахти ӯ аз гуноҳ пок бошанд».
  10. Ва подшоҳ гуфт: «Ҳар кӣ бо ту сухан гӯяд, ӯро назди ман биёр, ва ӯ дигар осебе ба ту нахоҳад расонид».
  11. Вай гуфт: «Лутфан, эй подшоҳ, Худованд Худои худро зикр намо, то ки хунхоҳ ҳалокатро афзун накунад, ва онҳо писари маро накушанд». Ва ӯ гуфт:  «Қасам ба ҳаёти Ху-дованд, ки мӯе аз сари писарат ба замин нахоҳад афтод».
  12. Ва зан гуфт: «Лутфан, ба канизи худ изн бидеҳ, ки: ба оғоям подшоҳ боз сухане гӯяд». Ва ӯ гуфт: «Бигӯй».
  13. «Пас чаро ту дар ҳаққи қавми Худо чунин андешидаӣ? Ва подшоҳ бо гуфтани ин сухан мисли айбдор аст, чунки под-шоҳ рондашудаи худро барнагардонидааст.
  14. Мо, охир, ҳатман хоҳем мурд, ва мисли обе хоҳем буд, ки ба замин рехта мешавад, ва онро дигар ҷамъ кар-дан мумкин нест; ва Худо ҷонро нобуд намекунад, балки тадбирҳо меандешад, то ки рондашудае аз ӯ ронда нашавад.
  15. Ва алҳол назди оғоям подшоҳ барои гуфтани ин су-хан ба он сабаб омадаам, ки қавм маро тарсониданд; ва ка-низат ба дили худ гуфт: «Биё, ба подшоҳ арз кунам; шояд, подшоҳ арзи чӯрии худро ба амал оварад;
  16. Вақте ки подшоҳ бишнавад, чӯрии худро аз дасти касе ки мехоҳад маро бо якҷоягии писарам аз мероси Худо маҳв намояд, раҳо хоҳад кард».
  17. Ва канизи ту ба дили худ гуфт: «Сухани оғоям подшоҳ сабаби тасаллӣ хоҳад шуд», зеро ки оғоям подшоҳ мисли фариштаи Худост,  то  ки нек ва бадро дарк намояд.  Ва Худованд Худои ту бигзор бо ту бошад».
  18. Ва подшоҳ ҷавоб гардбнида, ба зан гуфт: «Чизе ки ман аз ту бипурсам, аз ман пинҳон надор». Ва зан гуфт: «Лутфан, оғоям подшоҳ бигӯяд».
  19. Ва подшоҳ гуфт: «Оё дасти Юоб дар ҳамаи ин бо туст?» Ва зан ҷавоб гардонида, гуфт: «Қасам ба ҳаёти ҷони ту,  эй оғоям подшоҳ, ки аз ҳар чи оғоям подшоҳ гуфт, кас наметавонад ба тарафи рост ё чап майл кунад: ҳақиқатан, бандаат Юоб ба ман амр фармудааст, ва ҳамаи ин суханонро ӯ ба даҳони канизи ту гузоштааст.
  20. Барои тағьир додани вазъияти ҳозира бандаат Юоб ин корро кардааст; вале хирадмандии оғоям мисли хирадмандии фариштаи Худост, то ҳар чиро, ки бар рӯи замин аст, бидонад».

Довуд Абшолӯмро афв менамояд.

  1. Ва подшоҳ ба Юоб гуфт: «Инак, ман ин корро кар-даам, ва акнун ту рафта, Абшолӯми ҷавонро баргардон».
  2. Ва Юоб бар рӯи худ ба замин афтода,   саҷда  бурд, ва подшоҳро табрик намуд; ва Юоб гуфт:  «Имрӯз бандаат медонад, ки дар назари ту, эй оғоям подшоҳ, илтифот ёф-таам, чунки подшоҳ бар тибқи сухани навкари худ амал намудааст».
  3. Ва Юоб бархоста, ба Ҷашур рафт, ва Абшолӯмро ба Ерусалим овард.
  4. Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор ӯ ба хонаи худ баргардад, ва рӯи маро набинад». Ва Абшолӯм ба хонаи худ баргашт, ва рӯи подшоҳро надид.
  5. Ва дар тамоми Исроил касе дар зебоӣ мисли Абшолӯм лоиқи таҳсин набуд: аз кафи пой то фарқи сараш ӯ нуқсоне надошт.
  6. Ва ҳангоме ки мӯйсари худро метарошид, — онро ӯ дар охири ҳар сол метарошид, чунки бар ӯ гаронӣ мекард, ва аз ин сабаб онро метарошид, — мӯйсари ӯ ба санги подшоҳӣ дусад сиқл вазн дошт.
  7. Ва барои Абшолӯм се писар ва як духтар, ки Томор ном дошт, таваллуд ёфтанд; вай зани зебосимое буд.
  8. Ва Абшолӯм дар Ерусалим ду сол истод, вале рӯи подшоҳро надид.
  9. Ва Абшолӯм назди Юоб фиристод, то ки варо пеши подшоҳ равона кунад, вале вай нахост, ки пеши ӯ биёяд; ва ӯ боз бори дуюм фиристод, вале нахост, ки биёяд.
  10. Ва ӯ ба навкаронаш гуфт: «Бубинед, қитъаи Юоб дар шафати қитъаи ман аст, ва дар он ҷо вай кишти ҷав дорад: биравед ва онро оташ зада бисӯзонед». Ва навкарони Абшо-лӯм он қитъаро оташ зада, сӯзониданд.
  11. Ва Юоб бархоста, назди Абшолӯм ба хонааш рафт, ва ба ӯ гуфт: «Чаро навкаронн ту қитъаи маро оташ   зада сӯзонидаанд?»
  12. Ва Абшолӯм ба Юоб гуфт: «Инак, назди ту фиристода, гуфтам: ин ҷо биё, ва ман туро назди подшоҳ равона намоям, то ки бигӯӣ: «Чаро ман аз Ҷашур омадаам? Барои ман беҳтар мебуд, ки то кунун дар он ҷо бошам». Ва алҳол мехоҳам рӯи подшоҳро бубинам, ва агар айбдор бошам, бигзор ӯ маро ба қатл расонад».
  13. Ва Юоб назди подшоҳ омада, ба ӯ хабар дод, ва ӯ Абшолӯмро даъват намуд; ва вай назди подшоҳ омад, ва пеши подшоҳ бар рӯи худ ба замин афтода, саҷда бурд; ва подшоҳ Абшолӯмро  бӯса кард.

© IBT 1992

Реклама