Доварон боби 18

Сибти Дон бутпарастиро барқарор менамояд.

  1. ДАР он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ва дар он айём сибти Дон барои худ мулке аз баҳри маскан гирифтан меҷустанд, зеро  ки то  он  вақт ба онҳо мулке андаруни сибтҳои Исроил нарасида буд.
  2. Ва банӣ-Дон аз қабилаи худ, аз миёни тамоми ҷамоати худ, панҷ нафарро, ки мардони ҷангии далер буданд, аз Соръо ва Эштоӯл  фиристоданд,  то ки заминро ҷосусӣ ва тафтиш кунанд; ва ба онҳо гуфтанд: «Рафта, заминро таф-тиш намоед!» Ва онҳо ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо ра-сида, дар он ҷо шабро гузарониданд.
  3. Ҳангоме ки онҳо назди хонаи  Михо  буданд,  овози он ҷавони левизодаро шинохтанд, ва ба он ҷо дохил шуда, ба ӯ гуфтанд: «Кист, ки туро ба ин ҷо овардааст? Ва дар ин макон ту чӣ мекунӣ? Ва дар ин ҷо чӣ кор дорӣ?»
  4. Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Михо  ба ман чунин  ва чунин рафтор намуд, ва маро киро кард, ва ман коҳини ӯ шудаам».
  5. Ва ба ӯ гуфтанд: «Лутфан, аз Худо бипурс, то бидо-нем, ки оё роҳи мо, ки ба он меравем, бомуваффақият хоҳад буд?»
  6. Ва коҳин ба онҳо гуфт: «Ба саломатӣ биравед: роҳе ки шумо меравед, зери назари Худованд аст».
  7. Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қав-меро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расо-над, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.
  8. Ва назди бародарони худ ба Соръо ва Эштоӯл омаданд, ва бародаронашон ба онҳо гуфтанд: «Чӣ хабаре овардед?»
  9. Ва онҳо гуфтанд: «Бархезем ва бар онҳо битозем, зеро замине дидем, ки бағоят хуб аст. Вале шумо хомӯш нишаста-ед? Танбалӣ накунед, балки рафта дохил шавед ва он замин-ро тасарруф намоед.
  10. Чун биравед, назди қавми бепарвое хоҳед омад, ва он замин паҳновар аст, ва Худованд онро ба дасти шумо супур-дааст, — чунон мавзеест, ки аз ҳеҷ чизи рӯи замин камӣ на-дорад».
  11. Ва аз он ҷо аз қабилаи Дон, аз Соръо ва Эштоӯл, шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ раҳсипор шуданд.
  12. Ва баромада, дар Қирьят-Еорим, дар Яҳудо ӯрду за-данд; бинобар ин то имрӯз он маконро ӯрдугоҳи Дон мено-манд; он дар ақиби Қирьят-Еорим воқеъ аст.
  13. Ва онҳо аз он ҷо ба кӯҳи Эфроим гузашта, ба хонаи Михо расиданд,
  14. Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусӣ ба замини Лаиш рафта буданд, ба бародарони худ сухан ронда, гуфтанд: «Оё медонед, ки дар ин хонаҳо эфӯд ва трофим ва санам ва бут ҳаст? Ва акнун фаҳм намоед, ки чӣ кор бояд бикунед».
  15. Ва ба он ҷо рафта, ба хонаи ҷавони левизода, яъне ба хонаи Михо даромаданд, ва аз ӯ аҳволпурсӣ карданд.
  16. Ва он шашсад одам аз банӣ-Дон, ки асбоби ҷангӣ доштанд, дар даҳани дарвоза истода буданд.
  17. Ва он панҷ  нафар,  ки  барои  ҷосусии замин рафта буданд, баромада, ба   он   ҷо дохил   шуданд,  ва санам ва эфӯд ва трофим ва бутро гирифтанд, дар сурате ки коҳин бо он шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ дар даҳани дарвоза истода буд.
  18. Ва ҳангоме ки инҳо ба хонаи Михо дохил шуда, санам ва эфӯд ва трофим ва бутро гирифтанд, коҳин ба онҳо гуфт: «Чӣ мекунед?»
  19. Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Хомӯш шуда, дастатро бар да-ҳонат бимон, ва бо мо омада, барои мо падар ва коҳин бош. Кадомаш барои ту беҳтар аст: коҳини хонаи як шахс бошӣ, ё ки коҳини сибт ва қабилае дар Исроил бошӣ?»
  20. Ва коҳин дилшод гардид, ва эфӯд ва трофим ва са-намро гирифта, андаруни қавм дохил шуд.
  21. Ва онҳо тоб хӯрда, раҳсипор шуданд; ва кӯдакон ва чорпоён ва  бору  будро  пешопеши  худ  гузоштанд.
  22. Вақте ки онҳо аз хонаи Михо дур шуданд, мардуме ки дар хонаҳои гирду пеши хонаи Михо буданд, ҷамъ шуда, банӣ-Донро таъқиб карданд,
  23. Ва банӣ-Донро фарьёд карданд, ва инҳо рӯи худро гардонида, ба Михо гуфтанд: «Туро чӣ шудааст, ки инҳоро ҷамъ карда омадаӣ?»
  24. Ва ӯ гуфт: «Худоёни маро, ки сохтаам, бо коҳин гириф-та рафтаед. Барои ман боз чӣ чизе   боқӣ  мондааст? Пас, чӣ гуна ҷуръат намуда, мегӯед, ки «туро чӣ шудааст?»»
  25. Ва банӣ-Дон  ба ӯ гуфтанд: «Овозатро дар миёни мо баланд накун, мабодо одамони тундмизоҷ бар шумо ҳуҷум оваранд, ва ту ҷони худ ва ҷони аҳли байти худро ба ҳа-локат расонӣ».
  26. Ва банӣ-Дон ба роҳи худ рафтанд; ва чун Михо дид, ки онҳо аз ӯ пурзӯртаранд, тоб хӯрда, ба хонаи худ баргашт.
  27. Ва онҳо он чиро, ки Михо сохта буд, ва коҳинеро, ки ӯ дошт, гирифта, бар Лаиш, бар зидди қавме ки ором ва бепарво буданд, тохтутоз карданд, ва онҳоро ба дами шам-шер куштанд, ва шаҳрро оташ дода сӯзониданд.
  28. Ва касе набуд, ки раҳоӣ диҳад, зеро ки он аз Сидӯн дур буд, ва онҳо ба касе робитае надоштанд, ва он дар водие ки назди Байт-Реҳӯб аст, воқеъ буд. Ва шаҳрро бино карда, дар он маскан гирифтанд.
  29. Ва шаҳрро ба номи падари худ Дон, ки барои Исроил таваллуд шуда буд, Дон номиданд; валекин номи шаҳр ав-вал Лаиш буд.
  30. Ва банӣ-Дон он санамро барои худ барқарор карданд; ва Ехӯнотон ибни Ҷершӯн ибни Менашше, худаш ва писаро-наш, то рӯзи асир шудани аҳли ин замин коҳинони сибти Дон буданд.
  31. Ва санами Михоро, ки сохта буд, дар тамоми айёме ки хонаи Худо дар Шилӯ буд, барои худ гузоштанд.

© IBT 1992

Реклама