Такрори Шариат боби 34

Рӯъёи Мусо ва фавти ӯ.

  1. ВА Мусо аз саҳрои Мӯоб ба кӯҳи Набӯ, бар қуллаи Фисҷа, ки дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ воқеъ аст, баромад, ва Худо-ванд тамоми заминро ба ӯ нишон дод: Ҷилъодро то Дон;
  2. Ва тамоми Нафтолӣ ва замини Эфроим ва Менашше, ва тамоми замини Яҳудоро то баҳри ғарбӣ;
  3. Ва кишвари Ҷанубро, ва майдони дараи Ериҳӯро, ки шаҳри хурмозор аст, то Сӯар.
  4. Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ин аст замине ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, гуфтаам: «Ба насли ту онро хоҳам дод». Ман ба ту имконият додам, ки онро бо чашмони худ бубинӣ, валекин ба он ҷо убур нахоҳӣ кард».
  5. Ва Мусо, бандаи Худованд, дар он ҷо, дар замини Мӯоб, бар тибқи амри Худованд мурд.
  6. Ва ӯ дар замини Мӯоб, дар рӯ ба рӯи Байт-Фаӯр, дар дара дафн карда шуд; ва касе ҷои қабри ӯро то имрӯз намедонад.
  7. Ва Мусо дар вақти мурданаш саду бистсола буд; чаш-маш хира нашуда буд, ва қувваташ кам намонда буд.
  8. Ва банӣ-Исроил дар саҳрои Мӯоб сӣ рӯз барои Мусо мо-там гирифтанд; ва рӯзҳои навҳаи мотами Мусо ба анҷом расид.

Ҷонишини ӯ Еҳушаъ ибни Нун.

  1. Ва Еҳушаъ ибни Нун аз рӯҳи ҳикмат пур шуд, чунки Мусо дастҳои худро бар ӯ гузошта буд; ва банӣ-Исроил ба ӯ итоат намуданд, ва бар тибқи он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.
  2. Ва набие мисли Мусо дар Исроил дигар ба майдон наомадааст, ки ӯро Худованд рӯ ба рӯ мешинохт, —
  3. Дар бобати тамоми аломот ва мӯъҷизоте ки Худованд ӯро ба замини Миср фиристод, то ки онҳоро бар фиръавн ва бар ҳамаи бандагони вай ва бар тамоми замини вай ба амал оварад;
  4. Ва дар бобати тамоми дасти қавӣ, ва дар бобати тамоми аҷоиботи бузурге ки Мусо пеши назари тамоми Исроил ба амал овард.

© IBT 1992

Реклама