Доварон боби 16

Шимшӯн дар Ғазза.

  1. ВА Шимшӯн ба Ғазза рафт; ва дар он ҷо зани зиноко-реро дида, назди вай даромад.
  2. Ба аҳли Ғазза хабар расид, ки  Шимшӯн ба ин ҷо омадааст. Ва тамоми шаб давр зада гаштанд ва назди дар-возаи шаҳр ба муқобили ӯ камин гирифтанд, ва тамоми шаб хомӯшона рафтор намуда, мегуфтанд: «То субҳидам мунтазир истода, ӯро мекушем».
  3. Вале Шимшӯн то нисфи шаб хобид, ва нисфи шаб бархост, ва табақаҳои дарвозаи шаҳр ва ду паҳлудариро ги-рифта, бо   якҷоягии ғалақа барканд,  ва бар китфи  худ гузошта, бар қуллаи кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи Ҳебрӯн аст, баровард.

Шимшӯн ва Далило.

  1. Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки ӯ занеро дар во-дии наҳри Шӯреқ дӯст дошт, ва номи вай Далило буд.
  2. Ва сарварош фалиштиён назди вай омада, гуфтанд: «Ӯро фирефта намуда, бифаҳм, ки қуввати бузургаш дар чист, ва чӣ гуна мо бар ӯ метавонем ғолиб оем, то ки ӯро баста, мутеъ намоем; ва ҳар яке аз мо ба ту ҳазору сад сиқл нуқра хоҳем дод».
  3. Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Лутфан, ба ман бигӯй, ки қуввати бузурги ту дар чист, ва чӣ гуна туро баста, мутеъ кардан мумкин аст?»
  4. Шимшӯн ба вай гуфт: «Агар маро бо ҳафт зеҳи тар, ки хушк нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
  5. Ва сарварони  фалиштиён  ҳафт  зеҳи  тар,   ки хушк нашуда буд, ба вай оварданд, ва ӯро вай бо онҳо баст.
  6. Ва каминварон дар ҳуҷраи вай  нишаста буданд, ва Далило ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ зеҳҳоро барканд, чунон ки риштаи катон канда мешавад, ҳамин ки бӯи оташ  ба он бирасад. Ва манбаи қуввати ӯ ошкор нашуд.
  7. Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Инак, ту маро тамасхур карда, суханони дурӯғ гуфтӣ; акнун, лутфан, ба ман бигӯй, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?»
  8. Ӯ ба вай гуфт: «Агар маро бо танобҳои нав, ки ҳеҷ истеъмол нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
  9. Ва Далило танобҳои нав гирифта, ӯро бо онҳо баст, ва ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва каминварон дар ҳуҷраи вай нишаста буданд. Ва ӯ танобҳоро аз бозуҳои худ мисли риштае барканд.
  10. Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «То ҳол ту маро тамасхур карда, ба ман суханони дурӯғ гуфтӣ; ба ман бигӯй, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?» Ва ӯ ба вай гуфт: «Агар ҳафт гесуи сари маро бо дастгоҳи бофандагӣ бибофӣ».
  11. Вай онҳоро ба моку маҳкам баст, ва ба ӯ гуфт: «Фалиш-тиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ аз хоби худ бедор шуда, моку ва дастгоҳи бофандагиро барканд.
  12. Вай ба ӯ гуфт: «Чӣ гуна ту мегӯӣ: «Ман туро дӯст медорам», ва ҳол он ки дили ту бо ман нест? Инак, се дафъа ту маро  тамасхур  кардӣ  ва ба ман маълум нанамудӣ, ки қуввати бузурги ту дар чист».
  13. Ва азбаски вай ӯро ҳар рӯз бо суханони худ фишор дода, зиқ мекард, ӯ аз ҷони худ безор шуд,
  14. Ва ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба вай ошкор карда, гуфт: «Поку ба сари ман нарасидааст, зеро ки ман аз батни модари худ барои Худо мумтоз ҳастам; агар мӯйсарам таро-шида шавад, қувватам аз ман дур хоҳад шуд, ва ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
  15. Ва Далило дид, ки ӯ ҳар чиро, ки дар дилаш буд, ба вай маълум кард, барои хондани сарварони фалиштиён кас фиристода, гуфт: «Ҳамин дафъа биёед, ки ӯ ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба ман маълум кард». Ва сарварони фалиштиён назди вай омаданд, ва нуқраро ба дасти худ оварданд.
  16. Ва ӯро вай бар зонуҳои худ хобонид, ва касеро хонд, ва ҳафт гесуи сари ӯро тарошонид, ва ба шиканҷа кардани ӯ шурӯъ намуд, ва қувваташ аз ӯ дур шуд.
  17. Ва гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ аз хобаш бедор шуда, дар дили худ гуфт: «Мисли пеш-тара берун рафта, ба худ меоям». Вале ӯ надонист,  ки Ху-дованд аз ӯ дур шудааст.
  18. Ва фалиштиён ӯро дастгир карда, чашмонашро кан-данд, ва ӯро ба Ғазза оварда, бо занҷири дуқабатаи мисин бастанд, ва ӯ дар зиндон дастос мекард.
  19. Ва мӯйсараш, ки тарошида шуда буд, аз нав баромадан гирифт.

Мамоти Шимшӯн.

  1. Ва сарварони фалиштиён ҷамъ шуданд, то ки барои худои худ Доҷӯн қурбонии бузурге оварда, димоғчоқӣ ку-нанд, ва гуфтанд: «Худои мо душмани мо Шимшӯнро ба дасти мо таслим намуд».
  2. Ва чун қавм ӯро диданд, худои худро мадҳ карданд, зеро ки гуфтанд: «Худои мо душмани моро, ки харобкунандаи замини мо буда, бисьёреро аз мо куштааст, ба дасти мо таслим намуд».
  3. Ва чун димоғашон  чоқ  шуд,   гуфтанд:   «Шимшӯнро бихонед, то ки бозӣ карда, моро дилхуш гардонад». Ва Шим-шӯнро аз зиндон оварданд, ва ӯ онҳоро дилхуш гардонид, ва ӯро дар миёни ду сутун гузоштанд.
  4. Ва Шимшӯн ба амраде ки дасти ӯро нигоҳ медошт, гуфт: «Маро вогузор, то сутунҳоеро, ки хона бар онҳо қоим аст, ламс намоям ва бар онҳо такья кунам».
  5. Ва хона аз мардон ва занон пур буд, ва ҳамаи сарва-рони фалиштиён дар  он ҷо  буданд;  ва бар боми он тақ-рибан се ҳазор мард ва зан буданд, ки бозии  Шимшӯнро тамошо мекарданд.
  6. Ва Шимшӯн сӯи Худованд хонда, гуфт: «Худоё Худо-вандо! Лутфан, маро ба ёд овар ва фақат ҳамин дафъа тақви-ят намо, эй Худо, то ки ман якбора барои ду чашми худ аз фалиштиён интиқом гирам».
  7. Ва Шимшӯн ду сутуни миёнаро, ки хона бар онҳо қоим буд, — якеро бо дасти росташ ва дигареро бо дасти чапаш, — дар оғӯш гирифта, бар онҳо такья кард.
  8. Ва Шимшӯн гуфт: «Бигзор ҷони ман бо  фалиштиён бимирад!» Ва бо тамоми қувваташ фишор дод, ва хона бар сарварон ва бар тамоми қавме ки дар он буданд, фурӯ рафт; ва мурдагоне ки ӯ дар мамоти худ кушт, аз мурдагоне ки дар ҳаёти худ кушта буд, бештар буданд.
  9. Ва бародарони ӯ ва тамоми хонадони падари ӯ фурӯд омаданд, ва ӯро бардошта бурданд, ва дар миёни Соръо ва Эштоӯл, дар мақбараи падараш Монӯаҳ дафн карданд. Ва ӯ бист сол бар Исроил доварӣ намуд.

© IBT 1992

Реклама