Такрори Шариат боби 28

Ваъдаи баракат.

  1. «ВА агар ту ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш андозӣ, то ки тамоми аҳкоми Ӯро, ки имрӯз ман ба ту амр мефармоям, риоя намуда, ба амал оварӣ, он гоҳ Худованд Худоят туро бар ҳамаи халқҳои замин баланд хоҳад гардонид,
  2. Ва ҳамаи ин баракатҳо ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад, агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андозӣ:
  3. Дар шаҳр ту бобаракот хоҳӣ  буд ва дар   саҳро  ту бобаракот хоҳӣ буд.
  4. Меваи батни ту ва ҳосили замини ту ва самараи чорпоёни ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту бобаракот хоҳад буд.
  5. Сабади ту ва корсони ту бобаракот хоҳад буд.
  6. Ҳангоми даромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд ва ҳангоми баромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд.
  7. Худованд душманони  туро,   ки   ба   зидди ту   қиём менамоянд, пеши ту мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди ту хоҳанд омад, ва бо ҳафт роҳ аз пеши ту хоҳанд гурехт.
  8. Худованд ба ту дар анборҳоят ва дар ҳар шуғли дастат баракат хоҳад фиристод, ва туро дар замине ки Худованд ба ту медиҳад, бобаракот хоҳад кард.
  9. Худованд туро барои Худ қавми муқаддас хоҳад гардонид, чунон ки ба ту қасам хӯрдааст, агар аҳкоми Худованд Худои худро риоя намуда, бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ.
  10. Ва ҳамаи қавмҳои замин хоҳанд дид, ки исми Худованд бар ту хонда шудааст, ва аз ту хоҳанд тарсид.
  11. Ва Худованд ба ту дар меваи батнат, ва дар самараи чорпоёнат, ва дар ҳосили заминат, дар замине ки Худованд ба падаронат қасам хӯрдааст, ки ба ту бидиҳад, фаровонии зиёде хоҳад бахшид.
  12. Худованд барои ту ганҷинаи некӯи Худ, яъне осмонро воз хоҳад кард, то ки борони замини туро дар сари вақт биборонад ва ба ҳар шуғли дасти ту баракат диҳад, ва ту ба халқҳои бисьёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт.
  13. Ва Худованд туро сар хоҳад кард, на дум; ва фақат баланд хоҳӣ буд, на паст, — агар ту ба аҳкоми Худованд Худои худ, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, гӯш ан-дозӣ, ва онҳоро риоя намуда,  ба ҷо оварӣ,
  14. Ва аз ҳамаи суханоне ки ман имрӯз ба шумо амр ме-фармоям, ба тарафи рост ё чап майл накунӣ, то ки худоёни дигарро пайравӣ ва ибодат намоӣ.

Огоҳӣ аз лаънатҳо.

  1. Валекин агар ба овози Худованд Худои худ гӯш на-андозӣ, то ки тамоми аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯзба ту амр мефармоям, риоя намуда ба амал оварӣ, — он гоҳ ҳамаи ин лаънатҳо ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад:
  2. Дар шаҳр ту малъун хоҳӣ буд ва дар саҳро ту мал-ъун хоҳӣ буд.
  3. Сабади ту ва корсони ту малъун хоҳад буд.
  4. Меваи батни ту ва ҳосили замини ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту малъун хоҳад буд.
  5. Ҳангоми даромадани худ ту малъун хоҳӣ буд, ва ҳан-гоми баромадани худ ту малъун хоҳӣ буд.
  6. Худованд ба ту дар ҳар шуғли дастат,  ки ба амал меоварӣ, лаънат, изтироб   ва  мусибат  хоҳад   фиристод,  то даме ки маҳв шавӣ, ва то даме ки ба зудӣ нест шавӣ, аз боиси бадии аъмолат, аз боиси он ки Маро тарк кардаӣ.
  7. Худованд ваборо ба  ту хоҳад  часпонид, то даме ки туро аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавӣ, маҳв кунад.
  8. Худованд туро ба сил, таб, илтиҳоб, окила, хушксо-лӣ, боди самум ва ярақон гирифтор хоҳад кард; ва онҳо туро таъқиб хоҳад кард, то даме ки маҳв шавӣ.
  9. Ва осмони ту, ки болои сари туст, монанди мис хо-ҳад гардид, ва замине ки зери пои туст, — монанди оҳан.
  10. Худованд борони заминатро ғубор ва хок хоҳад гар-донид, ва он аз осмон бар ту фурӯд хоҳад омад, то даме ки несту нобуд шавӣ.
  11. Худованд туро пеши душманонат мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди онҳо берун хоҳӣ рафт, ва бо ҳафт роҳ аз пеши онҳо хоҳӣ гурехт, ва барои ҳамаи мамлакатҳои за-мин ба даҳшате табдил хоҳӣ ёфт.
  12. Ва лошаи ту барои ҳар мурғи ҳаво ва ҳайвони замин хӯрок хоҳад шуд, ва ҳеҷ кас онҳоро нахоҳад рамонид.
  13. Худованд туро ба обилаи Миср,  захми  думбалдор, ҷараб ва хоришак гирифтор хоҳад кард, ки аз онҳо наме-тавонӣ шифо ёбӣ.
  14. Худованд туро ба девонагӣ, кӯрӣ ва карахтӣ гириф-тор хоҳад кард.
  15. Ва мисли кӯре ки дар торикӣ даст-даст карда роҳ ме-равад, ту дар нимирӯзӣ даст-дасткунон роҳ хоҳӣ рафт, ва дар роҳҳои худ муваффақият нахоҳӣ ёфт, ва тамоми айём туро ба танг хоҳанд овард  ва  тороҷ хоҳанд  кард, — ва наҷотдиҳандае нахоҳад буд.
  16. Занеро номзад хоҳӣ кард, вале марди дигаре бо вай хоҳад хобид; хонае бино хоҳӣ кард, вале дар он сокин на-хоҳӣ шуд; токзоре хоҳӣ шинонид, вале аз ангураш нахоҳӣ хӯрд.
  17. Говатро дар пеши назарат хоҳанд кушт, вале аз гӯшти он нахоҳӣ хӯрд; харатро аз пеши ту ба тороҷ хоҳанд бурд, ва он назди ту нахоҳад баргашт; гӯсфандонат ба душманони ту дода хоҳад шуд, — ва наҷотдиҳандае барои ту нахоҳад буд.
  18. Писаронат ва духтаронат ба қавми дигаре дода хоҳанд шуд, ва чашмонат инро хоҳад дид, ва тамоми айём ба раҳи онҳо чор хоҳад шуд, вале дидорашон барои ту дастрас нахо-ҳад буд.
  19. Ҳосили заминат ва тамоми меҳнататро  қавме   ки  ту намешинохтӣ, хоҳанд хӯрд; ва ту тамоми айём фақат мазлум ва ситамкаш хоҳӣ буд.
  20. Ва ту аз он чи чашмонат мебинад, девона хоҳӣ шуд.
  21. Худованд зонуҳо ва соқҳои туро ба обилаи бад гириф-тор хоҳад кард, ки аз он, аз кафи пой то фарқи сари худ, шифо нахоҳӣ ёфт.
  22. Худованд туро, ва подшоҳатро, ки бар худ   таъин менамоӣ, сӯи халқе хоҳад  бурд, ки варо ту ва падаронат намешинохтед; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ибодат хоҳӣ кард.
  23. Ва дар миёни қавмҳое ки Худованд туро ба он ҷо хоҳад бурд, ту василаи ҳайрат, масал ва тамасхур хоҳӣ гардид.
  24. Тухмии зиёде ба саҳро хоҳӣ бурд, валекин андаке ҷамъ хоҳӣ кард, зеро ки малах онро хоҳад хӯрд.
  25. Токзорҳо шинонида, парвариш хоҳӣ кард, вале шароб нахоҳӣ нӯшид ва ангур нахоҳӣ чид, зеро ки онро кирм хоҳад хӯрд.
  26. Дарахтони зайтун дар тамоми ҳудуди ту хоҳад буд, вале равған ба баданат нахоҳӣ молид, зеро ки зайтуни ту норасида хоҳад рехт.
  27. Писарон ва духтарон ба дуньё хоҳӣ овард, вале онҳо аз они ту нахоҳанд буд, зеро ки ба асирӣ хоҳанд рафт.
  28. Ҳамаи дарахтонат ва маҳсули заминатро малах нобуд хоҳад кард.
  29. Ғарибе ки дар миёни туст, бар ту торафт баланд хоҳад шуд, ва ту торафт ба паст хоҳӣ афтод.
  30. Вай ба ту қарз хоҳад дод, вале ту ба вай қарз нахоҳӣ дод; вай сар хоҳад буд, вале ту дум хоҳӣ буд.
  31. Ва ҳамаи ин  лаънатҳо  бар  ту хоҳад  омад, ва туро таъқиб намуда, ба ту хоҳад расид, то даме ки маҳв шавӣ, зеро ки ту ба овози Худованд Худои худ гӯш надодӣ, то ки аҳкому фароизи Ӯро, ки ба ту амр фармуда буд, риоя намоӣ;
  32. Ва онҳо бар ту ва бар насли ту то абад аломат ва ибрат хоҳад буд.
  33. Азбаски ту Худованд Худои худро бо шодӣ ва дил-хушӣ барои фаровонии ҳар чиз ибодат накардӣ, —
  34. Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад  фиристод,   ба  сабаби  гуруснагӣ  ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.
  35. Худованд аз дурдаст, аз ақсои замин халқеро,   ки мисли уқоб мепарад, бар ту хоҳад овард, — халқе ки забо-нашро ту нахоҳӣ фаҳмид,
  36. Халқи рӯйнатане ки поси хотири пиронро нигоҳ наме-дорад, ва ба ҷавонон раҳм намекунад;
  37. Ва самараи   чорпоёнат  ва   ҳосили   заминатро   хоҳад хӯрд,   то   даме ки хонавайрон шавӣ,  ба тавре ки ғалла, шираи ангур, равғани зайтун, зоиши говонат  ва  афзоиши гӯсфандонатро  барои ту боқӣ нахоҳад гузошт, то даме ки туро маҳв созад;
  38. Ва туро дар ҳамаи шаҳрҳоят муҳосира хоҳад кард, то даме ки деворҳои баланд ва мустаҳками туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, дар тамоми заминат хароб кунад; ва туро дар тамоми шаҳрҳоят, дар тамоми заминат, ки онро Худо-ванд Худоят ба ту медиҳад, муҳосира хоҳад кард.
  39. Ва ту меваи батни худро, яъне гӯшти писаронат вадухтаронатро,   ки   Худованд   Худоят   ба   ту   додааст,   дар муҳосира ва тангие ки душманат бар ту оварад, хоҳӣ хӯрд.
  40. Марди нозпарварде ки дар миёни ту ба айшу ишрат одат карда буд, чашмаш ба бародараш ва зани ҳамоғӯшаш ва бақияи фарзандонаш, ки боқӣ мемонанд, бад хоҳад шуд,
  41. Ба тавре ки вай ба ҳеҷ яке аз онҳо аз гӯшти фарзан-дони худ, ки мехӯрад, нахоҳад дод, зеро дар муҳосира ва тангие ки душманат дар ҳамаи шаҳрҳоят бар ту оварад, чизе барои вай боқӣ нахоҳад монд.
  42. Зани нозпарварде ки дар миёни ту ба айшу ишрат одат карда буд, ва ба сабаби айшу ишрат ва нозпарвардагӣ ҷуръат надошт кафи пояшро ба замин монад, чашмаш ба шавҳари ҳамоғӯшаш ва писараш ва духтараш бад хоҳад шуд,
  43. Ва низ  ба ҳамроҳаке  ки  аз  миёни  пойҳояш  берун меояд, ва ба писароне ки мезояд; зеро ки вай онҳоро, ба са-баби камии ҳар чиз, дар муҳосира ва тангие ки душманат дар шаҳрҳои ту бар ту оварад, ба таври пинҳонӣ хоҳад хӯрд.
  44. Агар ҳамаи  суханони ин шариатро, ки дар ин китоб навишта шудааст, риоя намуда ба амал наоварӣ, ва аз ин исми арҷманд ва саҳмгин,    яъне  аз Худованд Худои худ натарсӣ, —
  45. Худованд ба ту ва ба насли ту зарбаҳои даҳшатангез хоҳад расонид, зарбаҳои азим ва давомдор, ва бемориҳои сахт ва давомдор;
  46. Ва ҳамаи дардҳои Мисрро, ки аз онҳо метарсидӣ, ба сари ту хоҳад овард, ва онҳо ба ту хоҳад часпид.
  47. Низ ҳар беморӣ ва зарбаеро, ки дар ин китоби шариат навишта нашудааст, Худованд ба сари ту хоҳад овард, то даме ки маҳв шавӣ.
  48. Ва аз шумо шумораи каме боқӣ хоҳанд монд, ва ҳол он ки шумо мисли ситорагони осмон сершумор будед; зеро ки ту ба овози Худованд Худои худ гӯш надодӣ.

Дар натиҷаи беитоатии бардавом дар рӯи замин пароканда хоҳед шуд.

  1. Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чӣ тавре ки Худо-ванд шодикунон  ба  шумо   эҳсон  намуда,   шуморо   афзун гардонида буд, ҳамон тавр Худованд шодикунон шуморо несту нобуд хоҳад кард, ва шумо аз замине ки барои тасар-руф кардани он ба он дохил мешавед, ронда хоҳед шуд.
  2. Ва Худованд туро дар  миёни ҳамаи  қавмҳо,  аз як канори  замин то  канори  дигари  замин,  пароканда  хоҳад кард; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ва онҳоро ту ва падаронат намешинохтед, ибодат хоҳӣ кард.
  3. Ва дар миёни он халқҳо ту фароғат нахоҳӣ ёфт, ва барои кафи поят оромӣ нахоҳад буд, ва дар он ҷо Худо-ванд ба ту дили беқарор ва чашмони чор ва ҷони пурозор хоҳад дод.
  4. Ва ҳаёти ту пеши назари ту ба мӯе овезон хоҳад буд, ва ту рӯзонаю шабона ҳаросон  шуда, ба ҳаёти  худ дил-пурӣ нахоҳӣ дошт.
  5. Субҳгоҳон хоҳӣ гуфт: «Кошки шом мебуд!», ва шом-гоҳон хоҳӣ гуфт: «Кошки субҳ мебуд!» — ба сабаби тарси дили худ, ки туро фаро хоҳад гирифт, ва ба сабаби рӯъёи чашмони худ, ки ту хоҳӣ дид.
  6. Ва туро Худованд дар киштиҳо бо роҳе ки дар бо-раи он ба ту гуфта будам: «Дигар ҳаргиз нахоҳед дид», ба Миср хоҳад баргардонид; ва шумо дар он ҷо худро ба душманони худ барои ғуломӣ ва канизӣ хоҳед фурӯхт, вале харидоре нахоҳад буд».

© IBT 1992

Реклама