Доварон боби 15

Шимшӯн аз фалиштиён интиқом мегирад; хосилоташонро ба воситаи рӯбоҳон несту нобуд мекунад.

  1. ВА баъд аз муддате, дар айёми дарави гандум, чунин воқеъ шуд, ки Шимшӯн барои дидани зани худ бо бузғолае омад ва гуфт: «Назди зани худ ба хонаи хоби вай медароям». Вале падари вай ӯро намонд, ки дарояд.
  2. Ва падари вай гуфт: «Ман гумон кардам, ки ту аз вай нафрат дорӣ, бинобар ин варо ба ёри ту додам; инак, хоҳари вай, ки аз вай хушрӯйтар аст, бигзор барои ту дар ивази вай бошад».
  3. Вале Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Ман акнун пеши фалиш-тиён аз гуноҳ фориғ хоҳам буд, агар ба онҳо бадӣ бикунам».
  4. Ва Шимшӯн рафта, сесадто рӯбоҳ қапид; ва машъалҳо гирифт, ва думро бо дум баста, якто машъалро дар миёнаи ҳар ду дум гузошт.
  5. Ва машъалҳоро даргиронида, ба киштзорҳои фалиш-тиён фиристод; ва аз хирман сар карда, то ҳосили дарав-нашуда ва то боғҳои зайтун сӯзонид.
  6. Ва фалиштиён гуфтанд: «Кист, ки ин корро кардааст?« Ва гуфтанд: «Шимшӯн, домоди  он сокини Тимно, ки зани ӯро гирифта, ба ёри ӯ дода буд». Ва фалиштиён омада, он занро бо якҷоягии падараш ба оташ сӯзониданд.
  7. Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Модоме ки шумо чунин амал кардед, яқинан аз шумо интиқом хоҳам гирифт, ва баъд аз он ором хоҳам шуд».
  8. Ва ба онҳо сар то по зарбаи сахт расонид, бисьёреро кушт, ва рафта, дар ғори сахраи Этом сокин шуд.
  9. Ва фалиштиён баромада, дар Яҳудо ӯрду заданд  ва дар Леҳӣ ҷойгир шуданд.
  10. Ва мардуми Яҳудо гуфтанд: «Барои чӣ бар зидди мо баромадаед?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Барои он ки Шимшӯнро бибандем, ва чунон ки ӯ ба мо амал кард, ончунон ба ӯ амал кунем».
  11. Ва се ҳазор нафар аз мардуми Яҳудо сӯи ғори сахраи Этом рафта, ба Шимшӯн гуфтанд: «Ту, охир, медонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмрон мебошанд; пас, ин чӣ кор аст, ки ту ба мо кардӣ?» Ба онҳо гуфт: «Чунон ки онҳо ба ман амал карданд, ончунон ман ба онҳо амал кардам».
  12. Ба ӯ гуфтанд: «Мо фурӯд омадаем, то ки туро баста, ба дасти фалиштиён бисупорем».   Шимшӯн  ба  онҳо гуфт: «Ба ман қасам ёд кунед,  ки  худатон ба ман осебе нахоҳед расонид».
  13. Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Не, мо туро фақат баста, ба дас-ти онҳо хоҳем супурд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ туро нахоҳем кушт». Ва ӯро бо ду таноби нав баста, аз сахра бароварданд.

Шимшӯн   ҳазор   нафарро   аз   душманон   мекушад.

  1. Вақте ки ӯ ба Леҳӣ расид, фалиштиён ба пешвози ӯ ғавғо бардоштанд. Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, та-нобҳое ки бар бозуҳояш буд, мисли нахҳои катон, ки дар оташ сӯхта бошад, канда гардид, ва бандҳо аз дастҳояш фу-ромад.
  2. Ва ӯ ҷоғи хари навмурдаро ёфт, ва дасти худро дароз карда, онро гирифт, ва ҳазор нафарро бо он зада, кушт.
  3. Ва Шимшӯн гуфт: «Аз ҷоғи хар тӯда-тӯда фурӯ ғалтиданд: бо ҷоғи хар ҳазор нафарро зада куштам».
  4. Ва ин суханро гуфта, ҷоғро аз дасти худ партофт, ва он маконро Ромат-Леҳӣ номид.
  5. Ва бағоят ташна монд, ва сӯи Худованд хонда, гуфт: «Ту ба дасти бандаи Худ ин наҷоти бузургро додӣ; ва ал-ҳол ман аз ташнагӣ мемирам ва ба дасти номахтунон меафтам».
  6. Ва Худо чуқуриеро, ки дар Леҳӣ буд, рахна кард, ва об аз он ҷорӣ шуд, ва ӯ нӯшида, ба худ омад, ва ҷон ги-рифт; бинобар ин номаш Эйн-Ҳақӯре хонда шуд, ки он то имрӯз дар Леҳӣ воқеъ аст.
  7. Ва ӯ бар Исроил дар айёми фалиштиён бист сол доварӣ намуд.

© IBT 1992

Реклама