Такрори Шариат боби 31

Мусо ба коҳинон, левизодагон ва Еҳушаъ ибни Нун дастуроти охирин медиҳад.

  1. ВА Мусо рафта, ин суханонро ба тамоми банӣ-Исроил баён кард,
  2. Ва ба онҳо гуфт: «Ман имрӯз саду бистсола шудаам, дигар ёрои баромадан ва даромадан надорам, ва Худованд ба ман гуфтааст: „Ту аз ин Ӯрдун убур нахоҳӣ кард».
  3. Худованд Худоят Худаш   пешопеши  ту убур хоҳад намуд, Худаш ин халқҳоро аз пеши ту маҳв хоҳад кард, то ки ту онҳоро зердаст намоӣ; Еҳушаъ пешопеши ту убур хо-ҳад намуд, чунон ки Худованд гуфтааст.
  4. Ва Худованд ба онҳо ончунон амал хоҳад кард, чунон ки ба Сиҳӯн ва Ӯҷ, подшоҳони амӯриён, ва ба замини онҳо амал карда, онҳоро маҳв намуд.
  5. Ва Худованд онҳоро ба   дасти шумо  хоҳад супурд, ва шумо ба онҳо мувофиқи тамоми аҳкоме ки ман ба шумо амр фармудаам, амал намоед.
  6. Қавӣ ва далер бошед, аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки Худованд Худоят Худаш бо ту меравад; Ӯаз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард».
  7. Ва Мусо Еҳушаъро хонда, пеши назари тамоми Ис-роил ба вай гуфт: «Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту бо ин қавм ба замине ки Худованд ба падаронашон қасам хӯрдааст, ки ба онҳо бидиҳад, дохил хоҳӣ шуд, ва ту онро ба онҳо ҳам-чун мулк тақсим хоҳӣ кард.
  8. Ва Худованд Худаш пешопеши ту меравад, Ӯ бо ту хоҳад буд, аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард; натарс ва ҳаросон нашав».
  9. Ва Мусо ин шариатро навишт, ва онро ба коҳинони банӣ-Левӣ, ки сандуқи аҳди Худовандро мебардоштанд, ва ба пирони Исроил дод.
  10. Ва Мусо ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Дар соли ҳафтум, дар вақти соли муоф, дар иди хаймаҳо,
  11. Ҳангоме ки тамоми Исроил биёянд, то ки ба ҳузури Худованд Худои ту дар маконе ки Ӯ баргузинад, ҳозир ша-ванд, ин шариатро пеши тамоми Исроил хонда, ба самъи онҳо бирасон.
  12. Қавмро— мардон ва занон ва кӯдакон, ва ғарибонеро, ки дар шаҳрҳои ту мебошанд, — ҷамъ кун, то ки бишна-ванд ва таълим гиранд ва аз Худованд Худои шумо битар-санд, ва ҳамаи суханони ин шариатро риоя намуда, ба амал оваранд.
  13. Ва писарони онҳо, ки инро намедонанд, бишнаванд ва таълим гиранд, то ки аз Худованд Худои шумо битарсанд, дар тамоми айёме ки шумо дар замине ки барои тасарруф кардани он аз Ӯрдун убур менамоед, умр ба сар хоҳед бурд». Дастуроти Худованд ба Мусо ва Еҳушаъ ибни Нун.
  14. Ва Худованд ба  Мусо  гуфт:   «Инак, айёми мурдани ту наздик аст; Еҳушаъро бихон,  ва дар хаймаи ҷомеъ ҳо-зир шавед, то ки ба вай дастурот диҳам». Ва Мусо ва Еҳушаъ рафта, дар хаймаи ҷомеъ ҳозир шуданд.
  15. Ва Худованд андаруни сутуни абр дар хайма зоҳир шуд; ва сутуни абр бар дари хайма истод.
  16. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин қавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни  онҳо  мераванд,   зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бас-таам, хоҳанд шикаст;
  17. Ва ғазаби Ман бар онҳо дар он рӯз аланга зада, онҳоро тарк хоҳам кард, ва рӯи Худро аз онҳо пинҳон хоҳам дошт, ва онҳо талаф хоҳанд шуд, ва бадиҳо ва кулфатҳои зиёде ба сари онҳо хоҳад омад; ва дар он рӯз онҳо хоҳанд гуфт: «Азбаски Худои мо дар миёни мо нест, ин бадиҳо ба сари мо омадааст».
  18. Вале Ман рӯи Худро дар он рӯз албатта пинҳон хоҳам дошт, ба сабаби тамоми бадие ки онҳо ба амал оварданд, вақте ки ба худоёни дигар руҷӯъ карданд.
  19. Ва алҳол ин сурудро барои худ бинависед, ва ту онро ба банӣ-Исроил таълим дода, дар даҳонашон бимон, то ки ин суруд барои Ман шаҳодате бар банӣ-Исроил бошад,
  20. Зеро ки Ман онҳоро, чунон ки ба падаронашон қасам хӯрдаам, ба замине дохил мекунам, ки шир ва асал дар он ҷорист, ва онҳо хӯрда, сер ва  фарбеҳ хоҳанд шуд, ва ба худоёни дигар руҷӯъ намуда, онҳоро ибодат хоҳанд кард, ва Маро ба хашм оварда, аҳди Маро хоҳанд шикаст.
  21. Ва ҳангоме ки бадиҳо ва кулфатҳои зиёд ба сари онҳо биёяд, ин суруд мисли шаҳодате бар онҳо гувоҳӣ хоҳад дод, зеро ки он аз даҳони насли онҳо фаромӯш нахоҳад шуд; чунки Ман иштиёқи онҳо, ва он чиро, ки онҳо имрӯз меку-нанд, медонам, пеш аз он ки онҳоро ба замине ки дар бораи он қасам хӯрдаам, дохил кунам».
  22. Ва Мусо ин сурудро дар он рӯз навишт, ва онро ба банӣ-Исроил таълим дод.
  23. Ва Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун амр фармуда, гуфт: «Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту банӣ-Исроилро ба замине ки дар бораи он ба онҳо қасам хӯрдаам, дохил хоҳӣ кард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
  24. Ва ҳангоме ки Мусо навиштани суханони ин шариат-ро дар китоб комилан ба анҷом расонид,
  25. Мусо ба левизодагоне ки сандуқи аҳди Худовандро мебардоштанд, амр фармуда, гуфт:
  26. «Ин китоби шариатро бигиред, ва онро дар паҳлуи сандуқи аҳди Худованд Худои худ бимонед, то ки он дар он ҷо шаҳодате бар ту бошад.
  27. Зеро ки ман балвогарӣ ва гарданкашии туро медонам; инак, имрӯз, ки ман ҳанӯз бо шумо зинда ҳастам, шумо ба Худованд балво мебардоштед; алалхусус баъд аз мурдани ман!
  28. Ҳамаи пирони сибтҳои худ ва нозирони худро назди ман ҷамъ кунед, то ки ин суханонро ба самъи онҳо бирасонам, ва осмону заминро бар онҳо барои шоҳидӣ даъват намоям.
  29. Зеро медонам, ки шумо, баъд аз мурдани ман тамоман фосид гардида, аз роҳе ки ба шумо амр фармудаам, дур хоҳед шуд, ва дар охири айём бадӣ бар шумо хоҳад омад, зеро ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал хоҳед овард, то ки Ӯро бо аъмоли дасти худ ба хашм оваред».
  30. Ва Мусо суханони ин сурудро, то ба охири онҳо, ба самъи тамоми ҷамоати Исроил ба забон ронд:

© IBT 1992

Реклама