Такрори Шариат боби 33

Баракати сибтҳои Исроил.

  1. ВА ин аст баракате ки Мусо, марди Худо, пеш аз фавти худ бо он банӣ-Исроилро баракат дод,
  2. Ва гуфт: «Худованд аз Сино омад, ва аз Сеир бар онҳо тулӯъ кард, аз кӯҳи Форон зоҳир шуд, ва аз миёни беварҳои муқаддасон падид омад; аз ямини Ӯ оташи шариат барои онҳо фурӯзон буд.
  3. Ба яқин Ту қавмҳоро дӯст медорӣ; ҳамаи муқаддасонашон дар дасти Ту ҳастанд, ва онҳо назди қадамгоҳи Ту ӯрду заданд, ва суханони Туро қабул карданд, —
  4. Шариатеро, ки Мусо ба мо амр фармуд, то ки он барои ҷамоати Яъқуб мерос бошад.
  5. Ва Ӯ бар Ешурун подшоҳ буд, вақте ки сардорони қавм бо якҷоягии сибтҳои Исроил ҷамъ шуданд.
  6. Бигзор Реубен зинда бошад ва намирад, ва одамонаш камшумор набошанд».
  7. Ва ин аст дар бораи Яҳудо; ва ӯ гуфт: «Худовандо, овози Яҳудоро бишнав, ва назди қавмаш варо бирасон; бигзор дастҳояш варо ҳимоят кунад, ва Ту ба зидди душманони вай мададгор бош».
  8. Ва дар бораи Левӣ гуфт: «Туммим ва урими Ту бар марди порсои Туст, ки варо Ту дар Массо имтиҳон кардаӣ, ва бо вай назди обҳои Мерибо низоъ намудаӣ;
  9. Вай дар бораи падар ва модари худ мегӯяд: «Ман онҳоро надидаам», ва бародарони худро намешиносад, ва писарони худро намедонад; зеро ки онҳо каломи Туро риоя мекунанд, ва аҳди Туро ба ҷо меоваранд,
  10. Дастуроти Туро ба Яъқуб таълим медиҳанд, ва шариати Туро ба Исроил; дар ҳузури Ту бухур мегузоранд,ва қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи ту.
  11. Худовандо, қуввати варо баракат бидеҳ, ва ба амали дастҳои вай таваҷҷӯҳ намо; камари мухолифони варо бишкан, то  ки бадхоҳони  вай  натавонанд  бихезанд».
  12. Дар бораи Биньёмин гуфт: «Ин маҳбуби Худованд дар паноҳи Ӯ дар амният умр ба сар мебарад; тамоми рӯз Ӯ варо пущтибонӣ намуда, дар миёни китфҳои вай сокин мешавад».
  13. Ва дар бораи Юсуф гуфт: «Бигзор  замини  вай  аз  ҷониби Худованд  бобаракот бошад, аз неъмати осмон, аз шабнам, ва аз вартае ки дар таҳти замин воқеъ аст,
  14. Ва аз неъмати маҳсулоти офтоб, ва аз неъмати набототи моҳ,
  15. Ва аз навбарҳои гузини кӯҳҳои қадим, ва аз неъмати талҳои ҷовидонӣ,
  16. Ва аз неъмати замин ва ҳар чи дар он аст, ва аз ҳусни таваҷҷӯҳи Сокини хорбутта. Бигзор ин баракат бар сари Юсуф ояд, ва бар фарқи сари он ки аз миёни бародарони худ соҳибафсар буд.
  17. Наргови нахустзодаи вай шавкати вай аст, ва шохҳои он мисли шохҳои бузи ваҳшии дарозшох аст; бо онҳо қавмҳоро якҷоя то ақсои замин шох мезанад; ва инҳоянд беварҳои Эфроим, ва инҳоянд ҳазорҳои Менашше».
  18. Ва дар бораи Забулун гуфт: «Эй Забулун, дар берун омадани худ шодӣ кун, ва ту, эй Иссокор, — дар хаймаҳои худ.
  19. Онҳо қавмҳоро ба кӯҳ даъват менамоянд, дар он ҷо қурбониҳои ҳаққонӣ тақдим мекунанд; зеро ки аз сарвати баҳрҳо истифода мебаранд, ва аз ганҷҳое ки дар рег ниҳон аст».
  20. Ва дар бораи Ҷод гуфт: «Муборак аст Он ки «Ҷодро вусъат додааст; вай мисли шер сокин аст, ва бозу ва фарқи сарро медарронад.
  21. Вай қитъаи беҳтаринро барои худ ихтиёр намудааст, ки дар он ҷо ҳиссаи Қонунгузор мавҷуд аст; ва бо сардорони қавм омада, адолати Худованд ва дастуроти Ӯро бо Исроил ба амал меоварад».
  22. Ва дар бораи Дон гуфт: «Дон шери ҷавон аст, ки аз Бошон ҷастухез мекунад».
  23. Ва дар бораи Нафтолӣ гуфт: «Ту, эй Нафтолӣ, аз таваҷҷӯҳи Худованд сер шав, ва аз баракати Ӯ пур бош; ғарб ва ҷанубро тасарруф намо».
  24. Ва дар бораи Ошер гуфт: «Аз писарон Ошер бобаракот аст, дар миёни бародарони худ маҳбуб мешавад, ва пои худро дар равған меғӯтонад.
  25. Аз оҳан ва мис бандубасти туст, ва некӯаҳволии ту тамоми умри ту давом мекунад.
  26. Худо мисл надорад, эй Ешурун! Ӯ, ки осмонсавор  аст,  дар  кибриёи  Худ  бар  абрҳо нишаста, ба мадади ту мешитобад.
  27. Худои азалӣ паноҳгоҳ аст, ва дар поён то абад ҳимоятгар аст; ва душманро аз пеши ту бадар меронад, ва мегӯяд: «Маҳв намо!»
  28. Ва Исроил дар амният сокин мешавад, манбаи Яъқуб — ба танҳоӣ, дар замине ки ғалла ва шираи ангураш фаровон аст, ва аз осмонаш шабнам меборад.
  29. Хушо ту, эй Исроил! Кист монанди ту, эй қавме ки наҷотбаҳши ту Худованд аст, ки Ӯ сипари нигаҳбони ту ва шамшери ҷалоли туст! Ва душманонат ба ту тамаллуқ мегӯянд, ва  ту  баландиҳои   онҳоро   поймол  мекунӣ».

© IBT 1992

Реклама