Такрори Шариат боби 30

Мусо ба тавбакунандагон эҳсон ваъда медиҳад.

  1. «ВА ҳангоме ки ҳамаи ин суханон, яъне баракат ва лаънате ки ба ту пешниҳод намудам, ба сари ту ояд, ва ту онҳоро дар миёни ҳамаи халқҳое ки туро Худованд Худоят ба он ҷо пароканда созад, дар дили худ ҷой диҳӣ,
  2. Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоӣ, ва ту ҳам-роҳи фарзандонат, мувофиқи ҳар он чи ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ба овози Ӯ гӯш андозӣ, —
  3. Он гоҳ Худованд Худоят асирони туро хоҳад баргар-донид, ва ба ту раҳм хоҳад намуд, ва аз нав туро аз миёниҳамаи қавмҳое ки Худованд Худоят туро ба он ҷо пароканда созад, ҷамъ хоҳад кард.
  4. Ҳатто агар парокандагии ту то ақсои осмон бошад, аз он ҷо туро Худованд Худоят ҷамъ хоҳад кард ва аз он ҷо туро хоҳад гирифт,
  5. Ва туро Худованд Худоят ба замине ки падаронат та-сарруф карда буданд, хоҳад  овард,  ва ту онро тасарруф хоҳӣ кард, ва Ӯ ба ту марҳамат намуда,   туро   бештар   аз падаронат афзун хоҳад гардонид.
  6. Ва Худованд Худоят дили ту ва дили насли туро махтун хоҳад кард, то ки Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст дошта, зинда бимонӣ.
  7. Ва Худованд Худоят ҳамаи ин лаънатҳоро бар сари душманон ва бадхоҳони ту, ки туро таъқиб мекарданд, хоҳад овард.
  8. Ва ту баргашта, ба овози Худованд гӯш хоҳӣ дод, ва тамоми аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал хоҳӣ овард.
  9. Ва Худованд Худоят ба ту дар ҳар амали дастат, дар меваи батнат, ва дар зоиши чорпоёнат, ва дар ҳосили зами-нат ба некӯӣ комьёбии зиёде хоҳад бахшид, зеро Худованд аз нав дар бораи ту ба некӯӣ шодӣ хоҳад кард, чунон ки дар бораи падаронат шодӣ мекард,
  10. Агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андохта, аҳком ва фароизи Ӯро, ки дар ин китоби шариат навишта шудааст, риоя намоӣ, ва агар ту бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Худованд Худои худ баргардӣ.

Огоҳии охирин.

  1. Зеро ки аҳкоме ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, барои ту дастнорас нест, ва дур нест.
  2. Он дар осмон нест, ки бигӯӣ: «Кист, ки барои мо ба осмон сууд намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?»
  3. Ва он дар он тарафи баҳр нест, ки бигӯӣ: «Кист, ки барои мо ба он тарафи баҳр убур намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?»
  4. Балки ин чиз бағоят ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дили туст, то ки онро ба амал оварӣ.
  5. Инак, ман имрӯз ба ту ҳаёт ва некӯӣ, ва мамот  ва бадиро пешниҳод кардам,
  6. Ва ман имрӯз ба ту амр  мефармоям,  ки  Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, бо роҳҳои Ӯ равона  шавӣ,  ва аҳком ва фароиз ва дастуроти Ӯро риоя намоӣ, то ки зинда монда афзун шавӣ, ва туро Худованд Худоят дар замине ки барои  тасарруф   кардани он ба он дохил мешавӣ, баракат диҳад.
  7. Валекин агар дили ту гардад, ва ту гӯш надиҳӣ, ва гумроҳ шуда, ба худоёни дигар саҷда барӣ ва онҳоро ибодат намоӣ, —
  8. Пас, имрӯз ман шуморо огоҳ мекунам, ки ҳатман талаф хоҳед шуд, ва дар замине ки аз Ӯрдун убур карда, ба он дохил мешавед, то ки онро тасарруф намоед,   умри дароз нахоҳед дид.
  9. Имрӯз осмон ва заминро ман пеши шумо ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаъ-натро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ,
  10. Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ, зеро ки Ӯ ҳаёти ту ва дарозии умри туст, то ки ту дар замине ки худованд ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки онро ба онҳо бидиҳад, сукунат намоӣ».

© IBT 1992

Реклама