Дуюм Подшоҳон боби 11

Гуноҳи азими Довуд.

  1. ВА баъд аз интиҳои сол, вақте ки подшоҳон берун мераванд, чунин воқеъ шуд, ки Довуд Юобро бо навкарони худ ва бо тамоми Исроил фиристод, ва онҳо банӣ-Аммӯнро зарба зада, Раббаро муҳосира карданд; вале Довуд дар Еру-салим монд.
  2. Ва ҳангоми шом чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз бис-тари худ бархоста, бар боми хонаи подшоҳ гардиш мекард, ва аз болои бом занеро дид, ки шустушӯй мекунад; ва ин зан бағоят хушлиқо буд.
  3. Ва Довуд фиристод, ки дар бораи ин зан пурсуҷӯй кунанд; ва ба ӯ гуфтанд: «Вай, охир, Батшобаъ бинти Алиом, завҷаи Уриёи ҳиттӣ мебошад».
  4. Ва Довуд қосидон фиристод, то ки варо бигиранд; ва вай назди ӯ омад, ва ӯ бо вай хобид, дар сурате ки вай аз наҷосати худ пок шуда буд; ва вай ба хонаи худ баргашт.
  5. Ва ин зан ҳомила шуд, ва ба Довуд фиристода, хабар дод ва гуфт: «Ман ҳомила ҳастам».
  6. Ва Довуд назди Юоб фиристод: «Уриёи ҳиттиро назди ман бифирист». Ва Юоб Уриёро назди Довуд фиристод.
  7. Ва Уриё назди ӯ омад, ва Довуд аз саломатии Юоб ва аз саломатии қавм ва аз вазъияти ҷанг пурсид.
  8. Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Ба хонаи худ рафта, пойҳоятро бишӯй». Ва Уриё аз хонаи подшоҳ берун рафт, ва аз қафояш инъом аз суфраи подшоҳ фиристода шуд.
  9. Вале Уриё назди дари хонаи подшоҳ бо ҳамаи навкарони оғои худ хобида, ба хонаи худ нарафт.
  10. Ва ба Довуд хабар дода, гуфтанд: «Уриё ба хонаи худ нарафтааст». Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Ту, охир, аз роҳ раси-даӣ, пас чаро ба хонаи худ нарафтӣ?»
  11. Ва Уриё ба Довуд гуфт: «Сандуқ ва Исроил ва Яҳудо дар хаймаҳо сокинанд, ва оғоям Юоб ва навкарони оғоям бар рӯи саҳро ӯрду задаанд, ва ман ба хонаи худ рафта, бихӯрам ва бинӯшам ва бо зани худ бихобам? Қасам ба ҳаёти ту ва ба ҳаёти ҷони ту, ки чунин нахоҳам кард!»
  12. Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Имрӯз низ дар ин ҷо бимон, ва фардо туро хоҳам фиристод». Ва Уриё он рӯз ва фардояш дар Ерусалим монд.
  13. Ва Довуд ӯро даъват намуд, ва дар ҳузураш ӯ хӯрд ва нӯшид, ва ӯро маст гардонид; ва ҳангоми шом ӯ берун рафта, бар бистараш бо навкарони оғояш хобид, ва ба хонаи худ нарафт.
  14. Ва чун субҳ дамид, Довуд ба Юоб мактубе навишт, ва ба дасти Уриё дода фиристод.
  15. Ва дар мактуб чунин навишта буд: «Уриёро дар мавқеи ҳарбу зарби сахт бигузоред, ва аз ақибаш худро канор кашед, то ки ӯ зарба хӯрда, бимирад».
  16. Ва ҳангоме ки Юоб шаҳрро муҳосира мекард, Уриёро дар мақоме гузошт, ки медонист, ки дар он ҷанговарони далер ҳастанд.
  17. Ва мардуми шаҳр берун омада, бо Юоб ҷанг карданд, ва чанде аз қавм, аз навкарони Довуд афтоданд; ва Уриён ҳиттӣ низ мурд.
  18. Ва Юоб фиристода, ба Довуд тамоми вақоеи ҷангро хабар дод.
  19. Ва ба қосид амр фармуда, гуфт: «Вақте ки ба подшоҳ тамоми вақоеи ҷангро ҳикоят намоӣ,
  20. Ва подшоҳ хашмгин  гардида, ба ту бигӯяд:  «Чаро барои ҷанг ба шаҳр наздик шудед? Шумо магар намедо-нистед, ки аз болои ҳисор тирандозӣ мекунанд?
  21. Кист, ки Абималик ибни Ерубошатро кушт? Зане, охир, санги болоии осиёро бар ӯ аз болои ҳисор андохт, ва ӯ дар Тебес мурд. Пас, чаро шумо ба ҳисор наздик шудед?» — он гоҳ бигӯй: «Навкарат Уриёи ҳиттӣ низ мурдааст»».
  22. Ва қосид рафт, ва омада, ба Довуд ҳар чиро, ки Юоб барояш фиристода буд, хабар дод.
  23. Ва қосид ба Довуд гуфт: «Азбаски он одамон бар мо дастболо шуда, аз ақиби мо ба саҳро баромаданд, мо онҳоро то даҳани дарвоза дунболагирӣ кардем;
  24. Ва тирандозон бар навкаронат аз болои ҳисор тир андохтанд, ва  баъзе  аз   навкарони   подшоҳ  мурданд;  ва навкарат Уриёи хиттӣ низ мурд».
  25. Ва Довуд ба қосид гуфт: «Ба Юоб чунин бигӯй: «Ин ҳодиса ба назари ту бад нанамояд, зеро ки шамшер гоҳе ин тавр, ва гоҳе ба таври дигар ба ҳалокат мерасонад; ҷанги худро ба муқобили шаҳр пурзӯр карда, онро валангор бикун». Пас, ӯро далер намо».
  26. Ва зани Уриё шунид, ки шавҳараш Уриё мурдааст; ва вай барои шавҳари худ навҳагарӣ кард.
  27. Ва ҳангоме ки мӯҳлати мотами вай анҷом ёфт, Довуд фиристода, варо ба хонаи худ овард; ва вай завҷаи ӯ шуд, ва барои ӯ писаре зоид. Ва коре ки Довуд кард, ба назари Худованд бад намуд.

© IBT 1992

Реклама